Заминларзаи Туркияву Сурия (2023)
Ин мақола ё бахше аз он, як рӯйдоди рӯзро дар бар дорад. |
Заминларзаи Туркияву Сурия дар соли 2023 — номи рамзии ду заминларзаи падарпайи қудратманд, ки дар 6 феврали 2023 ба фосилаи 9 соат аз якдигар рух дод. 6 феврали 2023, дар соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ (04:17 TRT), заминларзае қавӣ ҷануби Туркияро дар ғарби шаҳри Ғозиайнтоб ларзонд ва хисороти густурдаеро дар саросари Туркия ва Сурия эҷод кард. Ин зилзила бо миқёси шиддати Мерколлии ислоҳшуда IX (хашин) ва бузургии 7,8 риштер, қавитарин заминларза дар минтақа баъд аз заминларзаи Арзанҷон (1939) будааст. Дар ин зилзила бар асоси додаҳои аввалия, беш аз 40 000 нафар (дастикам 8500 нафар[2] дар Сурия ва беш аз 29 600 нафар[3] дар Туркия) кушта шуданд. Туркия вазъияти фавқулодда эълом кардааст[4]. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон дар робита ба ин ҳодиса 7 рӯзи мотам эълом кард. Ардуғон гуфт, ки ин шадидтарин заминларза дар Туркия аз соли 1939 токунун аст[5].
| |
| |
Замон |
6 феврали 2023 |
Бузургӣ |
7,8 (ларзаи аввал) |
Жарфо |
17,9 км (ларзаи аввал) |
Маҳалли ларза | 37°10′26″ с. ш. 37°01′55″ в. д.HGЯO |
Кишвар (минтақа)-ҳои осебдида |
Туркия Сурия Исроил Лубнон Урдун Ироқ Қазоқистон Покистон Қибрис Арманистон Гурҷистон Русия Фаластин Руминия Юнон |
Сунами | Незначительное |
Талафот |
Беш аз 41 130 кушта, беш аз 113 000 захмӣ Дар Туркия: беш аз 35 400 кушта ва 105 500 захмӣ Дар Сурия: беш аз 9 000 кушта ва 7 280 захмӣ |
Хисороти иқтисодӣ | $84 млрд (ҳисоби пешакӣ) |
Пасларзаҳо | 3170 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Замина
вироишТуркия дар яке аз фаъолтарин манотиқи ларзахези ҷаҳон қарор дорад[6]. Бо ин ҳол, минтақае, ки дар он заминларза дар 6 феврали 2023 рух дод, аз назари ларзашиносӣ нисбатан ором аст. Аз соли 1970, танҳо се заминларза дар радиуси 250 километрии заминларзаи 6 феврал ба бузургии 6 риштер ва бештар рух додааст. Бузургтарини онҳо бо қадри 6,7 дар 24 январи 2020 рух додааст[7].
Пайомадҳо
вироишДар натиҷаи заминларза беш аз 21 540 нафар ҷон бохтанд, 80 160 нафарзахмӣ шуданд[8][9]. Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот беш аз 8 ҳазор нафар аз зери харобаҳо наҷот ёфтанд[10].
Туркия
вироишВилоят | Куштаҳо | Захмиҳо |
---|---|---|
Одоно | 408 | 3993 |
Одиёмон | 3105 | 400 |
Ботмон | 0 | 20 |
Диёрбакр | 212 | 854 |
Ғозиайнтоб | 2141 | 4809 |
Хатой | 5111 | 6200 |
Қаҳрамонмаръаш | 5326 | 5000 |
Килис | 22 | 518 |
Малатиё | 289 | 4900 |
Усмония | 878 | 2173 |
Шанлиурфа | 304 | 2551 |
Элозиғ | 5 | 379 |
Раисиҷумҳурии Туркия Раҷаб Ардуғон гуфт, ки ин қавитатарин заминларзаи Туркия аз соли 1939 аст[13][14]. Қурби Лираи туркӣ ба пойинтарин сатҳи худ суқут кард[15]. Дар Туркия 6217 сохтмон, аз ҷумла 310 дар Қаҳрамонмаръаш, 1278 дар Хатой, 581 дар Ғазиайннтоб, 201 дар Шанлиурфа, 101 дар Усмония, 130 дар Малатиё, 50 дар Килис, 600 дар Одиёмон, 20 сохтмон дар Диёрбакр ва 24 дар Одоно фурӯрехт[16]. Фурудгоҳҳои Қаҳрамонмаръаш ва Ғазиайннтоб барои парвозҳои ғайринизомӣ баста шуданд[17].
