Дуршер
Дуршер — (номи пешина Мудехарв[1], дар гуфтори мардум Мдехарв) яке аз деҳоти зебоманзари минтақаи Ванҷи Боло буда, шомили Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин деҳа калонтарин ва сернуфузтарин аз деҳоти ин ҷамоат буда, дар канори рости дарёи Ванҷоб воқеъ гаштааст.
Деҳа | |||
Дуршер | |||
|
|||
Кишвар | Тоҷикистон | ||
Вилоят | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | ||
ноҳия | Ванҷ | ||
Ҷамоат | Деҳоти Рованд | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | тан | ||
Миллият | тоҷикон | ||
Эътиқодот | мусулмонон | ||
Пешшумораи телефон | +992 |
Аз ҷониби марказ бо деҳаи Ширговад, аз тарафи боло бо деҳаи Старғ ҳамҷавор буда, аз ҷониби муқобил, аз он сӯи дарё деҳаҳои Вишхарваку Ғӯмас воқеъ гаштаанд. Аз маркази ноҳия то деҳа тақрибан 40 км, аз маркази вилоят 210 км ва аз пойтахти кишвар 545 км фосила аст. Дар замони шӯравӣ ин деҳаро бо номи як маҳаллааш Дуршер тағйири ном намуда, баъди фурӯпошии он номи аслияш барқарор гардидааст.
Деҳаи Мудехарв аз ду қисмат: Мудехарви Ибар (ё Ибари Даргов) ва Мудехарви Убар (ё Убари Даргов) иборат буда, ин ду қисматро мавзеи фарохи Сели Мансуро, ки аз байнаш маҷрои даргови деҳа мегузарад, ҳамчун ду деҳаи мустақил ҷудо намудааст, ҳар кадоме раиси хешро дошта, дар китоби ҷамоат бо номҳои «Мудехарви 1» ва «Мудехарви 2» сабтином гаштаанд. Мудехарви Ибар тахминан беш аз 35, Мудехарви Убар анқариби 100 хонавода ва дар умум то 1000 нафар нуфус дорад. Мардумаш ҳама тоҷик, пайрави мазҳаби ҳанафии дини ислом буда, бо лаҳҷаи дарвозии (ванҷии) забони тоҷикӣ муошират мекунанд. Мудехарв аз ҷиҳати нуфусу қаламрав калонтарин деҳаи Ҷамоати деҳоти Рованд мебошад.
Таърих
вироишСухане чанд дар баёни маънии ҷойномҳои деҳа Бошандагони тоҷикзабони имрӯзаи Ванҷ баъдҳо дар ин диёр сокин шудаанд. Пеш дар Ванҷ мардуми дигаре мезистаанд, ки олимон аз онҳо «мардуми қадимиванҷӣ» ва аз гӯишашон «забони қадимиванҷӣ» ёд мекунанд. Он мардум тоифае монанди халқиятҳои имрӯза (язгуломӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ ва ғ.) буда, забонашон ба забони язгуломӣ бештар шабоҳат доштааст. Онҳо ба сабабе Ванҷро тарк намуда, номи деҳу мавзеоти водиро ба ёдгор гузоштаанд. Онҳо тоифаи шарқииронӣ ва забонашон ба оилаи забонҳои шарқииронӣ мансуб будааст, ки ҳоло матрук аст. Аз ин рӯ, маънии ҷойномҳо барои мардуми имрӯза норӯшан мондаанд. Олимони забоншинос (асосан, шарқшиносони рус) дар ин маврид пажӯҳишоте анҷом додаанд, аммо касе аз онон таҳқиқоти дақиқ дар ин бобат анҷом надодааст.
Таҳқиқи таърихӣ ва забонии диёр тақозои пажӯҳиши аниқу дақиқ дошта, инро бояд фарде аз аҳли илми диёр ба анҷом расонад. Пажӯҳишгарони ғайр он чиро ташреҳ додаанд, ки он барои аҳли диёр бешарҳ возеҳ аст. Фарҳангҳо маънии «ванҷ»-ро гуногун шарҳ додаанд. «Ванҷ» аз ду қисмат — «ван» ва «ҷ» (пасванди маконсоз) таркиб ёфтааст, «Фарҳанги Нафисӣ» «ван»-ро гирифташуда аз забони санскрит ба маънии чӯбу ҷангал, беша ташреҳ додааст. «Бурҳони қотеъ» низ онро «ба ҳиндӣ беша ва ҷангали пурдарахт» гуфтааст. Дар «Мӯъҷам-ул-булдон» омадааст: «Ванҷ муарраби вана. Рустое аст, аз Насаф. Дар лаҳҷа ва гӯиши мозанӣ: венҷ — нимахушку ниматар — дарахт ё чӯби нимахушк». Мозанӣ гӯише аз забонҳои шарқииронӣ ҳамчун забони қадимиванҷӣ аст… Номи деҳу маҳаллу мавзеъҳои он мисли соири ҷойномҳои диёри Ванҷзамин аз забони қадимиванҷӣ ва мардуми пешин боқӣ мондаанд. «Мудехарв» аз ду қисмат — «мде» ва «харв» таркиб ёфтааст. Вожаи «мде» дар топонимияи маҳал кам ба назар мерасад, вале «харв» зиёд дучор меояд. (Масалан, Техарв, Рохарв, Бичхарв, Пшихарв, Вишхарв, Пошхарв, Висхарв, Штхарв). «Мад, муд»-ро дар фарҳангҳо ("Бурҳони қотеъ, «Фарҳанги форсии Амид», «Нозим-ул-атбоъ») «тор; сим, пул»; «рӯзи шашум аз ҳар моҳи хуршедӣ» маънидод кардаанд. «Мадд» — «кашиш», «кашидагӣ»-и арабӣ набояд ба ин марбут бошад. Дар Фарҳанги форсии Муин онро бар зами ин «боло баромадани оби дарё бар асари ҷозибаи моҳу хуршед» маънидод гардидааст. «Мде»-и таркиби «мдеҳарв» дар забонҳои шарқииронӣ бо тағйири андаки шаклӣ маънои миёна, мобайнро дорад.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон деҳае ба унвони «Миденхор» (дар гӯиши маҳал «Miðenẋor» мавҷуд аст, ки маънои он «миёншаҳр», «шаҳр ё деҳаи миёна», яъне дар миёнаҷо ҷойгирифта мебошад. Ин деҳа дар миёнаҷо ва маркази ин ҷамоат маҳсуб мешавад. Дар «Вожаномаи озод» дар шарҳи «харв» омадааст: «Шарқитарин сарзамине аст, ки зери омоҷи (нишон, нишона, ҳадаф) ашъаи (шуоҳо, равшаниҳо) хуршед қарор мегирад ва ё сарзамине, ки нури хуршед саҳаргоҳон ибтидо он ҷоро рӯшан менамудааст ва ин нишон аз гавд (ҷое, ки деворҳояш баланд ва он дар таҳ бошад) будани он минтақа низ мебошад. Итлоқи (шарҳи) ин калима дар асл ба шарқитарин сарзаминҳо гуфта мешудааст».
Харв бо Ховар (машриқ, ҷои баромадани офтоб) ҳамреша аст. Вожаи қадимии «шарв — рӯд, дарё» шабоҳат ба «харв» дорад. Вале бархе аз ин деҳоти харвдор камобу бедарёча — даргованд. Масалан, Мудехарв ва дар муқобили он Вишхарвак деҳоти камобу бедаргованд. Деҳоте, ки дар таркиби ном"харв" доранд, дар самти офтоббаро воқеъанд ва аз ин ҷиҳат, маъонии номашон рабт ба офтобу офтобароӣ дорад. Ҳамчунин, берун аз ҳудуди водӣ дар соири манотиқи зисти мардуми иронитабор маскану мавозеъ бо «харв» дучор меоянд. Масалан, дар Дарвоз Висхарв, Пошхарв, Ушхарв, дар Дарбанд дарае бо номи «Муҷехарв» маъруф аст. Ё дар Ирон ба дарҷи Деҳхудо дар Луғатномаи маъруфаш «Харв деҳе аст, аз деҳистони беруни бахши ҳавмаи (атроф, ҳаволӣ) шаҳристони Фирдавс… Ин деҳ кӯҳистонӣ ва гармсер аст. Об аз қанот (корез)…» (Аз «Фарҳанги ҷуғрофиёи Ирон», ҷ.9); «Харв деҳе аст, аз деҳистони такоби бахши Риваши шаҳристони Кошмар… Кӯҳистонӣ, мӯътадил, об аз чашма…» (Аз «Фарҳанги ҷуғрофиёи Ирон», ҷ.9). Мутобиқ ба далоили фавқ «мдеҳарв» маънии «деҳаи миёна, ё деҳаи дар миёна ҷо гирифта»-ро дорад. Ин метавонад ба мавқеи ҷуғрофии деҳа марбут бошад. Дуршер — номи маҳаллаи деҳа, ки замоне бо он унвонаш карда буданд, аз «дур» ва «шер» таркиб ёфтааст. Дар забонҳои шарқииронӣ «дир», «дар», дур" (ðir, ðar, ður) маънои «поён», поёнӣ"-ро дошта, «шер» — шакли қадимаи «шаҳр» аст. Шаҳр дар забонҳои шарқииронӣ ва форсиимиёна маънои «ҷои зисти одамон», «шаҳр», «кишварро» ифода мекард. Бо такя ба ин, «Дуршер» — поёншаҳр, яъне маҳаллаи поёнӣ маънидод мешавад. Дар деҳоти дигар маҳаллоте муродиф бо Дуршер мисли Тагшер, Першер, Брешер ва муқобилмаънои онҳо Торшер (яъне шаҳр ё маҳаллаи боло, болошаҳр) мавҷуданд. Маҳаллаи Сагбист дар боло ва Дуршер дар поёни он воқеъ аст ва дар замонҳои пеш Рав ҳамчун маҳалли зист набуда, аз замини кишту ҷангалу мевазор иборат буд. Маҳаллаи дигари деҳа Сагбист ном дорад ва мардум аз рӯи «саг»-и таркибаш дар мавриди он тавзеҳоти гуногун доранд. Сагбист ба насли аввали мирони Ванҷ рабт дошта, ақрабо ва ё ходимони онҳо дар ин ҷо мезистаанд. Ин маҳалла қароргоҳ ва ҷои фароғати мирон буда, дар ин ҷо сагони шикории миронро мепарваридаанд. Мирон ҳангоми фароғату дилхушӣ бо ин сагон шикор мекардаанд ва ба ривояти мардум шумори сагон бистто будааст, аз ин ҷиҳат «сагбист» ном гирифтааст. Аммо ин назар қобиди эътимод набуда, эҳтимолан маънои «сагбист» — «саг ист», яъне ҷои зисти сагон мебошад. Маҳалле бо чунин ном дар муқобил, дар деҳаи Ғӯмаст воқеъ аст. Дигаре аз маҳаллоти деҳа Рав ном дорад. Чунин ҷойномҳо дар Ванҷ зиёданд ва бо шаклҳои «рав» (Рав номи деҳа, маҳалла, мавзеъҳо), Равгада (деҳа), Равод (мавзеъ), «равн» (Баравн (деҳа), Аравн (маҳалла) ва «ро» (Рохарв, Рованд (деҳаҳо) дучор меояд. «Рав» дар забонҳои помирӣ маънои баландӣ, теппаро дорад. Вале деҳу мавозеъ бо ин унвон дар Ванҷ баръакси ин маъно дар ҳамвориҷойҳо воқеъанд. «Рав» ё «равга» ҷои кишту алафу дарахтзор мебошад, ки аз маҳалли зист дуртар воқеъ буда, макони нисбатан ҳамвортар аст. Маънои номи Скосм — баландҷойтарин маҳаллаи деҳа рабт бо «баландӣ» дорад. «Уск», «вск» дар забонҳои ғарбииронӣ маънои баландиро дошта, дар ҷойномҳо аз забони қадимиванҷӣ вомонда, дар забони язгуломӣ роиҷ аст. Ба ин маънӣ дар муқобили деҳаи Роғ деҳаи Ускроғ, яъне «роғи баланд» ё «роғи боло» воқеъ гардидааст, ки "Роғ"маънои марғзори воқеъ дар доманаи кӯҳро дорад. Таркиби Таргеда — дигар маҳаллаи деҳа, аз «тар» ва «геда» иборат аст, ки дар забонҳи шарқиронӣ, ки гӯиши мардуми пешини ванҷӣ мансуб ба онҳо буд, «тар» бозмонда аз «tir»-и шарқииронӣ ба маънои баланд, боло аст ва «геда», «гада», «гата» маънои «ҷо», «маҳал»-ро дошт, ки дар лаҳҷаи ванҷӣ ба «га», «го» табдил шудааст. «Кад», «гад», « кат» ба маънои хона, маҳалли зист, шаҳр аст. «Кад»- и ванҷӣ — хона, ҳуҷра (дару гад, каду кндора) аз он аст. Пас, Таргеда маънои «маҳал ё ҷои боло ё тор»-ро дорад. Дар даврони пеш заминҳои ин маҳалла шибар будаанд ва баъдтар бо кандани ҷӯйбори таргедаӣ, ҳамчун ҷӯи заҳбур ин маҳалла барои зист боб гаштааст. Аз ин рӯ, маънои номи ин маҳалро «маҳали тар» низ таъбир мекунанд. «Пер», «бер», «бир» маънии паст ва пастиро дорад. Перва дигар маҳалли деҳа, ки аз «пер» — поён, пастӣ ва «ва» — пасванди ишора ба сӯву самт таркиб ёфтааст, маънои маҳаллаи поён, макони дар пастӣ воқеъгаштаро дорад. «Тагва»-ро, ки номи маҳаллоту мавзеот дар деҳоти Ванҷ аст, метавон муродифи «Перва» шумурд. Номи аҷиби маҳаллаи дигари деҳа «Аргинго» аз «аргин» ва «го» иборат буда, «го» ҳамон «гоҳ», «гаҳ», яъне ҷой, макон аст. Маънои Ду, дигаре аз маҳаллоти Мудехарв, «деҳ», «деҳа» мебошад. Ду аслан, қисмати асосӣ ё маркази масканро (деҳро) номида, дигар ақсоми онро амсоли Сари Ду (оғоз ё саргаҳи деҳ), Пуни Ду (поён ё анҷоми деҳ) ном мениҳоданд. Аксари мавзеоти деҳа низ мисли маҳаллот номҳои асил ва қадимии хешро нигоҳ доштаанд. Деҳа аз мавзеи маъруфи Ғавеҷ оғоз мегирад. «Ғав» дар забонҳои