Дӯстмурод Ҳафиззода

Дӯстмурод Ҳафиззода , Дӯстмурод Қулов (тав. 1 октябри 1977, деҳаи Гултеппаи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дӯстмурод Ҳафиззода
Қулов Дӯстмурод Ҳафизович
Таърихи таваллуд 1 октябр 1977(1977-10-01) (47 сол)
Зодгоҳ деҳаи Гултеппа, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Дӯстмурод Қулов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005) ва аспирантураи ДМТ (2010). Фаъолияти кориаш соли 1994 оғоз гардидааст: муаллими забон ва адабиёти мактабҳои миёна (1994—2005), ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ (2005—2007), аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2007—2010) ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ (2010 то имрӯз).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 2010 дар мавзӯи «Мавзӯъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар назми солҳои 90-уми тоҷик» рисолаи илмиашро дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методист

Осори илмӣ

вироиш
  • Ҷанги шаҳрвандӣ ва инъикоси бадеии он. — Душанбе: «Истеъдод», 2010;
  • Назаре ба ғазалиёти маҷмӯаи «Фарёди бефарёдрас»-и Лоиқ Шералӣ // Ахбори Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон. — 2009. — № 1;
  • Санъатҳои лафзӣ дар маҷмӯаи «Фарёди бефарёдрас»-и Лоиқ Шералӣ // Паёми Донишгоҳ. — 2009. — № 4(52).[1]