Дӯғ (форсӣ: دوغ‎) — ҷурғотест, ки равғанаш дар гуппӣ ҷудо карда шудааст.

Дӯғ
Таркибот
Асосӣ Ҷурғот

Дӯғро дар фасли гарми сол чун нӯшокии ташнашикан ва хӯриши таомҳои дигар истеъмол менамоянд. Аз дӯғ чакка ва қурут месозанд. Дӯғ 91 % об, 0,05 — 0,1 % равған, 3 — 3,5 % сафеда, 4 — 5 % қанди шир (малтоза), 8 — 9 % моддаҳои хушк, 0,7 % моддаҳои минералӣ, ферменту витаминҳо дорад.

Агар дӯғро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, ташнагиро таскин медиҳад.

Нигаред низ

вироиш