Алекса́ндр Сеза́р Леополд Бизе́ (фр. Alexandre-César-Léopold Bizet, баъди ғусли таъмид Жорж номида шуд, фр. Georges; 25 октябри 1838, Порис — 3 июни 1875, Буживал) — оҳангсози фаронсавӣ.

Жорж Бизе
фр. Georges Bizet
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Alexandre Cesar Leopold Bizet
Таърихи таваллуд 25 октябр 1838(1838-10-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 июн 1875(1875-06-03)[1][3][4][…] (36 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) classical composer, раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз
Сабк опера, симфонӣ, операи фаронсавӣ[d][9] ва мусиқии романтик[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи консерваторияи Париж (1857). Шогирди А. Ф. Мармонтел, П. Симмерман, Ж. Ф. Э. Галеви ва Ш. Гуно. Дар консерватория чандин маротиба мукофот гирифт. Соли 1857 барои кантатаи «Кловис ва Клотилда» сазовори мукофоти калони Рум гардид ва ин ба Бизе имконият дод, ки се сол дар Итолиё зиндагӣ кунад. Аз соли 1860 дар Париж зиндагӣ кард. Аз сабаби вазнин будани вазъияти моддӣ дарсҳои хусусӣ медод, асарҳои дигар муаллифонро таҳрир менамуд. Бизе аслан драматург буда, ба театри мусиқӣ низ таваҷҷуҳи калон дошт. Муаллифи 20 опера ва бисёр романсу увертюраҳо. Бизе дар операҳои «Дон Прокопило» (1858-59), «Ҷӯяндагони марворид» (1863), «Соҳибҷамоли Перт» (1866) «Ҷамила» (1872) ва опереттаҳояш анъанаҳои операи лирикии фаронсавиро инкишоф додааст.

Бизе аксари асарҳои худ, аз ҷумла операи «Иван Грозний»-ро ба охир нарасондааст. Асари Бизе операи «Кармен» (аз рӯйи новеллаи П. Мериме, 1874) қуллаи баланди реализми операвии садаи XIX буда, аз рӯйи хушоҳангӣ, зебоии гармония ва шакл ба яке аз операҳои машҳуртарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин опера дар репертуари Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ низ яке аз асарҳои асосӣ аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш