Дӯстмурод Саидмуродов

Дӯстмурод Саидмуродов (20 феврали 1931, Самарқанд — 5 июли 2021, Душанбе) — арбоби ҳизбию давлатӣ, омӯзгор, шарқшинос, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1969), профессор (1972) Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010). Узви Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви Президиуми комиссияи муштараки муаррихони ИҶШС ва Академияи Илмҳои Тоҷикистон, узви Президиуми Ассотсияи шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Дӯстмурод Саидмуродов
Саидмуродов Дӯстмурод
Таърихи таваллуд 20 феврал 1931(1931-02-20)
Зодгоҳ Самарқанд ҶШС Ӯзбакистон
Таърихи даргузашт 5 июл 2021(2021-07-05) (90 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ шарқшинос
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо | Ордени Дӯстӣ Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

вироиш

Дӯстмурод Саидмуродов хатмкардаи Донишкадаи педагогии тоҷикии Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1949), факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1958). Муаллими мактаб дар ҷамоаи Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашти водии Қаротегин (1951—1953), корманди шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон (1958—1960), аспиранти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1960—1966), тарҷумони идораи сохтмони Сепули вилояти Ҷалолободи Афғонистон (1963—1965), омӯзгори Мактаби ҳизби коммунисти Тоҷикистон (1969—1972), муовини директори (1972—1980), дипломат-мушовири КМ ҲКИШ (КПСС) дар назди КМ ҶХД Афғонистон (1980—1983), и. в. директори Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1983—1985), шореҳи рӯйдодҳои байналмилалии Телевизиони Тоҷикистон (1985—1986). Муаллифи китобу мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, ки аксари онҳо дар Тоҷикистон ва хориҷи он — Москваю Ленинград, Тошканду Теҳрон, Кобулу Прага ва кишварҳои дигар ба табъ расидаанд.[1]

Осори илмӣ

вироиш
  • «Таърихи Ахмадшахи» Махмуда ал-Хусайни как источник по истории Афганистана во второй половине XVIII в. Дис. на соискание уч. степ. канд. ист. наук. — М., 1966—267 с.
  • «Таърихи Ахмадшахи» — источник по истории Афганистана в эпоху правления Ахмад-шаха Дурани и его авторе./Ближний и Средний Восток. История. Экономика. — М., 1967. — С 63-68.
  • «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» ва муаллифи он. I. Таърихчаи омӯзиши «Таърихи Аҳмадшоҳӣ»./ «Ориёно», 1974, № 3. Кобул, с.30-50.
  • «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» ва муаллифи он. II. Мушахассоти китоб./ «Ориёно», 1975, № 4. Кобул, с.53-65.
  • «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» ва муаллифи он. III. Мушахассоти китоб./ «Ориёно», 1975, № 1. Кобул, с.97-111.
  • Афганистаника в Таджикистане.//Афганистан: история экономика, культура. — М., 1989, с.73 — 81.
  • Становление и развитие востоковедения в Таджикистане./Востоковедные центры в СССР. Вып.2. — М.,1989 ва диг.[2]

Мукофоту ҷоизаҳо

вироиш
  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — Душанбе,2013, — С. 121. — 184 c. — ISBN 978-99947-958-2-6
  2. Накӯсолор. Меҳрнома — Душанбе, 2021, — С. 48-54. — 56 c. — ISBN 978-99975-68-21-2