Сурия
вироишҲадди ақал 3868 тан дар Сурия кушта ва 7285 тан захмӣ шуданд[18][19]. Вазорати беҳдошти Сурия беш аз 1678 маргумир бар асари заминларза ва 2950 захмиро дар манотиқи таҳти контрол давлат сабт кардааст[18][20], ки бештар онҳо дар устонҳои Ҳалаб ва Лозиқия буданд[21]. Дар манотиқи таҳти контроли шӯришён, ҳадди ақал 2190 тан кушта[18], ва 2200 тани дигар захмӣ шуданд[22][23]. Садҳо нафар дар шаҳрҳои Ҷиндирес ва Аториб кушта шуданд.[24] Дар Ҷабла ҳадди ақал 283 тан ҷон бохта, 173 нафар захмӣ шуданд ва 19 сохтимон фурӯ рехт[25].
Дар Сурия дар шаҳри Ҳалаб, 46 сохтмон фурӯрехт. Ба гуфтаи Идораи кулли осори босттонӣ ва музейҳои Сурия, ки маконҳои бостонии мухталиф дар саросари шаҳр ба таври густурда шикаста шуда ё фурӯрехтаанд, дар деворҳои қалъаи Ҳалаб, ки дар Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст, шикофҳое пайдо шуданд[26].
Бузургтарин полоишгоҳи нафти Сурия дар Бониёс кори худро ба далели осеб ба таҷҳизот мутаваққиф кардааст, камбуди фаровардаҳои нафтӣ ба вуҷуд омад[27].
Вокунишҳо
вироишТуркия чаҳорумин сатҳи ҳушдор (болотарин)-ро эълом кард[28]. Се моҳ вазъияти фавқулъода дар 10 устон[29][30] ва ҳафт рӯз мотами милӣ эълом шуд[31][32]. Раҷаб Тайиб Ардуғон эълом кард, ки ба хонаводаҳои зилзилазада 10 000 лираи Туркия пардохт хоҳад шуд[33], ӯ ҳамчунин эълом кард, ки давлат зарфи як сол дар 10 устон барои осебдидагон хона месозад[34]. 70 кишвар ва 14 созмон ба Туркия кумак карданд[35]. Ҳилоли аҳмари Туркия барои кумак ба осебдидагон шурӯъ ба таҳияи захираҳои хунӣ кард. Ин созмон аз сокинон хост то онро иловатан кунанд[28]. Фуот Уқтой ноиби раисиҷумҳурм Туркия гуфт, ки теъдоди кулли афрод даргир дар кори ҷустуҷӯ ва наҷот 103 800 нафар буда, 5531 адад техникаи вазнин ва 900 ҷарсақил дар ҳоли истифода аст. Ҳамчунин 10 киштӣ, 50 ҳавопаймо ва 72 чархбол даргир ҳастанд. Гурӯҳҳои наҷот аз 66 кишвар вориди Туркия шуданд[36]. Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки қасд дорад 6,5 миллион евро ба Туркия ва Сурия бидиҳад. Давлати Сурия барои кумак ба Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардааст. Янез Ленарчич, комиссари аврупоӣ барои мудирият буҳрон гуфт, ки алорағми таҳримҳо алайҳи давлат Сурия, кумакҳои башардӯстона ба Сурия ирсол хоҳад шуд[37].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Son Depremler. www.koeri.boun.edu.tr.
- ↑ Henley, Jon. Turkey-Syria earthquake updates: death toll nears 16,000 as 72-hour ‘rescue window’ passes - live news (9 феврали 2023). Проверено 9 феврали 2023.
- ↑ Over 29,600 dead from powerful earthquakes in southern Türkiye. www.aa.com.tr.
- ↑ В Турции и Сирии произошли сильные землетрясения(рус.). Сибирь.Реалии. 6 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 феврали 2023.
- ↑ Эрдоган назвал землетрясение в Турции самым мощным за последние 84 года. РБК (6 февраля 2023). 6 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Турцию и Сирию сотрясли два мощных землетрясения. Погибли почти 2 тысячи человек. Проверено 6 феврали 2023.
- ↑ M 7.8 - Central Turkey(англ.). earthquake.usgs.gov.
- ↑ Henley, Jon. Turkey-Syria earthquake updates: death toll nears 16,000 as 72-hour ‘rescue window’ passes - live news (9 феврали 2023). Проверено 9 феврали 2023.