шарқииронӣ бо тағйири овоии хоси онҳо маъноӣ «алоқаи ҷинсӣ кардан»-ро дорад ва «еҷ» пасванди маконсоз аст. Маънои «ғавеҷ» — макон ё ҷои алоқаи ҷинсӣ кардан аст. Ин ном шояд ба сабаби табиати зебову ҷои сайру гашт дар миёни боғу дарахту мевазорҳо муносиб барои ишқбозӣ, маҷозан ба ин мавзеъ дода шуда бошад. Ҳамчунин, мавзеъоти ҳамранги ин ном Адеҷ ё Ядеҷ дар ҳамҷавории он (мансуб ба деҳаи Ширговад) ва Галабнеҷ мавҷуданд. «Яд, ят» — омадан буда «ядеҷ» — омадгоҳ, ҷои ҷамъшуданро дорад. «Бнеҷ» — гум шудан, «галабнеҷ» — ҷои гум шудани гала мебошад. Ба ривояти мардум, ки онро ҳодисаи воқеӣ медонанд, ғоратгарони қирғиз зимни амалиёте байталеро аз деҳа медузданд. Баъд аз гузашти сол ҳангоми боргирӣ байтал аз паси худ галаи нараспонро ба деҳа меорад. Саҳар мардуми деҳ хеста, дар он мавзее, ки Галабнеҷ ном дорад, он галаро дида, ин мавзеъро чунин меноманд. Номҳои мавзеоти дигари деҳа Боғи лангар («лангар» пеш марқаду мазорро мегуфтанд ва дар ин мавзеъ марқаде вуҷуд дорад), Пама (ҷои паҳну ҳамвор), Ғӯлак (эҳтимолан, ба сабаби камоншаклии замини кишти он мавзеъ номида шудааст, ғӯлак — камоне, ки тираш аз санг аст), Ковдор, Заг, Адрахо, Қармандӣ, Шкнда, Майғаза, Каленҷ, Кана, Шаҳтӣ, Таскин, Хокиро, Пач, Чшмайнак, Тагпала, Шти Шо, Сеғго номҳои асили хешро то имрӯз маҳфуз доштаанд. Аҷдоди сокинини имрӯзаи деҳ дар номгузории мавзеъот ба қадре саҳми хешро гузоштаанд. Мавзеъҳои мисли Ҷангалак, Сфедоро, Ҳарҳаро, Катазмин, Грдзминак, Дроззмин, Навкан (қитъаи замини навкоркардшуда), Чорчаман, Таготаг, Манзло (қабристон), Осёбо, Қоқчакал (қитъаи замини сахту санглох), Сфедсанг, Пештоқак, Сангови Тутакро бо шеваи гуфтории хеш ном ниҳодаанд, ки барои аҳли диёр маъонии возеҳ доранд. Вуҷуди баъзе аз муассисот сабаби пайдоиши мавзеъу хурдмаҳаллаҳо гаштааст. Масаллан, мавзеъҳои Ферма, Кадои ферма дар ҳар ду ҷониби деҳа, Мактабо, Мачит пас аз вуҷуди фермаю мактабу масҷиди деҳа падид омаданд. Мавзеи дигаре Анкеро ном дорад, ки ба сабаби мавҷудияти симчӯбҳои баланди А-шакли қувваи барқ дар он ҷо ин номро гирифтааст. Назаре ба таърихчаи деҳа Ёдгориҳо далели қадимияти деҳа буда, таърихи онҳо норӯшан аст. Аҷдоди бошандагони ҳозираи деҳ аз асри XVII ин ҷониб ба ин сарзамин омадаанд ва ин ёдгориҳо ба ин мардум марбут нестанд. Чуноне ки олимони таъриху забошинос нигоштаанд, пеш дар ҳудуди Ванҷ мардуми дигаре аз қабилаҳои шарқииронӣ (монанди язгуломӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, вахонӣ) мезистаанд. Сабаби нобудшавӣ ё ҷилои ватан намудани ин мардум норӯшан аст. Онҳо ё ба сабабе Ванҷро тарк карда, ба дигар ҷо кӯчидаанд ё эҳтимолан, дар зери селҳо мондаанд ва ё аз хавфи селҳо аз ин ҷо рафтаанд, зеро ин ҳам иллати кӯчашон шудан метавонад. Инро мо дар ин замон бо чашмони сар дар воқеаи деҳаи Ғӯмаяк дидем. Деҳаи ободу зебо дар рӯзе ба тавре табдил шуд, ки пешнодидаро ҳаргиз бовар ба вуҷуди деҳа дар он ҷо намешуд. Ҳар деҳаи Ванҷ дар даҳанаи дара ҷой гирифтааст, ки ин дараҳо дар натиҷаи фуромадани сел падид омадаанд. Аз ин ҷиҳат, эҳтимолан, ин метавонад иллати тарк кардани мардум ин ҷоро бошад. Мардуми ҳозира аз саравлод ин ҷониб ҳатто шумор ва мадфани гузаштагони хешро медонанд. Вале бештари қаламрави деҳа бо ин ҳама тӯлу паҳноӣ пур аз гӯрҳои кӯҳан аст. Мавзеи Ғавеҷ, Пама, Ғӯлак, қисматҳое аз Раву Шитан, Майғаза, Қармандӣ, Қади дараи Сагбист, ҳатто дар пуштаҷойҳои Мудехарви Ибар, Тагпалаи Ду, Харидоо, Шти Шо, Сеғго дар Мудехарви Убар гӯристонанд. Ба фарзи ин, деҳа дар гузашта шаҳрак ё бузургдеҳи сернуфус будааст. Дар деҳа аз солрафтагон ривояте маъруф аст, ки гӯё дар замоне деҳа бо ҳама паҳноӣ пур аз хона буда, аз Рав то Аргинго хурӯс бом ба бом парида мерафтааст. Дар маҳаллаи Ду ёдгориҳои қалъа мавҷуд аст, ки далели зистҷои калон будани деҳа дар гузашта аст. Қалъаҳо дар гузашта биноҳои маъмурӣ ва истеҳкомҳои ҳимоятӣ маҳсуб шуда, умури идорӣ аз он ҷо содир мешуд ва омирон бо аҳлу аёлашон дар дохили онҳо мезистанд. Аз ин бармеояд, ки деҳа ба андозае бузург будааст, ки маъмурият доштааст. Аз ин хотир, маҳаллаи Ду, ки маънои деҳро дорад, маркази маъмурии деҳа будааст. Дар маҳаллаи Харидоо дар зери замин дегдони қадимӣ пайдо карда буданд, ки он нишонае аз деҳаи зери хоку санги селоварда мондаи пеш мебошад. Агар дар он ҷо кофтукобҳо анҷом дода шавад, хонаву дигар иншооти сокинони пешин пайдо хоҳанд шуд. Мардуми имрӯзаи Ванҷ аксаран аз куҷо омадани сарнаслашонро тахминан медонанд. Бештари мардуми Ванҷ аҳли Даҳбеди Самарқанд будаанд. Дар асри XVII дар аҳди Аштархониён (Ҷониён) дар Даҳбеди Самарқанд мардум алайҳи хон исён мекунанд ва аз пахши шӯриш бештар фирорӣ ва бадастафтодагонро қатл карда, Даҳбедро ба оташ мекашанд. Қисмати бештари фирориён ба кӯҳистони Афғонистон (Бадахшон, Панҷшер, Тахор, Кобул) гурехта, қисмати дигар дар кӯҳистони Тоҷикистон имрӯза паноҳанда мешаванд. Онҳо дар водии Қаротегин, кӯҳистони минтақаи Кӯлоб ҷой гирифта, баъзе дуртар, ба қаламрави Дарвоз мегузаранд. Теъдоди башумори онҳо дар Ванҷ сокин мешаванд. Дар ибтидо дар Ванҷ хонаводаҳо дар деҳот тор-тор будаанд ва баъдан бо фаромадани теъдоди зиёди хонаводаҳо аз водии Вахё Ванҷ пуродам мешавад. Мардуми имрӯза ислом ва мазҳаби ҳанафияро ба водӣ бо худ овардаанд. Дар замони мактабхонии мо, дар охири солҳои 80-и асри XX санглоху бутазорони мавзеи Памаро канда, замини корам карданд ва бештари қисмати он гӯристон буд. Аз зери бели булдозер устухонҳои одамӣ боло мехестанд. Дар дохили баъзе гӯрҳои санги сарпӯшашон беҷошуда, устухонҳо ду одам ё калону кӯдак хобида буд. Нисбат ба қабрҳои ҳозира чуқуртар буданд. Мавзеи Дашти Вишхарвакро низ дар он замон аз сангзору (қрмбзор) хору ахманзор ба заминҳои кишт табдил доданд ва ин мавзеъ низ пур аз гӯрҳои кӯҳан буд. Бо устухонҳои гуногуни одамӣ теъдоди зиёде аз ашёи рӯзгори гилини қадимӣ аз зери хок бурун оварданд. Худи гӯрҳо ба ҷониби қиблаи мусулмонӣ канда набуданд. Дар як қабр ду касро (зану шавҳар ё модару кӯдак) гӯрондан, дар қабрҳо ашёи рӯзгор мисли косаву кӯза гузоштан, сари майитро ба ғайри қибла ниҳодан аз русуми исломӣ нест ва аз ин ҷиҳат, онҳо пайрави оини дигар будаанд. Нахустомадагон ба деҳа аҷдоди мардуми Сагбисту Скосм мебошанд. Пештар омадани кадоме норӯшан аст. Сагбист макони хидматии мир будааст. Эҳтимолан, дар он ҷо аспу сагони шикории ӯро мепарваридаанд. Саканаи ин ҷо ё хешу ақрабо ва ё ходимони мир будаанд. Сарнасли авлоди Скосм Лшкарша (Лашкаршоҳ) ном дошта, тибқи ривояти наберагон бо наздиконаш аввалан дар Жорф қарор мегиранд. Пас яке дар он ҷо монда, яке ё чанде дигар ба дараи Висхарв мераванд. Лшкарша ба Ванҷ омада, зимни ҳамалоти ғоратгаронаи қирғиз қорнамоӣ нишон медиҳад ва мир барои подош ба ӯ ҳаққи интихоби ҷои зист медиҳад. Ӯ аз поён то ба болои водӣ саёҳат намуда, мавзеи Скосмро ихтиёр мекунад. Дар он замон аз хавфи селу тарма дар заминҳои ҳамвор хона насохта, дар ҷои баланду бехатар манзил мекардаанд. Ба ин сабаб, нахустомадагон дар Сагбисту Скосм — ду маҳаллаи баланду сарнишеби деҳа сукунат гузидаанд. Пас аз ин ду маҳалла мардуми Ду ва Дуршер ба деҳа омадаанд. Ба ривоёти маъруфи мардумӣ дар деҳа чор хона, яке дар Сагбист, дар Скосм ва Дуву Дуршер мавҷуд будааст. Дар он замон хонаҳои бузург бо номи «катахона» сохта, ҳама хонавода бо ҳайвоноташон дар онҳо мезистаанд. Дар дӯконҳо оилаҳо, дар кунҷе чаллаи мурғон, дар гӯшае молу гов, қисмате аз он ахтахона (аспхона) буда, дар байнаш дегдон ва дар рости он дар сақф равзан доштанд. Баъдан, насли Скосм зиёд шуда, дар маҳаллаҳои Аргинго, Харидоо, Перва ва Рав сокин мешаванд. Аз насли Ду шохае ба Торваи Мурғутга кӯч баста, баъдтар афроде дар Беҷгаваи Ширговад муқим мешаванд. Маҳаллаҳои Дуршери Тагу Тор ва Шитан аз ҳисоби мардуми пешу навомада шакл мегиранд. Баъди барқароршавии ҳукумати шӯравӣ амлокдории Ванҷ дар соли 1920 ба тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Бухоро табдил дода шуд. Дар солҳои 1925 −1926 қаламрави Ванҷ ба тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиёлистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд. Дар солҳои 1926—1930 волости Ванҷ шомили Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ буд. Аз соли 1930 то 1933 боз дар ҳайати ноҳияи Қалъаихумб таҳти тобеияти бевоситаи Ҷумҳурии Сосиёлистии Тоҷикистон буд. Дар таърихи 29 маи соли 1933 бо қарори Президуми Кумитаи иҷрояи марказии Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сосиёлистии Тоҷикистон таҳти № 46 Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурии ноҳия дар тобеияти ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тибқи қарори мақоми фавқуззикр дар таърихи 11 августи соли 1937 таҳти № 43 ноҳияи Ванҷ ба ҳайати Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ гузаронида шуд. 5 ноябри соли 1954 ҷамоати Яргулом, ки сокинонашро ба ноҳияи Куйбишеви вилояти Қурғонтеппа муҳоҷир карда буданд, ба ҷамоати Водхуд ҳамроҳ карда шуд. Қисме аз онҳо талаф ва қисме баргашта, дар 5 сентябри соли 1956 ҷамоати Язгуломро аз нав ба расмият дароварданд. Дар 18.06.1956 деҳаи Пшихарви деҳшӯрои Вишхарви Қалаихумбро ба деҳшӯрои Водхуди Ванҷ ҳамроҳ карданд. Бо фармони Президуми Олии ҶШС Тоҷикистон дар 04.01.1963 ҳудуди ноҳияҳои Рӯшону Қалаихумбро ба Ванҷ ҳамроҳ карданд. Тибқи фармони ҳамон мақом дар таърихи 06.01.1965 Рӯшону Қалаихумбро аз Ванҷ ҷудо намуда, ҳамчун ноҳияҳои мустақил ба ҳайати ВМКБ дохил намуданд. Коммунистон низоми идоракунӣ ва хоҷагидории пешинро барҳам дода, шакли идора ва хоҷагидории хешро барқарор карданд. Барои амалӣ кардани ин ходимони маъмурӣ, маданӣ ва заминдорони аҳди пешро нобуд сохтанд. Заминҳоро умумӣ карда, шаклҳои нави хоҷагидорӣ — колхозӣ ва совҳозиро таъсис доданд. Соли 1933 дар деҳа колхози ба номи