Жовандаҳо, кавшакунандахо (Ruminantia), як гурӯҳ, ҳайвоноти ҷуфтсум. Жовандаҳо ҳайвоноти алафхур буда, меъдаи аксарашон аз 4 қисм — шикамба, ҳазорхона, ширдон ва тур иборат аст. Жовандаҳо хӯроки ҳоидаашонро якбора фуру намебаранд; он аз қисми тӯри меъда бо оруғ ба даҳон баргашта, такроран ҳоида мешавад. Сохти дандони Жовандаҳо барои ҳоида майда кардани хӯроки дурушт мувофиқ аст. Аксари Жовандаҳо шохи хуб доранд. Ангуштони 3-юм ва 4-уми онҳо нағз инкишоф ёфта, ангуштони паҳлуашон кӯтоҳанд (дар баъзеашон барҳам хӯрдаанд). Жовандаҳо дар хоҷагӣ аҳамияти калон до¬ранд. Ба Жовандаҳо гавазн, гов, гӯсфанд, буз ва ғайраҳо мансубанд.