Дэн Шнайдер

продюсер ва ҳунарпешаи амрикоӣ

Ден Шнайдер (англ. Dan Schneider, тав. 14 январи соли 1966, Мемфис, Теннессӣ, ИМА) — продюсер, ҳунарпеша ва муаллифи силсилафилмҳои ҷавонон.

Дэн Шнайдер
англ. Dan Schneider
Ном ба ҳангоми таваллуд: Дэниел Ҷеймс Шнайдер
Таърихи таваллуд: 14 январ 1966(1966-01-14) (58 сол)
Зодгоҳ: Мемфис (Теннесси)
Шаҳрвандӣ:  ИМА
Касб: продюсери синамо, филмноманавис, ҳунарпеша
Корнома: 1984 — то ҳол
IMDb: ID 0773759
danschneider.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Шнайдер дар Мемфис, Теннесӣ, дар оилаи Ҳэррӣ ва Кэрол Шнайдер таваллуд таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Вай як мавсим дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст. Пас аз бозгашт ба Мемфис, ӯ кори таъмири компютерҳоро ёфт. Дере нагузашта, ӯ ба Лос-Анҷелес кӯчид, то дар соҳаи фароғат кор кунад[1][2].

Фаъолият вироиш

Дар аввал, ӯ фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпеша оғоз кард[3], вале шуҳрати аз ҳама баландро ҳамчун муаллифи силсилафилмҳои телевизионии "iCarly", "Сэм ва Кэт", "Дрейк ва Ҷош", "Ғолибон", "Зоуи 101", "Ҳенрии хатарнок" ба даст овард[4]. Вай инчунин асосгузори ширкати Schneider’s Bakery мебошад[5].

Ҷанҷолҳо ва барканоркуниҳо вироиш

26 марти 2018 маълум шуд, ки Nickelodeon ҳамкорӣ бо Дэн Шнайдер ва ширкати ӯ Schneider’s Bakery-ро қатъ кард. Инчунин, шабака пахши ситкоми "Game Shakers"-ро дар мавсими чорум қатъ намуд, аммо ситкомаи дигар "Ҳенрии хатарнок" барои мавсими панҷум дароз карда шуд. Ба гуфтаи корбарони интернет, Шнайдерро метавонист аз сабаби рафтор ва овозаҳои ҷанҷолӣ барканор кунад. Продюсер аксар вақт "кастингҳои диван" баргузор мекард ва ба фут фетишизм гирифтор буд, зеро инро аз пайдоиши тасвирҳои пойҳои ҳунарпешаҳои ҷавон дар силсилафилмҳо ва твитҳояш метавон тахмин кард. Рӯзномаи Deadline Hollywood инчунин ба "мушкилоти хуби ҳуҷҷатгузорӣ"-и ӯ ишора кард. Nickelodeon ин изҳоротро шарҳ надод ва манбаъҳои гуногун фикрҳояшонро навиштанд: як манбаи наздик ба Шнайдер рад кард, ки Шнайдер метавонад бо актрисаҳои намоишномаи худ рафтори номуносиб дошта бошад, аммо вай метавонад бо хислат мушкилот дошта бошад. Як манбаи беном даъво дошт, ки Дэн Шнайдер қурбонии овозаҳои ҷанҷолбарангез аз интернет шудааст ва барканории продюсер ба сабаби ихтилофи назарҳо дар поёни силсилафилми "Game Shakers" ва тағирот дар идораи шабака аст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Шнайдер соли 2002 бо блогери озуқаворӣ Лиза Лилиен издивоҷ кард. Ҳарду дар солҳои 1990-ум дар Nickelodeon мулоқот карданд[6].

Филмнома вироиш

Намоишҳои филмӣ
Номгӯй Сол Нақш
Making the Grade 1984 Блимп
Better Off Dead 1985 Рикӣ Смит
Hot Resort 1985 Чак
Happy Together 1989 Стан
Listen to Me 1989 Натан Гоур
The Big Picture 1989 Ҷонатон Тристан-Беннет
Good Burger 1997 Бэйлӣ; инчунин филмноманавис
Big Fat Liar 2002 Филмноманавис ва продюсер
Намоиши телевизионӣ
Номгӯй Сол Нақш Шарҳҳо
Head of the Class 1986–91 Денис Бланден
Home Free 1993 Волтер Петерс
All That 1994–99 Бэйлӣ
Kenan & Kel 1996 Ангус "Baggin' Saggin' Kel" (мавсими 1: қисми 12)
The Amanda Show 2000–01 Олдмэн Қисмҳои гуногун
Zoey 101 2008 Ронандаи такси "Chasing Zoey" (мавсими 4: қисми 12)
iCarly 2012 Микалито, Афсари полис Қисмҳои гуногун
Sam & Cat 2013–14 Тэндт (роботи сурх) Овоз, нақшҳои гуногун

Эзоҳ вироиш

  1. Native Memphian Dan Schneider bringing likable young stars to town for St. Jude event (May 12, 2011). Бойгонӣ шудааст 16 Январ 2014  сол. Проверено 11 феврали 2021.
  2. Eakin, Marah Dan Schneider on Head Of The Class and creating some of Nickelodeon's most memorable shows. The A.V. Club (November 23, 2012).
  3. Biography for Dan Schneider. Turner Classic Movies. 4 июли 2017 санҷида шуд.
  4. Did You Know This Drake & Josh Star Voiced Rex The Puppet On Victorious?(англ.), MTV News. Проверено 4 августи 2017.
  5. Nickelodeon Greenlights Brand-New Animated Series, The Adventures of Kid Danger and Captain Man, Based on Characters from the Live-Action Hit Henry Danger(англ.). www.businesswire.com. 4 августи 2017 санҷида шуд.
  6. Dan Schneider, King of the Tween Comedies (August 26, 2009).

Пайвандҳо вироиш