Куйбишевро созмон доданд ва раисаш Беги Чилла, ҷонишинаш Гулмаҳмади Одина (таргедаӣ) буданд. Пас аз Беги Чилла раёсати колхоз ба Сангов Хаскаш расид. Баъд аз ӯ Абдулло Назаров аз соли 1941 то соли 1953 раиси колхоз буд. Дар соли 1945 Мудехарвро бо Ғӯмаст якҷо карда, колхози ба номи Кагановичро таъсис доданд. Дар соли 1953 деҳаи Ровандро ба Мудехарву Ғӯмаст якҷо намуда, колхози «XX съезди партия»-ро ташкил карданд. Раиси он Сандӯқ Чингизов ва муовинаш Абдулло Назаров буданд. Соли 1964 совхози «Федченко» таъсис ёфт. Соли 1964 колхози Лоҳутӣ, ки деҳоти аз Вудоб то Садвадгро дар бар мегирифт, ба совхози «Федченко» ҳамроҳ карда шуд. Дар соли 1986 деҳоти аз Вудобу Равгада поён то деҳаи Бунай ҷудо карда шуда, совхози «Россия» таъсис дода шуд. Соли 1992 «Федченко»-ро ба ду совхоз «Федченко» ва «Ҷорӯбкашов» қисмат карданд. Дар соли 1997 совхозҳо барҳам дода шуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шуданд ва деҳа шомили хоҷагии деҳқонии ба номи Идрис Нӯъмонов гардид. Мардум ба кори колхоз ҷалб карда шуданд. Мардуми меҳнаткаши деҳа бо меҳнати содиқона дар ноҳия аз ҷумлаи пешсафон буданд. Роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғро мардум бо меҳнати даст кор карда бароварданд ва ба дастаҳои калхозӣ қитъаҳои роҳро барои баровардан дар мӯҳлати муайн медоданд. Дастаҳои корӣ барои пешсафӣ ва касби мукофот сабқат мекарданд, дастаи деҳа қитъаи худро пеш аз мӯҳлат ва дигарон бароварда, соҳиби «Байрақи сурхи меҳнат» гардида буданд. Ин дар он замон шарафи бузурге барои мардум ва обрӯю эътибор маҳсуб мешуд. Ин байрақ то ҳол дар хонаи Абдуллоев Исмат маҳфуз аст. Зану марди деҳа дар корҳои ҷамъиятӣ барои ободонии диёру деҳа ба заҳмат меҳнат мекарданд. Кишоварзӣ ва чорводорӣ шуғли асосии аҳл деҳа гардид. Бо истифода аз техникаи муосир заминҳои корамро зиёд карда, дар онҳо ғаладона (ҷав, ганду, боқило, нахуд, ҷуворимакка), тамоку, ришқа (юнучқа), катошка, пиёз, зардак (сабзӣ), лаблабу ва дар баъзе заминҳо тарбузаву ҳандалак мекориданд. Хонаводаҳо барои истифодаи худ дар обчакориҳояшон сабзавот ва тамоку мекоштанд. Аз аҳли деҳа Абдуллоев Исмат аввалан муҳосиб, баъдан чандин солҳо раисии савхози «Федченко»-ро ба ӯҳда дошт. Иброҳимов Қодир, Шеров Амрихудо муҳосиб, Неҳмонов Иматбег ва Мӯъминов Саъдон дар савхоз аграном буданд. Султонов Ҳомид, Назаров Рӯстам, Ҷураев Ширинҷон, Қадамов Азамат, Ниҳмонов Исҳоқ, Қурбонова Оина, Қадамов Раҳим, Холинов Мастулло, Холинов Зғердавлат бригадирони совхозии деҳа буданд. Дар деҳа фермаҳои чорводорӣ ташкил дода шуданд. Ба назардошти пуштаҳои ҳамвору чарогоҳи дар ҳар ду ҷониби деҳа фермаҳои калони моли майда ва ҷавонагов (бакалу ғнаҷӣ — наргов ва модагови ҷавон) таъсис шуда, чорводорони деҳа Салим Султонов, Абдулкарим Қадамов ва ҳамсараш Соро Сӯҳбатуллоева, Давлат Усмонов обрӯманд гашта, Салим Султонов Қаҳрамони меҳнати сосиёлистӣ ва вакили (депутат) Шӯрои олии Итиҳоди Шӯравӣ грдид. Дар деҳа яке аз аввалинҳо дар Ванҷи Боло мактаб кушода шуда, аҳли деҳаро ба он ҷалб карданд. Дар он замон маъракаи «Маҳви бесаводӣ»-ро ба роҳ андохта буданд ва ба пиру ҷавон савод меомӯхтанд. Дар ибтидо муаллимон намерасиданд ва аз ҳисоби талабагони фаъолу босавод муаллим мегирифтанд. Баъдан, насли ҷавон соҳибмаълумот гашта, аввалин муаллимони касбӣ баъди таълим дар макотиби муаллимтайёркунӣ ба мактаби деҳа баргаштанд. Аввалин муаллимони соҳибихтисоси деҳа Сурх Муҳаммадиев (нахустин роҳбари маорифи ноҳия), Қадамов Акрам, Қадамов Акбар, Назаров Қурбон, Абдуллоев Мулло, Раҳматуллоев Убайдулло ва баъд аз онҳо Сурхов Аҳмад, Суманова Ҳалима, Нӯъмонов Идрис, Шоев Карим буданд. Дар деҳа нуқтаи хидматрасонии тиббӣ ташкил шуд, ки солҳои тӯлонӣ Обид Мӯъминов дар хидмати мардуми диёр буд. Идораи почта — нуқтаи алоқа (раисаш Рӯстамов Хуррам), китобхона (мудираш Додихудоева Лоҷувар), хонаи фарҳанг (клуб — мудираш Султонов Мавзуд), мағозаи фурӯши мол дар маҳаллаи Перва ташкил ва фаъол шуданд. Дар охири солҳои 80 дар маҳаллаи Рав дар хонаи Қадамов Азамат мағозаи дигар кушода шуд. Дар байни деҳа бинои анбори совхозӣ сохта шуд ва бо барҳам хӯрдани низоми совхозӣ истифода бурда нашуд. Дар наздикии анбор ҳаммом сохта шуд, вале бо шикасти низоми шӯравӣ дар мавриди баҳрабарӣ қарор нагирифт. Сохтмони пули мошингузар аз болои Ванҷоб дар байни Мудехарву Дашти Вишхарвакро оғоз карданд. Бо талошу меҳнати зиёд сархезҳои онро сохтанд, вале ба сабаби тарҳи муҳандисии нодуруст дарё якеро вожгун ва дигарро зери сангу рег намуд. Сохтмони он то соли 2012 мавқуф гузошта шуд. Дар замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳои ҷанги шаҳрвандӣ деҳа аз хисороти он барканор намонд. Шамсуддинов Шӯҳрат (писари Шамсуддинов Наҷмон) қурбонии хунрезиҳои он гардида, чандин ҳамдеҳагон овораю бехуномон шуданд. Дар замони гуруснагиҳои солҳои 90 маҳсулоти кишоварзию меваҷот машаққатро бар мардум сабуктар гардонд. Низоми хоҷагидории совзхозӣ барҳам хӯрда, замин ба мардум тақсим карда шуд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуд. Нахуст бо фарогирии ҳудуди заминҳои деҳаҳои Мудехарв, Старғ ва Ғӯмас таҳти роҳбарии Холинов Мастулло хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуд. Баъдан, Ғӯмас аз он ҷудо гашта, хаҷагии деҳқонии «Идрис» (ба шарафи Нӯъмонов Идрис ходими давлатӣ ва соҳаи маориф) таҳти роҳбарии Шоев Раззоқ таъсис дода шуд. Бозмондаҳои пешина Бархе ёдгориҳои пешмондаи деҳа далолат ба тамаддунҳои дигар ва қадимияти он мекунанд. Ҳамон гӯру гӯристонҳое, ки пештар дар бобашон гуфтем, шаҳодат аз замони қаблазисломӣ медиҳанд. Мардуми пешина ба оину бовариҳои пешини иронӣ мӯътақид буда, баъдан исломро пазируфтаанд ва бархе аз хурофоти бовариҳои адёни қадимиро маҳфуз дошта буданд. Дар деҳоти Ванҷ ҷо ва ашёе мисли мазору гузаргоҳҳо, дарахту сангҳо мавҷуданд, ки то имрӯз ҳам аз ҷониби бархе тақдис карда мешаванд. Дар деҳа чандин мазору мазорчаҳо мавҷуд буд ва мардуми солрафта ҳифзашон карда, дар бораашон ривоёту хурофоте дошта, муқаддасашон мешумурданд. Дар солҳои навади асри гузашта баъд аз озод гаштани дин дар ҷомеа афроде аз насли нав даст ба нобуд кардани онҳо ҳамчун, алоимӣ хурофӣ заданд. Дарахтони муқаддасро бурида, сангҳои мазорро ба дарёи пуроби тобистонӣ андохтанд. Мардум, хусусан, насли солманд муқобилати сахт нишон доданд. Тадриҷан, мардум хурофоту ширкиёт будани ин бовариҳоро дарк карда, аз онҳо фаромӯш карданд. Дар деҳа, асосан, дар пуштаҷойҳо чанд марқади ба гуфти мардум «азизону бузургони Худо» мавҷуданд. Парастиш ва тақдиси (муқаддас донистан) қабру марқадҳо аз динҳои пеш аст, ки тавассути бархе аз силку мазоҳиб дар миёни мусалмонон паҳн гаштааст. Дар замони шӯравӣ мардуми диёр ба зиёрати марқадҳо барои ҳоҷатталабиҳо мерафтанд. Яке аз ин марқадҳо дар мавзеи Мазор буд, ки ҳоло ҳам мавҷуд буда, аз он Хоҷаи Абдолон ном мебаранд. Мазор мавзеи кӯҳие дар байни дараҳои Булӯлхоку Скосмӣ, ҷои паҳну ҳамвор аст, ки дар байни ҳамворӣ марқад ҷой гирифта, дар гузашта заминҳои ин ҷоро ғалла мекоштаанд. Ба гуфти мардум дар ин қабр яке аз авлиёи Худо хобидааст. Шахсият, замони зист ва корномаи ӯ номаълум аст. Ӯро валии (валӣ — ҷамъи авлиё) бузург шумурда, барои кушоиши кор, пеш аз ба мактаби олӣ рафтан, пеш аз сафари дур, барои фарзанду шавҳарталабию дигар ҳоҷот ба зиёраташ мерафтанд. Зоирон (зиёраткунандагон) дар санги сари қабр баъд аз талаби ҳоҷат нон ё пул гузошта, бармегаштанд. Бархе мегуфтанд, ки аввалан бояд аз пеши ин валӣ гузашта, баъдан ба Пойимазор мебояд рафт. Дигар марқадҳои авлиё дар мавзеи Марқад, болотар аз мавзеи Хамби Тӯшаҳр, дар поёни Девлохи Минадара, Шоимардон мавҷуданд, вале марқади Хоҷаи Абдолонро бартар мешумурданд. Дигар марқад бо номи Хоҷаи Муродбахш дар пуштаи Старғи ҳамсоя мавҷуд аст. Пеш мардум ба ин бовариҳо сахт эътиқодманд буданд ва алъон таҳти таъсири муллоҳои насли нави деҳа аз ин бовариҳо эътиқод кандаанд. Мазори деҳаи Поймазор, ки ба қавли мардум дар он ҷо авлиёи Худо Садру Саид хобидаанд, дар замони шӯравӣ зиёратгоҳи мардуми диёр буда, ҳатто дар берун аз он ҳам овозаву эътибор дошт. Аз онҳо болотар Абдулқаҳҳори Сармаст хобидааст, ки бархе заҳмат кашидаву ба ҷои дуру баланд ба зиёрат мерафтанд. Ин авлиё пеш аз замони омадани мардуми имрӯзаи Ванҷ гузаштаанд. Аз ин рӯ, барои ин мардум маҷҳул мондаанд. Ба ривояти мардум онҳо аз Маккаву Мадина барои таблиғи ислом ба ин сарзаминҳо омада, имомзодаву вализодагонанд. Ба эҳтимоли бузург онҳо доиёни (даъватгар) фирқаи исмоилия буданд, ки пас аз фишору таъқиб ба ин сарзаминҳои дуру дастнорас панаҳ бурданд. Вуҷуди панҷаи оҳанин дар рӯи марқади Поймазор далел бар ин аст. Далели дигари ин фарзия исмоилӣ гардидани дигар мардуми Бадахшон аст, ки мардуми пешини ванҷӣ халқияте мисли онҳо будаанд. Мардуми Бадахшонро доиёни фирории исмоилӣ, ки ба ин ҷо паноҳ бурда буданд, исмоилӣ карданд, ки Носири Хусрав аз бузургтарини онон буд. Ривоёти мардумӣ насаби онҳоро ба аҳли байт, ба ину он имоме нисбат медиҳанд, ки далели дигаре аз доӣ будани онҳо аст. Зеро барои касби эътимоду ҷалби таваҷҷӯҳ хешро ба авлоди набавӣ мансуб кардан як равиши кории онҳо буд. Ё аз хавф дар кӯҳу баландиҳо зиставу ба хок супурда шудаанд ё ҷасади онҳоро ба баландиҳо бурда, ба хок кардаанд. Чунки ин марқадҳо дар пуштаву мавозеи баландкӯҳ ҷой гирифтаанд. Ин марқадҳо шояд аз баъзерусҳои таҳқиқгар бошанд, ки ба сабабе мемурданду дар ҷои фавт ба хок карда мешуданд. Боварӣ ба нерӯи арвоҳ, мавҷудоти хаёлӣ ва мавзеъҳои ваҳмангез аз бовариҳои пешиниён тавасути наслҳо мунтақил гашта аст. Паноҳ бурдан ба авроҳи гузаштагону мададу ионат (ёрӣ) хостан аз эшон, асосан хоси динҳои бисёрхудоии пеш буд. Бештари эътиқодоти ба ин марбут аз зардуштия гузаштаанд. Боварӣ ба ғӯл (мавҷуди афсонавие, ки дар ҷангалзори дараҳо мезияд), одами барфӣ ё сафед (мавҷуди сафедпӯше, ки шабонгаҳ бар касе зоҳир мешуд) ва дигар «ҷку ҷндор» дар миёни мардуми деҳ вуҷуд дошт ва баъзе мавзеъҳоро макони зисти ҷину парӣ мешумурданд. Мардум аз ин мавзеъҳо, ки «бумҷога» номида мешуданд, танҳо ва шабона гаштан метарсиданд. Яке аз чунин мавзеъҳои маъруф Ғавеҷ буд, ки дар бораи он афсонаҳо бофта, баъзе одамон аз танҳо гузаштан аз ин мавзеъ дар шаб ва ҳатто бархе дар рӯз бим доштанд. Боре дар замони шӯравӣ марде аз сокинони деҳ аз Рохарв то Ширговад бо мошин дар вақти шом мерасад ва пиёда, танҳо ба сӯи хона раҳсипор мешавад. Дигар марде аз деҳ аз ӯ пештар, аз хонаи духтараш аз Ширговад хурӯсе гирифта, ӯро аз дур дида, дар миёнаҷои Ғавеҷ дар болои санги канори роҳ нишаста, мунтазир мешавад, то ҳамроҳ ба деҳа раванд. Он мард наздик шуда, садои «қғ»-и хуруси ин мардро шунида, дар ҷо меистад. Баъди лаҳзаи ҳаракат намуда, боз овози «қғ»-и хурусро шунида, аз ҳаракат мемонад ва боз наздиктар омадаву ин ҳол такрор мешавад. Марди хурусдор аз канори роҳ ба миёна баромада, худро зоҳир намуда, садо медиҳад, ки мо ин ҷо туро мунтазиру ту чанд қадам меоию дам мегирӣ… Он мард, ки худ дар ҳолати тарсе, ки зимни убур аз ин ҷо доштааст, баъд аз ин ҳафтае бистарӣ мешавад. Хушбахтона, ин бовариҳо ба таъсири равшангарони насли нав аз байн рафтаанд ва мардуми деҳ ба ин хурофот бовар надошта, мазору марқаду гузаргоҳҳо (ҷои муқаддас) моҳияташонро гум кардаанд. Дар деҳа, дар маҳаллаи Перва хонаи мирӣ — катахунаи мирӣ, ки барои истироҳату фароғати мир зимни сафар хидмат менамудааст, мавҷуд будааст ва дар ҷои бозмондаҳои он ҳоло каҳдони Боев Маҷид воқеъ аст. Дар маҳаллаи Перва ҳамчунин намунаи хонаҳои пешини дар болои ғӯлачӯбҳо сохта — брғавҷ маҳфуз аст. Нақши мондаи Қалъаи Ду аз ёдгориҳои замони пеш аст. Он низ ба мардуми ҳозира марбут набуда, аҷдодашон харобазорашро дидаву сангу чӯбашро бурда, истифода кардаанд. Дигар бозмондаҳои замони пеш чоҳҳо дар мавозеи поёну пуштаи деҳ мебошанд. Чуқурии ин чоҳҳо то 5 метр ва даврашон то 3 метр, дарунашон кушоду даҳанаашон танг буда, бо санг мудаввар девор карда шудаанд. Онҳоро тирамоҳ пур аз ҳезум карда, оташ зада, сарашонро пӯшида, дар баҳор кушода, лахчаашонро барои гудохтани оҳансанг ва сохтани олоти кишту кор истифода мебурдаанд. Онҳоро «чаи лахчасӯз» номида, дар пуштаҳои баланд ҳам вуҷуд доранд. Манораҳои сангӣ дар сари қуллаву теғаҳои кӯҳӣ, ки аз пешиниён ба ёдгор мондаанд, дар он замон ҳамчун нишонаи роҳнамо хидмат мекардаанд. Харобаҳои деворҳои хонаҳои рехта дар баъзе мавзеъҳои кӯҳӣ, ки «шавгад» (хонаи сангӣ бо болопӯши хасӣ барои шабгузаронӣ) номида мешаванд, дар он замонҳо барои шабгузаронии раҳгузару шикорчиён сохта мешудаанд. Табиат ва мавқеи ҷуғрофии деҳа Мудехарв табиати зебо дошта, аз анвои дарахту буттаву ҷангалзорҳо ғанӣ аст. Мавзеи зебоманзари Ғавеҷ дар оғози деҳа бо табиати марғубаш ба раҳгузар болидатабъию ҳаловати назар эҳдо мекунад. Ғавеҷ деҳаеро мемонад, аммо бидуни сокин аст. Қитъаҳои замин дар иҳотаи ҷангалҳои анбӯҳи гулхору ангату зелолу жужу шахег, боғҳои себу каёну тангу мурӯд, дарахтони бузургҷуссаи чормағз ва убури ҷӯйбори ширговадӣ бо оби сафеду хунук аз он мавзеъро зинат медиҳанд. Ғавеҷ аз ду қисмат, Ғавеҷи Таг ва Ғавеҷи Тор иборат буда, Дараи Ғавеҷ он дуро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз ин дара ҷӯи хурди оби ширгарм поён омада, дар замистон аз он ҳар сол тарма ва дар баҳорон баъзан сел мефарояд. Дар замони бунёди низоми колхозӣ ба иллати камзамини заминҳои мавзеи Ғавеҷи Тагро ба деҳаи Ширговад ҳамроҳ карданд. Аз ҷониби болои он мавзеи ҳамвори Пама бо қитъаҳои замини корам дар иҳотаи ҷангалзорҳо аз дарахту буттаҳо ва дарахтони бузургҷуссаву солрафтаи чормағз дар ҷавори сангтӯдаҳо веқеъ буда, дар тарафи муқобили он, аз он сӯи Дараи Ғавеҷ мавзеи зебои Боғи Лангар мавҷуд аст. Дар ин мавзеъ замини бузурги корам мавҷуд аст, ки аз канораш роҳи мошингард гузашта, дар миёни он дарахти себи бузург буда, аз ҷониби пушта бо ҷангалзори анбӯхи хору кӯрт аз тарафи дара бо дарахтзори себу чормағз иҳота шудаст, хеле манзараи зебову дилфиреб дорад. Дар замони хурдии мо дар фаслҳои гарм сайёҳу пажӯҳандаҳои ғайрия дар ин мавзеъ хайма зада, мезистанд. Мавзеи Ғавеҷро Дараи Ковдор хотима медиҳад. Ин дара дар фасли замистон бо тарма ва баъзан, баҳорон бо селҳояш мушкилоте барои аҳли деҳу мардуми минтақа пеш меорад. Мавзеи Ғӯлак баъд аз он бо замину ҷангалҳои хору буттазору чормағзораш, мавзеи поёнии деҳа Заг бо майдони фарохи мулоиму сабзупӯшаш, мавзеи Шаҳтӣ бо замину дарахтон бузургаш, болотар мавзеи Шкнда бо дарахту буттазораш ба маҳаллоти деҳа мечаспанд. Деҳаро аз боло мавзеҳои Қармандӣ бо бутазору замину сангтӯдаҳо ва Майғаза бо хорзору ҷангали каёнаш ишғол кардаанд. Мавзеи баланди Кана дар болои маҳаллаи Сагбист бо заминҳои ҳамвор дар иҳотаи бутазору дарахтони мевадор намуди деҳаро диданитар мегардонад. Баландтарин маҳаллаи Мудехарви Ибар Сагбист дар нишебӣ, аз он поёнтар Дуршери Тор низ дар ҷои нишеб, аммо дар нисбати Сагбист ҳамвортар ва Дуршери Таг дар ҳамворӣ ҷойгир шудаанд. Маҳаллаи ниҳоии ин қисмати деҳа Рав дар ҷои ҳамвору фарох воқеъ гашта, бо заминҳои кишти ҳамвору ҷангалҳои ангату хору чормағзу себу мурӯдзораш табиати беназиру дилпазире дорад. Ин зебоӣ ба рангу намуди дигар баъди он дар маҳаллаи Шитан такрор мешавад. Ин маҳалла ҳамчун Рав дар ҳамворӣ, дар канори Ванҷоб воқеъ буда, боғҳои сабзу ҳамвор, дарахту буттазор ва аз поёну боло олуболузорҳои фарох дорад. Мавзеи Сел деҳаро ду қисмат карда, дар он қабристони деҳа воқеъ аст. Аз бани он дарогови мдеҳарвӣ, ки дар баҳор хурӯшону дар дигар фаслҳо хушку хомуш аст, мегузарад. Дар поёни он, дар резишгоҳи даргови деҳа, дар соҳили Ванҷоб боғи муназзаме бунёд кардаанд, ки аз дур хеле назаррабост. Хорзору жужу синҷитзори Сел бо маҳаллаи Дуи Мудехарви Убар мепайвандад. Ду маҳаллаи поёнии ин қисмати деҳа буда, дар ҳамворӣ ҷойгир аст. Заминҳои паҳну ҳамвори камсанг дошта, сердарахту боғдор аст. Мавзеи Тагпалаи он хеле манзараи зебо ва тамошобоб дошта, бо маҳаллаи Перва мепайвандад. Перва низ дар ҷои пасту ҳаамвор ҷойгир буда, заминҳои ҳамвору анвои дархту мевазор дорад. Маҳаллаи ҳамҷавори он Аргинго ҳам дар ҷои ҳамвор воқеъ буда, аз он ба роҳ ба сӯи маҳаллаи Харидоо рӯ ба фароз меорад. Харидоо болотар аз ин маҳаллаҳо ва дар ҷои ҳамвор воқеъ аст. Маҳаллаи Таргеда ва аз он болотар Скосм дар баландӣ, дар ҷои фароз ҷойгир гаштаанд. Таргеда ва Скосм қитъаҳои замини корами ҳамвору нишеб бо иҳотаи буттазорҳо, боғу мевазорҳо дошта, болотар аз онҳо мавзеи заминдору буттазори Пач қисмати болоии деҳаро хотима медиҳад. Мавзеи Чшмайнак бо манзараи зебои чашмадораш хотимаи маҳаллоти қисмати болои Убари Даргов буда, ин манозири нотакрор дар мавзеъҳои Сфедсангу Пештоқак такрор меёбанд. Дар ин ҷониби деҳ дараи Васен воқеъ аст. Тӯли он зиёд набуда, макони ҳезуму чарогоҳҷои мардум аст. Пас аз хотимаи маҳаллаи Аргинго мавзеи Сангови Тутак ва мавзеҳои Шти Шову Сеғго воқеанд. Шти Шо ва Сеғго монанди Ғавеҷ деҳаи бемаскунеро мемонанд. Ин мавзеъҳо ба ҳам часпида буда, заминҳои калони корам дар иҳотаи дарахту буттазорҳои гулхору ангату кӯрту зелолу бушолу жужу шахег доранд. Дарахтони зиёди бузургҷуссаи чормағзу себ дорад. Ҳоло мардум ба ин мавзеъ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд ва дар ояндаи наздик онҳо ба маҳллоти деҳ табдил хоҳанд шуд. Деҳаи Мудехарв дар даҳани дараи мдеҳарвӣ ҷой гирифта, релефи гуногун дорад. Қисмате аз он дар баландӣ, қисме дар нишебӣ, ақсоме дар нимҳамворю қисматҳое аз он дар ҳамворӣ воқеъ гаштаанд. Қисмате аз заминҳояш бесангу нарм ва қисмҳое сахту санглоханд. Пуштаҳои деҳа ағлабан, бармолӣ буда, шӯхораш кам аст. Дараи мдеҳарвӣ аз сари деҳа то тӯли беш аз як километр паҳну ҳамвор буда, аз он пас се дара Дараи Скосмӣ, Дараи Мазор ва Дараи Блӯлхок тӯл мегиранд. Ин дараҳо тӯли зиёд надошта, аз байнашон дарговҳо ҷорӣ буда, ҷангалҳои калони буруж доранд. Шаршараи Мазор зеботарин манзараи кӯҳии деҳа аст, ки он оби дара аз баландии қариби бист метр аз болои шах ба поён мерезад. Аз ҷониби Ибари Даргов Сияқрмб анҷоми пушта буда, ба дараи шрговадӣ кашол меёбад ва аз тарафи Унбари Даргов ниҳояти пушта пас аз теғаи сари дараи скосмӣ мавзеи фароху ҳамвори Шоимардон ба сӯи дараи старғӣ сарозер мешавад. Мутаассифона, намуди имрӯзаи деҳа аз намои даврони хурдии мо хеле мутафовит гаштааст. Дар он замон мавозеи атрофи деҳ бо бутазорҳои анбӯҳу дарахтони мева ва соҳили дарё аз поёни деҳ аз Ширговад то Старғ бо ҷангали анбӯҳи ангату хору бед пӯшида буд. Дар хурдӣ аз коре гурехта, дар ҷангалзори Ғавеҷ, аз себҳои ширину тутшу талх, олучаҳои зарду сурху сабз, каёну амрӯту танг хӯрдаву дар заминҳои бо ҷангал муҳосирашудааш даву тоз мекардем. Касеро дар он ҷо дидану пинҳоншудаеро ҷустан, заҳмати тамоми мавзеъро гаштан мебоист кашидан. Ё дар вақти олучаю ғӯзаихорчиниҳо аз ҷониби макатаб дар Сеғго коргурезони дар гӯшае панаҳбурдаи роҳаткунандаро талабагони дигар соатҳо меҷустанд. Аммо алъон гови чарандае дар Ғавеҷ аз Ширговад ва дар Сеғго аз Старғ ҳатто менамояд. Аз бодомзори пуштаҳо ва сабзии араҳои зебо асаре нест. Калонсолон нақл менамуданд, ки кӯдаке аз паси падар рафта, дар сели назди даргов раҳгум задаву дар назди санге хобаш мебарад. Аҳли деҳ соатҳо ҷуста, яке ӯро дар бари он сангу байни ҷангал пайдо мекунад. Ҳоло аз Сагбист ё сари теғаи Скосм ҷунбандаро дар он мавзеъ метавон дид. Набототи деҳа Деҳа олами набототи ғанӣ дорад. Дар фасли тобистон деҳа аз дур сабзпӯш буда, хонаву холигиҳои он дар анбӯҳи дарахтони баланд ноаён мемонад. Бисёрӣ ва бузургандозагии дарахтони чормағз деҳаро ба чормағззор табдил додааст. Дарахти чормағз дерсабзу баландқаду бузургҷусса буда, умри тӯлонӣ дорад. Аз ин қиёс дар деҳа дарахтони бузургу кӯҳани чормағзе мавҷуданд, ки садсолаҳо умр доранд. Ин дарахтро ҳам самар ва ҳам чӯбаш хеле боарзишу муфид аст. Чормағзи Ванҷ навъи олии он юнонӣ буда, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар эътибор ёфтааст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ себ арзишманд гаштааст ва дар деҳа парвариши онро тараққӣ додаанд. Қариб, ҳар хонавода боғи себ ташкил додааст. Дар замони пеш анвои зиёди себҳои боғию биёбонӣ мавҷуд буд, вале бештари анвоъ ҳоло аз байн рафтаанд ва мардум асосан ба себҳои «фурӯшӣ» аҳамият медиҳанд. Навъҳои гуногуни себ мисли пешпазак, тахарвинҷ, шлм(у)н (шлмуни савз, шлмуни зард, қоқшлмун), ағбар, капарсев, қандсев, балнессев, бадалваҳтӣ, тршсев, талхсев, птксев, шакартуруш ва ғ. мавҷуд буда, баъзе аз ин анвоъро гум кардаанд. Дар деҳа ҷангалҳои мурӯдзори худрӯӣ мавҷуд буда, навъҳои гуногун мурӯд: тарамрӯт, ғапамрӯт, сфедамрӯт, кай(у)н (каён), нок, нашпотӣ, танг мерӯянд. Мудехарвро метавон ватани навъи нодири мурӯд каён (ба лафзи мардуми деҳ кайн, каюн) номид. Ҷангалҳои он дар мавзеъҳои Ғавеҷ, Қармандию Майғазаи Дуршер, Таскини Рав, Таргеда, Скосм, Сеғго ва теъдоди зиёди дарахтони он дар ҳамаи маҳаллоти деҳа мавҷуданд. Ҳамчунин, дигар навъи нодири биёбонии он танг зиёд буда, дар ҷангалзорони Ғавеҷ, Рав, Сеғго аз он бисёр аст. Анвои тут дар деҳа арзи вуҷуд дорад. Пеш дарахтони пиру бузургҷуссаи тут зиёд буданд, ки аз вуҷуди қадимии ин дарахт дар деҳа дарак медоданд, вале дар солҳои баъд аз пошхӯрии шӯравӣ ва қатъи интиқоли ангиштсанг ин дарахтонро бурида, ҳамчун ҳезум истифода карданд. Навъҳои хастут, рӯвчтут, тути рованӣ, шаҳтут, сиятут дар деҳа парварида мешаванд. Дар деҳа чанд навъи зардолу, шафтолу, гелос, олболу, кӯксултон, анвои рангоранги олуча арғунҷол бисёр аст. Ҷангалзорони калони олуболу мавҷуданд. Аз буттамеваҳо ахман, зелол, шахег, жуж, гулхор мебошад. Дар мавзеъ ва гӯшаҳои деҳ дарахтбутагони синҷид вомехӯранд. Дар пуштаҳои баланд бутамевае бо номи қорт мерӯяд. Аз дарахтбуттаҳо: ангат, бушол, бед, буттаҳо: кӯрт, гулхор, рӯбахор, зелол мавҷуд аст. Ҷангалҳои соҳили дарё аз ангату беду дигар буттаҳо иборатанд. Бутаҳои лиф буттаҳои зиёдро печонданд. Бед навъҳои маҷнунбед, зардбер, курбед дошта, маҷнунбед лаби ҷӯйбор ва боғчаҳоро зеб медиҳад. Курбедро ҳамчун чӯби сохтмон истифода мебаранд. Дарахтони сафедор низ зиёд буда, дар баъзе мавзеъҳо сафедорзорҳо вуҷуд дорад. Фарк низ дар деҳа зиёд вохӯрда, мардум аз он «беди врусӣ» ном мебаранд. Дар маҳаллаи Сагбисти деҳа буружзор аст. Пуштаҳои деҳ ҳам сердарахтанд. Дар замонҳои пеш пуштаҳои деҳ пур аз дарахтони бодом буданд. Дар мавсими гул пуштаҳо сафеду сурхранг шуда, хеле манзараи зеборо муҷалло мекарданд. Вале, мутаассифона, онҳоро нобуд сохтанд ва имрӯз дарахтони бодом тор-тор боқӣ мондаанд. Дар қади дараҳо ҷангалҳои анбӯҳи сафедор мавҷуд буда, дарахтони арча низ дар мавозеи пушта ба назар мерасанд. Пеш арчаҳо дар пуштаҳои деҳ ниҳоят зиёд буданд, ки онҳоро ба қадре сабз нигоҳ медоштанд. Вале онҳоро мисли дарахтони бодом бурида, ҳезум карданд. Растаниҳо дар деҳа анвои мутанаввеъ доранд. Боғу роғи деҳа бо сабза пӯшида шуда, дар чаману заминҳои деҳ савзака, себарга, ширка (бобияк, бобуна), фрзм, шилха, паран, куруш, сӯзунка (газна), печак, овзғеб (барги зуф) мерӯяд. Гулҳои лола, ғармаш, зардгулак, бунавша, ёсуман, паплағ, чойкаҳак, бойчечак чаманзоронро зеб медиҳанд. Дар шибарҷойҳо кшк (навъи қамиш) мерӯяд. Пуштаҳоро йӯғанка (юған) ғасб кардааст ва дар баландпуштаҳо зичтару бузургтар мешавад. Камол низ дар пуштаҳо зиёд рӯида, буттаҳои пӯш бармолҳои деҳро мусаххар кардаанд. Бархе бармолҷойҳо бо буттаҳои падак пӯшида шудаанд. Бармолҳои фарохи пуштаҳои баландро рустании влчак мепӯшонад, ки шилми он доруи дармонбахш маҳсуб мешавад. Дар атрофи чашмаҳои кӯҳӣ гулу рустаниҳои рангоранг монанди модел, думи рӯбоҳ, камч (пиёзи кӯҳӣ) ва дигар гулҳои зарду сафеду кабуд мерӯянд. Дар пуштаҳои Мудехарв чукрӣ (ревоҷ) зиёд рӯида, сангзорони зиёди баъзе пуштаҳо (Крачк, Лалмаи Мирзомрод, Мрдайг, Дараи Васен) макони сабзиши чукриву қамчинаку (гурзак) санглохӣ мебошанд. Дар мавозеъ ва пуштаҳо кавар (рустанӣ бо меваҳои бодирингшакли талхтаъм, ки барои доругӣ истифода мешавад) мерӯяд. Аз зироатҳо ҷав, гандум, боқило, нахуд, ҷуворимакка, лӯбиё, офтобпараст аз сабзавотҳо картошка, пиёз, зардак (сабзӣ), лаблабу карам, шалғам, каду, турб, памидор, бодиринг, мурч, тарбуз, ҳандалак мекоранд. Бехмеваҳои хӯрданбоб мнгак, клӯхч (бехмеваи ширин, дар баъзе деҳот шамантлоқ номида мешавад) дар пастӣ ва самарӯғ дар пуштаҳо худ мерӯянд. Баҳор дар бехи дарахтон, қади ҷӯйборҳо ва бармолҳои пуштаҳо мавсими сабзиши чағора (замбурӯғ) ва дили барра аст. Барои ҳайвонот заминҳоро ришқа (юнучқа) мекоранд. Олами ҳайвоноти деҳа Ба ғайр аз ҳайвоноти хонагӣ дар кӯҳу камару ҷангали деҳа хазандаву дарранда ва ҳашароту паррандагони зиёд мезияд. Аз дарандагон дар пушта ва мавзеҳои атрофи деҳа гург, хирс, рӯбоҳ, силосин, дала зиста, хирсҳо бештар дар тирамоҳ, гургҳо дар замистон дар деҳа амалиёти хисоратовар анҷом медиҳанд. Пуштаҳои Мудехарв аксаран бармоланд, аз ин ҷиҳат, нахчир (бузи кӯҳӣ) кам ба назар мерасад. Зеро нахчир ба хотири бехатарӣ шахзору кӯҳҳои душворгузарро макони зисту чаро интихоб мекунад. Дар пуштаҳои баландӣ деҳа нахчирон аҳёнан пайдо мешаванд. Аз ҳайвоноти хурди ваҳшӣ дар пуштаҳо сағ(и)р (юрмон) зиёд буда, дар мавозеи атрофи деҳ харгӯшҳо мезиянд, ки бархе аз мардони деҳ дар замистон саргарми шикори онон мешаванд. Дигаре аз бошадагони ҷангалу санглохҳо мири мушу(о)н мебошад. Ҳама намуди ҳашароти маъмул ва аз хазандагон мор, калтакалос (келаск), каждумачҳо, ҳазорпо ва ғ. дучор меоянд. Даву ҷеғи ҷавону наврасони тӯрбадаст дар шохобҳои дарёи поёни деҳа аз вуҷуди моҳӣ дар ин ҷо дарак медиҳад. Чун ҳама ҷо ҳузури зоғу акка, (ғулбук) қулоғу (қрна) гунҷишк (крҷк), майна дар деҳа дида шуда, уқобу боша, бодхураку чучабарак дар фазои деҳа бештар вақт давр мезананд. Дар сангови деҳа мурғобӣ ва баъзан лаклакҳо дида мешаванд. Пуштаҳо бошишгоҳи кабкони реза ва болопуштаҳо қаламрави зисти кабкони дарӣ мебошанд. Дар мавсими паррандахамб дар баҳор анвои гуногуни паррандагони хушхон барои наслгузорӣ ба деҳа мерезад. Садову навои онҳо табиати хуррами деҳаро рангу ҷилло медиҳад. Хусусан, шунидани хониши булбул дар ҳалқаи гулу алафзори сабзу дарахтзори баҳорӣ ҳаловати тавсифнозаир дорад. Дар ин мавсим қабл аз ҳама санговдавак пайдо шуда, баъди сабзхез булбул, заргулдор, гандумхор, чқандор, сурхсор, залич, писк, осиёбубило, ҳудҳуд (млобӯтбӯтак), бедона падид меоянд. Пеш дар деҳа майна набуд, вале солҳои охир ин парранда пайдо гаштааст. Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар деҳа Кишоварзӣ воситаи асосии таъмини ҳаёти моддӣ аз ибтидо дар деҳа ривоҷ доштааст. Ба ҷуз заминҳои ҳамвору обии деҳа дар бармолу пуштаҳо зироат мекоридаанд. Воситаи асосӣ барои шудгори ҷуфти гов ва асп буда, заминҳо нишебу ноҳамворро ба воситаи каланд кишт мекардаанд. Заминҳои кишти беоби баландиҳоро заминҳои лалмӣ меномиданд. Заминҳои деҳ дар байни хонаводаҳои маҳаллот тақсим буданд. Заминҳои лалмӣ дар Хамбои Роғак, Хамби Тӯшаҳр, Мазор, Пач, Пештоқак кишт карда мешуданд. Ғаллаи гирифтаро бо хару пуштора ба деҳ оварда, коҳи онро дар каҳдонҳои дар он ҷоҳо сохта то баҳор нигоҳ медоштанд ва дар фасли баҳор ҳангоми ба охир расидани алафи чорво ба деҳа мефароварданд. Ғалларо даравида, мехушкониданд ва пас ба хирман оварда, тал мезаданд. Аввал, галла мекарданд, ду-чор говро дар юғе баста дар болои ғарам мегардониданд, пас аз пасту ҳал гаштани онро чапар мегардониданд. Чапар — чанд дарзаи буттаҳои ба ҳам бастаро баста мегуфтанд, ки онро ба юғи говон баста, онҳоро дар болои ғарам давр мегардониданд. Пас аз ҳаллу майда гаштани дарзаҳои ғалла онро ҷамъ намуда, мунтазири бод мешуданд. Онро ҳангоми вазиши бод бо чоршох ҳаво медоданд ва ғалладона рост ба замин афтода, ба таъсири вазиши бод коҳ аз он дуртар меафтид. Ғалларо дар ҷуволҳо ва коҳро дар сабадҳои бузург — крчҳо пур карда, ба каҳдонҳо мебурданд. Мо дар кӯдакӣ мавсими ғаллакӯбиро барои чапарсавориҳо дӯст медоштем. Барои вазнинтар кардани бор мо кӯдаконро дар болои он шинонда, давр медоданд. Баъдҳо ин корҳоро бо тракторҳо иҷро мекарданд, ки мо дар канор нишаставу ба кори он наззорам мекардем. Кишоварзони кордону таҷрибадори пешини деҳа Шерамард, Ҷрӯвкаш, Ҷумъабой, Тавалло, Мазорбун, Шех, Шо, Шамсуддин, Рӯстам, Хаскаш, буда, фарзанду наберагони эшон Абдуллоев Иззатулло, Мазорбунов Зумрон, Шамсуддинов Назурдин, Ширинов Шех, Умрон ва Абдураҳмон Ризвоновҳо, Сироҷ, Исҳоқ Неҳмоновҳо, Сӯҳбутатуллоев Ҳафизулло, Султонов Ҳомид кори эшонро идома доданд. Ронандагони техникаи хоҷагии деҳот Шамсуддинов Наҷмон, Хоҷаев Калон, Шеров Вазир, Шеров Назрихудо, механизаторон Султонов Иғбол, Султонов Соқӣ, Шамсуддинов Шаҳбоз, Шамсуддинов Сарабег дар адои хидмати ҷамъиятӣ фаъолият доштанд. Қаламрави калон ва заминдори деҳа, пуштаву бармолҳои ҳамвор шароити тараққии чорводориро фароҳам месохт ва бо назардошти ин дар ҳар ду қисмати деҳа фермаҳои чорводорӣ таъсис доданд. Дар фермаҳо гӯсфанду буз ва дар давраҳое ҷавонаҳоро мепарвариданд. Дар фасли тобистон рамаҳоро ба девлохҳо — чарогоҳҳои тобистонӣ мебурданд. Дар ин шуғл чорводорони деҳа Салим Султонов, Абдулкарим Қадамов бо ҳамсарашон Соро Сӯҳбатулоева, Давлат Усмонов, Файёз Усмонов, Назурдин Шамсуддинов маҳорати касбӣ нишон дода, шоистаи тақдиру таҳсин гардиданд. Салим Султонов ҳамчун чорводори пешқадам соҳиби ордени Байрақи Сурхи Меҳнат гардид, ки ба туфайли он вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуд. Абдулкарим Қадамов бо ҳамсарашон Соро Сӯҳбатуллоева тамоми фаолияти меҳнатияшонро нисори ин пеша гардонидаанд. Дар солҳои охир бонии рамаи фермаи Ибар ба ӯҳдаи Хушвахт Давлатов ва Убар ба Усмонов Зинатшо гузошта шуд. Байторони деҳа Қадамов Азамат, Холинов Қимат, Усмонов Иззатшо, Ҷоғаров Мӯъмин ба назорати саломатӣ ва табобати ҳайвоноти давлатӣ адои пеша мекарданд Боғдорӣ Дар замони пеш самари боғу мевазорҳои деҳа барои мардум маводи муҳими озуқа буданд. Аз себ сепора (севпора — пораи себи хушконидашуда), срха (сурха — орди себи хушконидашуда), аз мурӯд амрӯтпора (мурӯдпора — пораи мурӯди хушконидашуда), аз тут мавизу тупуст (тутпуст — тути ордкардашуда), аз зардолу ғӯлинг тайёр карда, олуболу кӯксултон, оличаро хушк намуда, дар хамбанҳо (ҷои нигоҳдории озуқаворӣ) барои замистону баҳор нигоҳ дошта, масрафи рӯзгор мекарданд. Аз чормағз мағз ва равған мегирифтанд. Дар замони шӯравӣ, ки моликият давлатӣ буд, аз боғзорони навбунёди калхозӣ ва мевазорҳои табии деҳа калхозчиён тон-тонаҳо меваро чида, хушкондаву тар ба давлат месупориданд. Пас аз суқути он низом мардум боғу мевазорҳоро хароб карда, дар мавосими сард хонаҳоро гарм карданд. Дарахтони зиёди босамари бузургҷуссаро нобуд карданд. Дар муддате ба боғдорию дарахтпарварӣ бетаваҷҷӯҳ буданд. Афроде, ки ба дарахтпарварӣ шуғлу шавқ дошанд, анд тане буданд, вале пас аз қимат пайдо кардани мева баякбор боғдорон хеле зиёд шуданд. Ба ҷуз ӯ, дар Ибари Даргов Азамат, Ҳамидҷон, Дилбаршо, Аҳмадҷон Қадамовҳо, Муборакшо Иронов, Саъдулло, Холназар Абдуллоевҳо боғҳо мева бунёд кардаанд. Одина ва писари ӯ Мулло Қадам аз зумраи ниҳолпарвару пайвандгарони пеш будаанд, ки дарахтони меваи шинондаи онҳо дар Скосму Рав аз эшон ба ёдгор монда буданд. Себҳои шинонда ва пайванднамудаи Одинаро дар Скосму Рав ва тутҳои Мулло Қадамро дар Скосм мардуми калонсол дар ёд доранд. Аз фарзандони онҳо Раҳмат ва наберагонашон Ҳамидҷон ба ин кор моил буданду машғул шуданд. Рӯстам Назаров дигаре аз ниҳолпарвару боғдорони пеш буд. Хуррам Рӯстамов писари Рӯстам Назаров аз боғдорони номдори ноҳия буда, дар мавзеи Майғазаи Дуршер боғи калони меваи хешро бунёд намудааст. Ӯ аз падар боғи хурду сердарахте мерос гирифта буд ва бо писаронаш Растаму Дилшоду Шаҳриёр замини сангу хорзори нишеби болои боғро тоза намуда, анвои гуногуни дарахтони меваро шинонда, имрӯз боғи ӯ яке аз бузургтарину маъруфтарин боғҳои ноҳия аст. Ӯ коллексионер ва яке аз пайвандгарони беҳтарин буда, анвои гуногуни дарахтони меваи дар Ванҷ набударо барои озмоиш шинонда ва парвариш мекунад. Даҳ намуди мурӯд, чаҳор навъи гелос, ду навъи бодом, олуахман, ангур ва дигар анвои меваро парвариш додааст. Мададбег Ниҳмонов яке аз ашхоси маъруфи диёр, муаллими шинохта худ устоди фанни биология буда, дигаре аз боғдорони номдори деҳ аст. Ӯ дар боғаш дар маҳаллаи Ду озмоишоти илмӣ анҷом дода, боғбонони дигар аз ӯ машварат гирифта, ӯро барои пайвандкунӣ ба дигар деҳаҳо даъват мекунанд. Назрихудо Шеров дигаре аз боғдору боғбонони маъруфи деҳа буда, дар маҳаллаи Таргеда боғи мева бунёд кардааст. Назрихудо боғбони кордону таҷрибадор буда, ӯро ба деҳаҳои дигар барои пайванд кардани ниҳолҳои мева мебаранд. Дигаре аз устодони мактаб Умед Иброҳимов бо бунёди боғаш дар маҳаллаи Харидоо дигаре аз боғдрони маъруфи деҳа гардидааст. Низоми обёрӣ Заминҳои Ибари Дарговро ҷӯйборҳои канаӣ, ғавеҷакӣ, равӣ, шитанӣ, шрговадӣ аз об таъмин мекунанд. Замину мазрааи Убари Дарговро ҷӯйборрҳои скосмӣ, таргедаӣ, дуӣ, старғӣ шодоб мегардонанд. Деҳаи Мудехарв яке аз деҳоти камоби Ванҷ аст. Даргови деҳа дар фасли баҳор дар мавсими обшавии барфи кӯҳҳо калону хурӯшон шуда, барои убур аз он ҳатто пул мебанданд. Вале дар тобистон аҳли деҳа азоби камбуди об мекашад. Агар дар замистон тармаҳои се дара нафароянд, мавсими камобӣ дар деҳа тезтар фаро мерасад. Дарговҳои калону сероби Старғу Ширговад аз пушти пуштаи Мудехарв ҷорӣ мешаванд ва ба сабаби сарбастагии он обҳо ба ҷониби дараҳои ин деҳот мерезанд. Барои рафъи ин мушкил, аз об таъмин кардани қаламрави густурдаи деҳа аз Ширговаду Старғ ҷӯйи об овардаанд. Ҷӯйбори ширговадӣ аз баландии дараи Ширговад оғоз гирифта, дар роҳ заминҳои баланди Ширговади Убара, мавзеъҳоии Ғавеҷ, Ғӯлак ва маҳаллаи Рави Мудехарвро аз об таъмин мекунад. Ҷӯйбори ширговадиро мардуми Мудехарви Ибару Ширговади Убара ҳар баҳор ба тариқи ҳашар тоза менамоянд. Қисматҳои он дар Дараҳои Ғавеҷу Ковдор қариб ҳар замистон бар асари тармаву сел зарар мебинанд. Мушкили камобиро дар Мудехарви Убар ҷӯйборҳои старғӣ осон менамоянд. Аз даргови старғӣ ду ҷӯйбор оварда шудааст. Ин ҷӯйборҳо низ ҳар баҳор тоза карда мешаванд ва саргаҳи онҳо дар дараи Старғӣ баъзан дар баҳорон бар асари сел хароб мешавад. Аз дараи Ширговадӣ сел намефарояд. Ҳоло ба ҳама маҳаллоти деҳа қубури оби тоза барои истифодаи мардум кашида шудааст. Оби даргови мдеҳарвӣ кам, вале хуштамъ ва ташнагишикан аст. Баъзе деҳот дарговҳои сероб доранд, вале обашон намакину ташнакунанда (дмгир) аст. Баъд аз нӯшидани оби онҳо бадан об талаб мекунад. Ин навъи обҳо ба замин низ таъсир низ таъсир мегузорад. Хоки деҳа бомаҳсул буда, таъми меваю зироату сабзавоти он хушу лазиз аст. Ҳунармандӣ ва ҳунармандон Дар роҳ ба сӯ ва ё аз сӯи деҳа баъзан мардуми табару аррадосу тешабадасти деҳоти дигар вомехӯранд. Онҳо корафтдагон ба корга буда, дар ҳама мавсиму фасл ниёзманд ба хидматрасониҳои онанд. Мардуми деҳу деҳоти дигар дар замистон барои сохтану тез кардани табари ҳезумшикан, дар баҳор барои новаку каланд, дар тобистон барои доси баҳри алафдаравӣ ва дар тирамоҳ барои аррадос баҳри хордаравӣ зарурати ба коргаҳ омадан доранд. Оҳангарӣ дар деҳа таърихи қадимаи ҳазорсола дошта, мардумони пешин дар гудохтан ва сохтани маснуоти оҳанӣ маҳорат доштаанд. Авлоди маҳаллаи Ду аслан аз косибони даҳбедии Самарқанданд. Қисме аз эшон дар Афғонистон ва қисмате дар Балҷувон, Тавилдара, Дарвози он сӯ сокин шуда, то ҳол пешаи оҳангариро идома медиҳанд. Оҳангарони диёри Ванҷ, дар Водхуд, Язгулом, Жовуд, Инбари Даргови Рохарв бо эшон қаробати хешовандӣ доранд. Онҳо баъд аз сокин гаштанашон дар Мудехарв коргаи оҳангарӣ бунёд карда, пешаи аҷдодиро ба роҳ мондаанд. Усто Шех, Давлатшои Рабӣ аз бунёдгузорони ин ҳунару коргаҳи оҳангарӣ мебошанд. Пас аз эшон ин касб ба набераи Усто Шайх Усто Мулкамон расид. Дигаре аз оҳангарони маъруфи деҳа ва диёр Усто Собир бо писаронаш аз маҳаллаи Скосм аст. Онҳо бар зами оҳангарӣ табақу қошуқторошони моҳири Ванҷи Боло, чӯбтарошу хонасозон, осиёбсозон, юғу испортарошон мебошанд. Устоҳои хонасози деҳа Давлатшо Рабиев, Сироҷ Неҳмонов, Мулло Абдулоев буданд, ки маҳорати баланди бдеворгарӣ ва чӯбтарошӣ дошта, хонаҳои сохтаи эшо то имрӯз пойдоранду дар мавриди истифода қарор доранд. Идомадиҳандаи кори онҳоро имрӯз Зокиру Носир Давлатшоевҳо, Маҳмадёру Хуҷамиёр Ҷӯраевҳо, Маҷид Боев, Олим Ҷорӯбкашов, Зуҳур Ширинов, Беҳзод Қурбонов дар деҳа мебошанд. Дигаре аз устоҳои моҳири ҳунарманди ҳамакораи хонасоз, муаллим, инсони хубу ҳалим, ки тарки олам карданд, Ёқуб Ширинов буданд. Алъон фарзанди калонии ӯ Олим идомадиҳандаи ҳунари падар мебошад. Давлатшо Рабиев, Абдулкарим Қадамов дар коркарди чарм моҳир буда, аз чарми тайёрнамудаашон чоруқ, дастбела, пӯстин медӯхтанд. Акрам Қадамов дӯзандаи бомаҳорат буда, куртаҳои писарона ва духтарона медӯхтааст. Давлат Одинаев ғижак, дутор, фӣ (бели чӯбин) тарошида, крчу сабад мебофтааст. Содиқ Қадамов дутортарош, қафассоз ва шикорчӣ буд. Маҳалла ва мавзеъҳои деҳа Тавре ки фавқан зикр намудем, деҳаи аз ду қисмат, Ибари Даргов ва Убари Даргов (дар гӯиш мардум мухтасаран Ибару Убар мегӯянд) иборат аст. Ҳар ду бари деҳа маҳаллоту мавзеъҳои зиёди худро дошта, ҳар яке мавқеияти ҷуғрофӣ ва аз лиҳози ҷамъиятӣ вижгиҳои худро доранд. Аҳли ҳар маҳал аксаран мансуб ба наслу авлодест, ки аз пеш аҷдодашон он ҷоро маскан кардааст. Маҳаллаҳои Мудехарви Ибар аз поён ба боло: Рав, Шитан, Дуршер ва Сагбист мебошанд ва маҳаллоти Мудехарви Убар: Ду, Перва, Аргинго, Харидоо, Таргеда, Скосм мебошанд. Наими Иброҳим бо писаронаш дар мавзеи Сеғго хонатбунёд карда, зиндагӣ доранд ва он ҳоло маҳаллаи деҳ маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо дар бораи маҳаллоти деҳ аз ибтидои деҳа ба тартиби ҷойгиршавӣ маълумот хоҳем дод. Рав Рав аз ҷониби марказ маҳаллаи ниҳоии Мудехарви Ибар ё Ибари Даргов (вобаста аз ҷои қарордошт Ибар ё Убар номида мешавад) буда, дар ҳамворӣ ҷойгир аст. Бо табиати зебо, заминҳои ҳамвор дар иҳотаи ҷангалу буттазорҳо аз зеботарин маҳаллоти деҳ аст. Чормағззор, мурӯду тангу каёнзор, себу олучаву олуболузорҳо, ҷангалу бутазорҳои бисёр дорад. Рав, асосан, ҷои сукунати Қадамзодагон аст. Қадамзодагон аслан, аз насли Скосм буда, фарзандони Мулло Қадам аз сар рафтаву ҳоло наберагони ӯ бо аберагонаш зиндагӣ доранд. Мулло Вазир пешазохирин қозии Ванҷ будааст ва ба иллати танги Скосм барои зисти авлод падари Мулло Қадам Одинаро ба Рав ва иддаи дигарро бо худ ба Рохарв бурдааст. То имрӯз бархе аз мардуми деҳа аз тасхиру ба иҷбор гирифтани Рав аз мардуми Сагбист, ки пеш дар мавриди истифодаи онҳо қарор доштааст, сухан мегӯянд. Аммо ин кор тибқи қонуну қавоиди замон сурат гирифтааст. Ин дар замони қозигии Мулло Файзулло сурат гирифта, ки худ хоҳарзодаи (хварзо) сагбистиён буд. Ҳоло дар маҳаллаи Рав Қадамзодагон: Содиқ писари Акбар, Шерон писари Азамат, Ҳамидҷон писари Акрам, Дилбаршоҳ писари Раҳмат, Раҳим писари Абдулкарим, Хушвахт писари Давлат, Аҳмадҷон писари Акрам ва Мазорбунов Зумрон, Абдуллоев Холназар, Абдуллоев Саъдулло дар раъси хоҷагиҳо қарор доранд. Раиси маҳалла солҳо Раҳим Қадамов буд. Алъон, Шерон Қадамов раёсати маҳалларо ба ӯҳда дорад. Мавзеҳои маҳаллаи Рав: Ғӯлак, Заг, Шаҳтӣ, Грдзминак, Змини Мирӣ, Навкан, Балнессево, Кадои Перва, Оврав, Ағбаро, Куча, Пуни Боғ, Сари Ча, Катазмин, Ҳарҳаро, Таскин, Анкеро, Змини Қансевак, Разак, Спарсет, Хокиро, Фермоо, Шлмнои Лавоов, Таи Ҷар, Сангов. Мавзеҳои оғози деҳа: Ғавеҷ, Пама, Боғи Лангар, Ҷангалак, Ковдор мебошанд. Дуршер Дуршер (дар гуфтори мардуми деҳ «Дршер») маҳаллаи маъруфи деҳа аст, ки дар замони шӯравӣ ба ин ном меномиданд. Маҳаллаи Дуршер аз роҳи мошингарди байни деҳа то оғози пушта, қисмате дар ҳамворию қисме дар нишебӣ тӯл мекашад. Қисмати поёниву ҳамвори онро Дуршери таг ва боқиро Дуршери Тор меноманд. Ин маҳалла бо заминҳои ҳамвору нишебу боғу дарахту буттаҳору мавзеъҳои ҷангарпӯшаш табиати зебое дошта, онро ватани меваи нодир каён метавон номид. Дар мавзеъҳои Майғазаву Қармандӣ ҷангалзори анвои беҳтарини он мавҷуданд. Дар маҳаллаи Дуршер авлоди Шерамард, Сангаку Муллоёру Чилла ва Назар сукунат доранд. Дар Дуршери Таг: Далер писари Давлатбег, Мумин ва Алифбег писарони Амирбег, Абдуллобег писари Ҷоғарак, Муҳаббат писари Сайёрабег, Диловар писари Азорабег, Сайфулло писари Бег, Марҳамад писари Хаскаш ва дар Дуршери Тор: Абдулназар писари Исмат, Бахтибег писари Наҷмон, Олим писари Тоҷ, Хуррам писари Рӯстам, Беҳзод писари Қудрат, Иззатулло писари Абдулло, Зайдуло ва Ибод писарони Иззатулло сарони хонаводаҳо мебошанд. Мавзеъҳои Дуршер: Шкнда, Майғаза, Қармандӣ, Каленҷ, Змини Ҷӯр, Хирман, Манзло, Змини Ҳсайн, Змини узбак мебошанд. Сагбист Сагбист маҳаллаи баландтарини Ибари Даргов буда, дар нишебӣ ҷоқеъ гашта, табиати зебо дорад. Мисли маҳаллоти фавққуззикр дарахтони мевадору ҷангалзору буттазори бисёр дорад. Мавзеи Канаи он маҳаллае бидуни хонавода аст, заминҳои ҳамвору дарахтони бисёри мевадору буттазор дорад. Вале ба сабаби баландию бероҳагӣ ва бисёрбарфияш дар замистон дар он ҷо хона намесозанд. Чинори бузургу қадимаи Сагбист шояд аз калонтарину қадимтарин дарахтон дар Ванҷу Бадахшон бошад. Буружзори Чорчаман ба маҳалла зебу намои дидаӣ медиҳад. Сагбист аз қадимтарин маҳаллоти деҳа буда, мардум ба ин ҷо пештар аз соири маҳаллаҳо омадаанд. Имрӯз дар Сагбист авлоди Дада, Ширинаку Мазорбун, Ирону Ҷумъабой зиндагӣ доранд. Сокинони маҳалла: Раҳимбег писари Аваз, Муборакшо писари Ирон, Аббос писари Наврӯз, Муҳаббат писари Мазорбун, Амриддин писари Шех мебошанд. Дар мавзеи Таготаг, ки мутааллиқ ба Сагбист ва дар поёни он, дар ҳамворӣ ҷойгир аст, Зуҳур писари Шех, Зевар писари Савлат, Меҳрон писари Муборакшо хона сохтаанд. Мавзеъҳои маҳаллаи Сагбист: Кана, Таготаг, Чорчаман, Таи Чнор, Дара, Ҳавд мебошанд. Шитан Маҳаллаи хурдтарин ва яке аз зеботаринҳои деҳа аст. Шитан дар ҷои ҳамвори қисмати поёнии деҳа, дар канори Ванҷоб ҷойгир шудааст. Заминҳои ҳамвор, ҷангалу мевазорҳои марғуб табиати маҳалларо зебову гуворо гардоидаанд. Бузургтарин ҷангали олуболу дар деҳа, шояд дар Ванҷ дар ин маҳалла мавҷуд аст. Бар ҷуз он мурӯдзор, себу олучазор ва хору буттазорҳои зиёду анбӯҳ дорад. Пеш дар Шитан Неъматулло бо авлодаш мезистааст. Баъдан, Назурдин писари Шамсуддин аз маҳаллаи Дуршер дар ин ҷо маскун мегардад. Ҳоло Давлатиёр, Худоёр писарони Назурдин, Худоёр писари Зиёратулло дар маҳалла сукунат доранд. Ду Ду маҳаллаи поёнии Убари Даргов буда, дар ҳамворӣ воқеъ аст. Табиати зебо ва дилписанд дорад. Дарахтони баланду болои мевадори чормағзу себу мурӯду тут ва ар-ар атрофи хонаҳоро зеб медиҳад. Мавзеъҳои маҳалла, хусусан, Тагпала сердарахту хору буттазорҳои анбӯҳи ба ҷангали сангов пайваста дорад. Дар солҳои охир дар селзори холии пеш боғҳои зебои мева бунёд кардаанд, ҳудуди маҳалларо бузргтару нимудашро диданитаро кардааст. Мавзеи Таги чормағзаки Ду — ҷои таҷаммӯъ ва суҳбати мардум аст. Сокинони маҳаллаи Ду авлоди Набӣ мебошанд. Бошандагони имрӯзаи маҳалла наберагони Ниҳмон, Ризвон, Усмон, Бурҳон — писарони Набӣ мебошанд. Дар Ду: Умар писари Умрон, Сулаймон писари Бурҳон, Иззатшо, Иматшо, Зинатшо писарони Давлат, Нуриддин, Баҳриддин, Сайдалӣ писарони Файёз, Дониш писари Идрис, Табаррукшо, Баҳодур писарони Мулкамон, Хуршед, Рамазонн писарони Исҳоқ, Аминҷон писари Субҳон, Мададбег писари Сироҷ алъон сукунат доранд. Мавзеъҳои маҳалла: Фермоо, Навкан, Тагпала, Қала, Мактабо, Корга, Синҷито. Перва Маҳаллаи Перва дар ҷои пасту ҳамвор воқеъ буда, табиати марғуб дорад. Зичии аҳолӣ дар ин минтақа бештар аст. Бо вуҷуди ин, қаламрави он калон буда, мардум замини кофӣ барои истифода ва дар атрофашон буттазори хору ҷангал доранд. Заминҳои ин ҷо мулоиму бесанганд. Ҳар хонавода боғу мевазори хешро дорад. Бошандагони Перва авлоди Муҳаммадрафеъ, ки ба насли Ду ва Одина, ки бо насли Скосм пайвандӣ доранд, мебошанд. Дар ин маҳалла Раззоқ писари Торак, Ғиёс, Хизрхон писарони Карим, Насиб писари Ҳабиб, Маҷид писари Соат, Аҳмади Сурх ва баъдан аз Скосм фаромадагон Сулаймон, Фармон писарони Мӯъмин, Исмат писари Ҳафизулло, Насрулло писари Ҳабибулло, Зокир писари Собир зиндагӣ доранд. Аргинго Маҳаллаи Аргинго дар поёни Харидоову Перва ва хотимаи деҳа ба ҷониби деҳаи Старғ аст. Табиати ин маҳалла низ зебоиҳои ба худ хос дошта, аз заминҳои паҳну ҳамвору боғу дарахтон иборат гаштааст. Дар ин ҷо дархатони баланду ғафси бузург мавҷуданд, ки аз умри кӯҳан лоҳштанашон шаҳодат медиҳад. Буттазорҳои ангату хор дар дохили маҳалла кам ба назар мерасанд. Дар маҳаллаи Аргинго авлоди Сомон, ки аз насли Скосм аст, наберагони писарони ӯ: Мулло Султон, Мирзо Хуҷа ва Ҷура мезиянд. Бошандагони он ҷо: Маҳмуд, Мавзуд, Мазорӣ писарони Ҳомид, Соқӣ, Иғбол писарони Салим, Аълохуҷа, Саид писарони Гурминҷ, Юнус писари Калон, Маҳмадиёр, Амроҷон, Хуҷамиёр писарони Ширинҷон мебошанд. Харидоо Харидоо дигаре аз маҳаллаҳои хушнамои деҳа аст, ки болотар аз Перваю Аргинго ва дар ҷои ҳамвор ҷойгир аст. Чормағзҳои азимҷусса, дарахтони баланди солрафтаи каён, себу мурӯдҳо дар атрофи хонаҳои манзараи табиати маҳалларо зебо намудор мекунанд. Бошандагони маҳалла авлоди Ширин, ки аз насли Скосм аст, мебошанд. Дар маҳалла ҳоло наберагони писарони ӯ Иброҳим, Исмоил, Мӯъмин, Хотир зиндагӣ доранд. Руасои хонаводаҳои маҳалла: Акмал писари Обид, Маҳдӣ писари Исмоил, Умед, Рамиш писарони Қодир, Олим писари Ёқуб ва Ҷобир писари Давлатшо мебошанд. Таргеда Маҳаллаи Таргеда дар нишебӣ воқеъ аст. Таргеда тасвири манозири маҳҳалоти ҳамвор дар нишебӣ аст. Заминҳои кишти нишеб дар иҳотаи буттазори хору ангату шахег, дарахтони калонҷуссаи чормағз, дарахтони баланду ғафси себу каёну мурӯд ба намои он ранг мебахшанд. Буттазори лаби ҷӯйбори таргедаӣ аз дур хати сабзро мемонад, ки гӯё барои барои ҷудо кардани сарҳади маҳалла кашида шуда бошад. Мавзеи Чшмайнак ба маҳалла ҳусн меафзояд. Таргеда ҷои шутурчарои мир будааст. Хуҷаи Сагбист дар Таргеда мезистааст. Таваккали Ширговад дар Таргеда таваллуд шудааст. Сокинони Таргеда авлоди Одина аз писарони ӯ Бой, Шер ва Гул мебошанд. Дар ин маҳала: Амрихудо, Назрихудо, Асад, Самад, Мазҳаб писарони Дод, Вазир, Назир, Беназир, Алибег писарони Шукрихудо ва Аслон писари Тош бо хонаводаҳояшон зиндагӣ доранд. Скосм Скосм баландтарин маҳаллаи Убари Даргов дар муқобили Сагбисти Ибари Даргов аст. Онҳоро дара аз ҳам ҷудо карда, ҳар ду теға доранд. Теғаи Скосм баландтар ва аз он қисматҳои поёнии деҳа дар назар намоён аст. Дар сари теға дарахти чормағзест, ки ба маҳалла ташрифовардагон аз кӯтал баромадаву дар сояи он даме мегиранд. Скосм дар нишеби воқеъ аст ва ҷои хонаву ҳавлии онҳо ҳамвор аст. Дар ин ҷо сокинон дарахту боғ доранд. Дар атрофи маҳалла дарахтони чормағзу себу каёну мурӯд бисёранд. Бару болои маҳаларо ҷангалзори хору ангату шахегу кӯрту зелол тасхир кардаанд. Бошандагони Скосм аз кӯҳаномадагони деҳанд ва маҳаллоти Аргингову Харидоову Перваву Рав аз ин авлоданд. Сокинони хоҷагидори ин ҷо дар ҳоли ҳозир: Карим писар Даҳбошӣ, Қувват писари Холин, Шодмон писари Раҳмон, Усто Собир писари Давлатшо, Ризо писари Мулло, хонаводаи Убайдулло ва Файзулло писарони Раҳматулло мебошанд. Мавзеъҳои маҳалла: Осёбо, Сари теғ. Мавзеъҳои кӯҳии деҳа Пама, Ғӯлиё, Сари дараи Ғавеҷ, Ҷангалак, Зини Хар, Шахи Новк, Лалмаи Мирзомрод, Дараи Ковдор, Крачк, Зарку, Бушоло, Шавгаи Ҳазиз, Дарачоо, Кана, Роғак, Чшмаи Такя, Нови Ҳаит, Нови Шринак, Ағнак, Говсанг, Дараи Блӯлхок, Сияқрмб, Дараи Ҳавд, Девлоҳои Ҳашур, Хамби говховбар, Памбармол, Девлохи минадара, Чшмаи Одина, Нови Гесолагн, Хамби тӯшаҳр, Нови глгн, Дараи Мазор, Хамби мазор, Девлохи мазор, марқади мазор, Сияку, Дараи скосмӣ, Девлохи скосмӣ, Шоимардон, Мрдайг, Пач, Дараи Васен, Пештоқак, Сфедсанг, Бафравн. Муассисоти деҳа Имрӯз дар деҳа мактаб, нуқтаи хидматрасонии тиббӣ, китобхона, шӯъбаи алоқа, дорухона, идораи хоҷагии деҳқонӣ, масҷиди ҷомеъ, шаш мағозаи фурӯши мол, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ду коргаҳи оҳангарӣ, толори варзишӣ, майдони волейболбозӣ, стансияи пахши амвоҷи телефонии «Tcell» ва «Babilon» мавҷуданд. Дар қисмати поёнии деҳа пули калони мошингард дар байни Мудехарву Вишхарвак сохта шудааст. Мактаби № 12-и деҳа аз аввалин муассисаҳои таълимӣ дар Ванҷ аст. Хурду бузурги деҳа ба таълим ҷалб карда шуда, муаллимони беҳтарини диёр дар ин даргоҳи маърифат тадрис намуда, ходимони барҷаста аз ин даргоҳ буруз намудаанд. Китобхонаи деҳа хонаи маърифати деҳа муассисаи дӯстдоштаи хурду бузурги деҳа буд. Бештари хонандагони мактаб ва иддае аз марду зани деҳа ба китобхонӣ шавқ доштанд. Афроде буданд, ки тамоми китобҳои бадеии онро хонда буданд. Қисмати зиёдтари китобҳо кутуби сиёсӣ, хусусан асарҳои захими Ленин буданд. Мудири китобхона Додихудоева Лоҷувард буд. Дар солҳои 90 асри XX дар баробари фурӯравии низоми шӯравию таназзули иқтисодӣ бӯҳрони маънавӣ фаро расид ва ҳаваси мардум аз китобу