Евгений Павловский
Павловский Евгений Никанорович (5 марти 1884 — 27 майи 1965) — олими зоолог, паразитолог, энтомолог, Академики АИ ИҶШС (1939), академики АИТ ИҶШС (1944). Академики ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (АИ ҶШС Тоҷикистон) (1951), генерал-лейтенанти хидмати тиббӣ (1943).
Павловский Евгений Никанорович | |
Таърихи таваллуд | 5 март 1884[1] |
Зодгоҳ | Русия |
Таърихи даргузашт | 27 май 1965[2][1] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | академики ифтихории аи ҷшс тоҷикистон,паразитолог,энтомолог,олими зоолог |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d] ва доктори илмҳои тиб[d][5] |
Алма-матер | |
Шогирдон | Dmitry Lvov[d], Yury Balashov[d] ва Andrey Alekseyev[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАкадемияи ҳарбиву тиббии Петербургро хатм кардааст (1908). Доктори илми тиб (1913), магистри зоология ва анатомияи муқоисавӣ (1917), доктори илмҳои биологӣ (1934). Мудири Шуъбаи паразитологияи ЗИН АИ ИҶШС (1930), мудири шуъбаи паразитологияи Институти умумииттифоқии тибби таҷрибавӣ (1933—1944), мудири бахши паразитологияи шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1933—1951), директори Институти зоологияи АИ ИҶШС (1944—1962), асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: морфология, систематика, биология, канаҳои гузаронандаи ангезандаҳои бемориҳои инсон ва ҳайвонот, таълимот дар бораи манбаъҳои табиии бемориҳои гузарандаи инсон ва ҳайвонот.
Ҷоизаҳо
вироиш- Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964),
- панҷ ордени Ленин,
- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени Ситораи Сурх тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ИҶШС (1935).
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1943),
- Медали тилои бо номи И. И. Мечникови АИ ИҶШС (1949),
- медали Бузурги Анҷумани ҷуғрофии ИҶШС (1954) сарфароз гардидааст.
- Ҷоизаи ба номи В. И. Ленин (1965),
- Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1941, 1950).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://sdei.senckenberg.de/biographies/information.php?id=52757 — Senckenberg German Entomological Institute.
- ↑ Павловский Евгений Никанорович (рус.) / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Тихонова Е. П. Жизнь и деятельность Владимира Ивановича Жадина в период Великой Отечественной войны, Professional and personal life of Vladimir Ivanovich Zhadin during the Great Patriotic War (рус.) // Историко-биологические исследования — 2022. — Т. 14, вып. 1. — С. 27—54. — ISSN 2076-8176; 2500-1221 — doi:10.24412/2076-8176-2022-1-27-54
- ↑ 4.0 4.1 Слепкова Н. В. Зоологический институт Академии наук СССР в 1931–1966 гг.: исторический контекст, Zoological Institute of the USSR Academy of Sciences in 1931–1966: historical context (рус.) // Историко-биологические исследования — 2022. — Т. 14, вып. 1. — С. 55—86. — ISSN 2076-8176; 2500-1221 — doi:10.24412/2076-8176-2022-1-55-86
- ↑ Орлов Ю. А. Воспоминания об Aнатомо-гистологическом кабинете Петроградского Университета. Подготовка к печати, вступительная статья и комментарии С.И. Фокина, Reminiscences about the Anatomical-Histological Cabinet of St.Petersburg University. Drawing up, introductory article and comments by Sergei I. Fokin (рус.) // Историко-биологические исследования — 2012. — Т. 4, вып. 4. — С. 59—76. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
Пайвандҳо
вироиш- Биография на сайте biografija.ru
- Павловский Е. Н. дар Википедияи руси [1]