- ↑ Sakina Fatima. Turkey-Syria earthquake: Death toll rises to over 5100, 25800 injured (en-US). The Siasat Daily (7 феврали 2023).
- ↑ Что известно о землетрясении в Турции. TACC(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Sağlık bakanı koca, kahramanmaraş merkezli depremlere ilişkin açıklamada bulundu: - Ankara Haberleri(тур.). www.haberturk.com.
- ↑ GAZİANTEP DEPREMİ ÖLÜ VE YARALI SAYISI SON DURUM: Gaziantep depreminde kaç bina yıkıldı, ölü sayısı kaç oldu, kaç kişi yaralandı? GAZİANTEP DEPREMİ SON DAKİKA HABERİ(тур.). Sabah.
- ↑ Эрдоган назвал землетрясение в Турции самым мощным за последние 84 года(пайванди дастнорас — таърих). РБК (6 февраля 2023). 6 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Крупнейшее за десятки лет землетрясение в Турции и Сирии. Главное(рус.). РБК.
- ↑ Стихийные последствия(рус.). Коммерсантъ (7 феврали 2023).
- ↑ Son Dakika: Fuat Oktay duyurdu... Kahramanmaraş'taki depremde can kaybı 1541(тур.). www.cumhuriyet.com.tr.
- ↑ Главное о землетрясении в Турции и Сирии: больше тысячи погибших, разрушенные памятники и новые мощные толчки(рус.). Коммерсантъ (6 феврали 2023).
- ↑ 18.0 18.1 18.2 في حصيلة غير نهائية.. حصيلة الـ ـزلـ ـز ا ل الـ ـمـ ـدمّـ ـر ترتفع لنحو 4000 في سورية (Arabic), SOHR (9 February 2023).
- ↑ Türkiye, Syria - Earthquake, update (GDACS, DG ECHO, AFAD, SOHR, UN OCHA) (ECHO Daily Flash of 9 February 2023). United Nations Office for the Coordination of Humanitarian Affairs. ReliefWeb (9 феврали 2029).
- ↑ Turkey-Syria earthquake: First commercial fuel shipment to enter northern Syria (9 February 2023).
- ↑ Health Ministry: Death toll from earthquake has risen to 812 deaths and 1,449 injuries, in provinces of Aleppo, Lattakia, Hama, Idleb Countryside and Tartous (7 February 2023).
- ↑ 72 after catastrophe | 3,556 people killed in Syria due to devastating earthquake, SOHR (8 February 2023).
- ↑ Earthquakes hit Turkey and Syria, leaving more than 2,300 dead and thousands injured, CBS News (6 February 2023).
- ↑ 72 after catastrophe | 3,556 people killed in Syria due to devastating earthquake, SOHR (8 February 2023).
- ↑ 283 deaths 173 injuries in the earthquake in Jableh, Lattakia (9 February 2023).
- ↑ Признанная объектом всемирного наследия цитадель в Алеппо повреждена при землетрясении(рус.). Коммерсантъ (6 феврали 2023).
- ↑ Крупнейший НПЗ в Сирии приостановил работу после землетрясения(рус.). Lenta.RU.
- ↑ 28.0 28.1 Что известно о землетрясении в Турции. TACC(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Эрдоган ввел режим ЧП в десяти пострадавших от землетрясения провинциях Турции. forbes (7 февраля 2023). 7 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Эрдоган объявил чрезвычайное положение в пострадавших от землетрясения районах(рус.). www.eurointegration.com.ua.
- ↑ Крупнейшее за десятки лет землетрясение в Турции и Сирии. Главное(рус.). РБК.
- ↑ Эрдоган назвал землетрясение в Турции самым мощным за последние 84 года(пайванди дастнорас — таърих). РБК (6 февраля 2023). 6 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Пострадавшим от землетрясения в Турции семьям выплатят пособие в размере $530. ТАСС.
- ↑ Ангелина Мильченко. Землетрясение в Турции. Что известно спустя двое суток после начала толчков (2023.02.08).
- ↑ Геосотрясение(рус.). Коммерсантъ (7 феврали 2023).
- ↑ В спасательных операциях в Турции участвуют 103 тысячи человек(рус.). ИА REGNUM.
- ↑ Ирина Шелудкова. Спасательные операции в Турции и Сирии(рус.). euronews (8 феврали 2023).