китобхонӣ парид. Китоб ашё бебаҳо ва китобхона ҷои мушон гардид. Қисмати бештари китобҳо нобуд шуда, боқимондаро ба китобхонаи мактаб бурданд. Шӯъбаи алоқа дар замони шӯравӣ барои мардум муассисаи муҳим буд. Ба наздикон тавассути он бо навиштани мактуб алоқа мекарданд. Пулу бастаи бор мефиристоданд ва мегирифтанд. Рӯзномаву маҷаллаҳоро ба мардум мерасониданд. Дар хурдӣ мо низ дӯстдори он будем ва маҷаллаҳои «Чашма»-ю «Машъал»-ро бесаброна мунтазир мешудем. Мудири шӯъба Хуррам Рӯстамов буд. Хаткашони он Шеров Дод ва баъд аз ӯ Наврӯзов Аббос буданд. Бинои он аввал дар Убари Даргов ва бинои нуқтаи хидматрасонии тиббӣ дар Ибари Даргов буданд. Баъдан ивази ҷой намуда, шӯъбаи алоқа ба Ибар ва нуқтаи хидматрасонии тиббӣ ба Убари Даргов кӯчода шуданд. Нуқтаи хидматрасонии тиббӣ аз муҳимтарину заруритарин муассисоти деҳа буд, ки дарди мардумро дармон мекард. Мудир ва духтури он Обид Мӯъминов солиёни дароз дар хидмати мардум буданд. Фаррошони шӯъба Сайёра Ҷоғараков ва пас аз ӯ Хушвахт Давлатов буданд. Пас аз Обид Мӯъминов Гулрӯ Ниҳмонова, Розия Наврӯзова ва алъон Ирам Муҳаббатова духтурони он шуданд. Дар соли 200 барои нуқтаи тиббӣ бинои нав сохтанд. Идораи хоҷагии деҳқонӣ пас барҳам хӯрдани низоми савхозӣ ва тақсим шудани замин ба мардум таъсис ёфта, раиси он Мастулло Холинов буд. Ҳоло раёсати он ба ӯҳдаи Раззоқ Шоев мебошад. Мағозаҳои фурӯши молро соҳибкорон Мумин Ҷоғараков, Алибег Шеров, Дониш Неҳмонов, нуқтаи фурӯши сӯзишвориро Абдулназар Абдуллоев, дорухонаро Ибодулло Абдулллоев ташкил кардаанд. Дар деҳаи ду коргаҳи оҳангарӣ, қадимӣ дар дасти Баҳодур Ниҳмонов буда, Зокир Давлатшоев коргаҳи хусусии хешро дар хонааш таъсис додааст. Бинои анборро, ки дар солҳои охири савхозӣ барои нигаҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ сохта буданд, Ибодулло Абдуллоев ба толори варзишӣ табдил додааст. Муррабии он Матин Холинов мебошад. Баъд аз расидани алоқаи мобилӣ ба диёр дар деҳа дар ду стансияи пахши амвоҷи телефонии «Tcell» ва «Babilon» сохтаанд. Манораи «Tcell» дар Сели Дуршер воқеъ буда, нозиру нигаҳбони он Марҳамад Хаскашов ва манораи «Babilon» дар мавзеи Пачи Скосм буда, назорату муҳофизаташ дар дасти Ризо Абдуллоев мебошад. Сохтмони пули мошингард дар байни маҳаллаи Рав ва мавзеи Дашти Вишхарвак дар боли Ванҷоб аз солҳои 80-и асри XX оғоз гардида, дар соли 2014 ба итмом расида, дар мавриди истифода қарор гирифт. Мактаби деҳа Мактаби № 12-и деҳаи Мудехарв яке аз аввалин муассисаҳои таълимӣ дар диёри Ванҷ буда, ҳанӯз дар авохири солҳои бистуми қарни гузашта арзи вуҷуд намудааст. Мактаби № 12 дар соли 1929 дар маҳалаи Перва (ҳоло ҷои хонаи Давлатшоев Насиб) бо унвони мактаби ба номи «Павлов» таъсис ёфтааст. Баъди чанде дар соли 1947 мактабро ба маҳалаи Дуршер (ҳоло ҷои бинои шӯъбаи алоқа) кӯчонида, ба он номи «Правда»-ро доданд. Роҳбарони он Саттор Абдуллоев, Сурх Муҳаммадӣ, Давлатманд Хисравов ва Ҷалол Сафоев будаанд. Дар замони мудирии Сурх Муҳаммадӣ, ки яке аз аввалин муаллимони соҳибихтисос, роҳбари Шӯъбаи маорифи ноҳия ва мудири чанд мактаб низ будааст, аз ҷиҳати норасоии муаллимони боихтисос хонандагони фаъоли мактаб Абдуллоев Мулло, Давлатшоева Назрбибӣ, Сурхова Бибимо, Зокир Боев, Шерамардов Шовайсуддин ва ғайра ба кори омӯзгорӣ ҷалб карда шуданд. Қадамов Акрам, Қадамов Акбар, Назаров Қурбон, Абдуллоев Мулло ва Раҳматуллоев Убайдулло аввалин муаллимони боихтисоси мактаб буданд. Дар соли 1963 дар замони мудирии Холинов Ховар мактаби ба номи «Правда» ба маҳалаи Ду кӯчонида шуда, то имрӯз дар он ҷо мустақар аст. Дар соли 1971 мактаби ба номи «Правда»-ро ба мактаби ҳаштсолаи № 12 табдили ном карданд. Пас аз Холинов Ховар вазифаи мудирии мактабро Мирзоев Ширин, Муҳаббатов Бачаҷон, Азимова Робиа, Миҳтоҷова Давлатбибӣ ва аз соли 1982 то соли 1988 Рӯстамова Робиа ба зимма доштаанд. Аз соли 1988 то соли 1994 ин вазифа ба дӯши Нуъмонов Идрис буда, ба ташаббуси ӯ баҳори соли 1991 дар тарафи чапи бинои мактаб шаш синфхона ба тариқи ҳашар сохта шуд. Дар соли 1994 Холинов Муҳаббатшоро ба ин вазифа сафарбар намудаанд ва ӯ то соли 2005 мудири мактаб буд. Аз соли 2005 то соли 2011 Мазорбунова Меҳрӣ масъули ин вазифа будааст. Аз моҳи августи соли 2005 то моҳи августи соли 2006 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ (100 ҳазор сомонӣ) дар тарафи рости бинои мактаб бинои нав иборат аз 8 синфхона ва се таҳхона сохта шудааст. Аз соли 2011 Абдуллоев Холназар мудир ва Холинов Муҳаббатшо муовини мудири мактаб таъйин гардидаанд. Ҳоло он мактаби миёнаи № 12 буда, 248 хонанда ва 26 омӯзгор дорад. Фаррошони мактаб Шеров Шукрихудо, Мӯъминов Фармон, Усмонов Иматшо буданд. Шӯъбаи алоқа Дар замони шӯравӣ шӯъбаи алоқа аз муассисаи муҳим барои мардум буд. Он василаи асосӣ барои иртибот буд. Мардум тавассути он ба хешу наздиконашон мактуб, пул, бору савғо мефиристоданд. Пули нафақа, имдодпулии кӯдакон тавассути он дода мешуданд. Пули фурӯши мағозаҳо ба он супурда шуда, мактубу телеграмма, бастаи бор ба воситаи он ирсол карда мешуд. Рӯзномаю маҷаллаҳоро ба мардум расонида, обуна шудан ба онҳо низ тавассути он сурат мегирифт. Дар Шӯрои деҳоти Рованд шӯъбаи алоқа дар деҳаи Ғӯмаст мавҷуд буда, Мазорбун мудири он буд. Дар деҳаи Ғуҷоваст шӯъбаи алоқа кушода шуд ва мудири он Ҷумбулов Ризо буд. Баъдан, Муҳаббатов Муминҷон ва пас аз ӯ Хаскашов Марҳамад мудирияти онро ба ӯҳда доштанд. Дар деҳаи Мудехарв дар соли 1983 шӯъбаи алоқа ифтиттоҳ ва мудири он Хуррам Рӯстамов таин гардид. Кормандони он Додихудо Шеров, Насиб Давлатшоев, Салом Муҳаммадиев (аз деҳаи Мурғутга) ва баъдан, Аббос Наврӯзов буданд. Бино он дар Убари Даргов дар байни мактабу хонаи маданият мавҷуд буд. Баъдан, онро ба Ибари Даргов бо бинои нуқтаи тиббӣ иваз намуданд. Дар солҳои охир он моҳияташро аз даст дода, бинояш хони шахсӣ табдил ёфта, вазифаи асосии ҳозирааш — тақсим кардани рӯзнома аз хонаи мудир ба амал оварда мешавад. Масҷиди деҳа Масҷиди деҳаи Мудехарв калонтарин ибодатгоҳи ҷамоати Рованд буда, масҷиди ҷомеи ин минтақаи Ванҷи Боло мебошад. Аз айёми хурдсолӣ, ки замони Ҳукумати Шӯравӣ ва салтанати бехудоён буд, дар ёд дорам, ки аслан мӯйсафедон бо вуҷуди мамнӯъияту таҳти назорату фишори сахт қарор доштани дин қарзи бандагии хешро ба ҷо оварда, аҳкому аркони динро риоя намуда, ба ҳар василае мекӯшиданд ойини хешро аз адам ҳифз намудаву ба пасояндагонашон мерос гузоранд. Яке аз чунин ашхос дар деҳа Акбари Қадам буд. Ҳанӯз дар замони наврасияш падараш Мулло Қадамро, ки муншии қозӣ буд, коммунистҳо ба ҷурми муллогиву «кулакӣ» ҳабс намуда, беному нишон нобуд месозанд. Ӯ (ҳамроҳи бародараш Акрам) илми динро асосан аз падараш ва дар назди дигар муллоҳои калони диёри хеш фаро гирифта, аз аввалин муаллимони ихтисосманди Ванҷ низ буданд. Дар хонаи ӯ мӯйсафедон ҷамъ меомаданд ва ӯ ба онҳо намозро меомӯхт. Манзили вай мисоли як маҳфилгоҳе буд, ки ҳамвора аз муйсафедони намозомӯзи деҳаву деҳаҳои дигару ва ёру рафиқи муллову китобхонаш пур буд. Аҷиб он буд, муллову китобхонҳои зиёде дар он «маҳфил» гирд меомаданд ва баҳсу мунозироти эшон дар масоили аҳкоми шаръӣ ба тундиву дашномдиҳӣ ва ҳатто то ба задухурди мӯйсафедон ба анҷом мерасид ва мо кӯдакон доим дар канори онҳо истода, интизори муноқишоташон гашта, аз он манозир ҳаловат мебурдем. Дар замони бозсозӣ, баъди шикаста гаштани ағлаби таҳримоти коммунистӣ Акбари Қадам бо дарёфти имкону шароит ба фаъолияти озоди динӣ гузашта, ҳамчун мубалиғу интишоргари дин хондани намози ҷумъаро дар деҳа ҷорӣ намуд. Ӯ дар он замон, ки кишвари мо даврони сахтиву қаҳтиро паси сар менамуд, барои сохтани бинои масҷид талош варзида, бо ёвари хеш Изатуллоҳи Абдулло фақат тавонистанд, ки пойдевори онро гузошта, деворашро каме бардоранд. Баъди ба таъдил омадани вазъи номусоиди кишвар ва диёр дар деҳа масъалаи сохтани масҷид пеш омад. Ин ташаббуси бузургро Ҳоҷӣ Амири Жоғар ба даст гирифта, тирамоҳи соли 1999 (моҳи октябр) бо мадади пулии фарзандаш Аҳмад ва ҷалби мардум ба ин кор ба сохтмони масҷид ибтидо намуданд. Ин амали хайрро ба тариқи ҳашар (ба навбат ҳар маҳали деҳа) ва кумаки ҷузъии маводи сохти мардуми деҳа дар баҳори (моҳи апрели) соли 2000 ба итмом расониданд. Аз он дам то ба имрӯз ва иншоаллоҳ то абад аз баландгӯякҳои боми он садои азон дар деҳоти атроф танинандоз аст ва муаззини он Сайфуллоҳи Чилла мусалмононро ба сӯи намозу растагорӣ даъват менамояд. (Дар сурати мусофираташ ӯро Ҷурабеги Жоғар ва Мирабуни Мазорбун иваз мекунанд). Имом-хатиби масҷид Алифбек Амирзода буда, аз ҷавонӣ ҳаёти хешро ба хидмати дин вобаста гардонидааст. Дар роҳи ободии масҷиду ҷалб намудани мардум ба масҷид кӯшишҳои зиёде намуда, ба мувафаққиятҳо ноил гаштааст. Дар ин ҷода муллоҳи ҷавони деҳа Акмали Муъмин, Бахтибеки Шамсиддин, Амроҷони Ҷура, Самади Шер ва дигарон саҳми ҳадалимкони хешро гузоштаанд. Ба шарафи даъвату ҳидояти эшон қариб тамоми сокинони деҳа намозхон буда, шаробхориву дигар аъмоли мункар дар деҳа аз байн рафтааст. Пас аз бино ёфтани масҷид хондани намози ҷумъа ба роҳ монда шуда, намозгузорони деҳоти атроф Ширговад, Ғуҷоваст, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмаст, Рованд, Мурғутга ҷамъ меоянд. Аммо муддате хондани намози ҷумъаро дар масҷид манъ намуда буданд. Имоми он Алифбеки Амирзодаро барои барқарор кардани он лозим омад, ки кӯшишу мушкилоти ниҳоят зиёдеро паси сар намояд. Ин машақатҳои ӯ, албатта, бар абас нарафт ва ба туфайли он имрӯзҳо мардум хутбаи ҷумъаро шунида, ҳадди ақал соате дар ин бино ғизои маънавӣ мегиранд. Олимони деҳа Раҳим Масов, Дагӣ Исмоилов, Сӯҳроб Рӯстамов, Шаъбон Шамсиддинов, Нусратшо Таваллоев, Ҷаъфар Нӯъмонов, Мирзо Абдуллоев, Иматбек Неҳмонов, Ниҳонӣ Қадамова, Моҳрухсор Акрамова мебошанд.