Жюл Габриэ́л Верн (фр. Jules Gabriel Verne; 8 феврал 1828[2][3][4][…], Нант[d], Metropolitan France[d][6][7]24 март 1905[3][4][5][…], Амйен[d][6][7]) — нависандаи фаронсавӣ, классик яке аз асосгузорони жанри илмӣ тахайюлӣ. Узви Анҷумани ҷуғрофиёи Фаронса. Мувофи­қи маълумоти ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷу­машудаи Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм меистанд[10].

Жюл Габриэл Верн
фр. Jules Verne[1]
Ном ба ҳангоми таваллуд: фр. Jules Gabriel Verne[1]
Таърихи таваллуд: 8 феврал 1828(1828-02-08)[2][3][4][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 март 1905(1905-03-24)[3][4][5][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: румоннавис, намоишноманавис, шоир, нависандаи кӯдакон, нависанда, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, эсперантист
Солҳои эҷод: 18501905
Жанр: илмӣ-тахайюлӣ, Театр, румони моҷароҷӯӣ[d], фантастика[d], шеър, popular science literature[d] ва merveilleux scientifique[d]
Забони осор: фаронсавӣ[9] ва Забони эсперанто
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
«Маяк дар охири ҷаҳон» яке аз беҳтарин романҳои саҳнаи адабии Верн маҳсуб мешавад.

Зиндагинома

вироиш

Дар факултаи ҳу­қуқ­шиносии Донишгоҳи Сор­­бонна таҳсил кардааст (1847-51). Таҳти таъсири инқилоби со­ли 1848 (дар Фаронса) ҷо­нибдори ҷум­ҳури­хо­ҳон шуда, ба назарияи сотсиализм та­ваҷ­ҷуҳ зо­ҳир кард. Солҳои 1852-54 дар Театри лирика котиб буд.

Эҷодиёт

вироиш

Дар ҳамин давра бо нависандаи машҳури фа­рон­савӣ А. Дюма (падар) ши­нос мешавад. Ба корӣ эҷодӣ соли 1843 шурӯъ карда, водевил, мазҳака, либретто ба­рои операҳои мазҳакавӣ менавишт, ки аз ҷиҳати бадеият чандон арзише надоштанд, вале ҳикояҳо, очерку мақо­ла­ҳояш дар мавзӯи табиат­ши­носӣ ҷуғрофия ва повес таш «Зимистонгузаронӣ дар рӯйи яхпора» (1855) та­ваҷҷуҳи хонандагонро бештар ҷалб мекарданд. Баъди нашри нахустроманаш — «Панҷ ҳафта дар кураи ҳавоӣ» (1863) Верн ба таълифи силсилаи бузурги «Саргузаштҳои ғайриодӣ» сар карда, дар тӯли 40 сол соле як ё ду роман, аз қабили «Саёҳат ба маркази Замин» (1864), «Аз Замин ба Моҳ» (1865), «Саёҳат ва сар­гузашт­ҳои капитан Гаттерас» (1866), «Бачаҳои капитан Грант» (1867-68), «Дар атрофи Моҳ» (1869) ва ғ. навишта, ба табъ расондааст. Солҳои 80 садаи XIX ба таълифи асарҳое рӯй овард, ки дар онҳо масъалаҳои ҷиддӣ матраҳ гардидаанд (романҳои «Робур-истилогар», 1886; «Ҳукм­рони ҷаҳон», 1904). Верн чунин ме­пиндошт, ки илму техника пеш рафтаанд, вале иҷти­моиёти ҷомеа дар сатҳи паст қарор дорад. Даст­овардҳои илму техникаро набояд ҷи­ноят­пешагон ва бадкирдорон соҳибӣ кунанд (роман­ҳои «Ҷазираи шинокунанда», 1895; «Сар­гузаштҳои ғайри­одии экспедитсияи Барсак», пас аз фавти Верн соли 1914 ба табъ расидааст). Ҳамин тариқ, ба қалами Верн 100 роман тааллуқ дорад, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа сар­гузаштӣ-тахайюлӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд. Мувофи­қи маълумоти ЮНЕС КО теъдоди асарҳои тарҷу­машудаи Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм меистанд, ки ба 148 забони дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, тарҷума шудаанд («Бачаҳои капитан Грант», 1939). Верн дар романи «Кладиус Бомбарнак» (1893) оид ба тоҷи­кон маълумот додааст.

Адабиёт

вироиш