Зарнисор (деҳа, н. Балҷувон)

Зарнисор (то 17 июли 2014 Дектур) — деҳа деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон. Аз Зарнисор то маркази ноҳия 28 км. Аҳолиаш 1789 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Балҷувон
Ҷамоат Деҳоти Сайф Раҳим
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1789 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3357
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Дар ҳудуди хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров ҷойгир аст. Деҳа муассисаи таҳ­силоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, саб­завот­корӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии инфиродии «Қубод» фаъолият дорад. Нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Мардум

вироиш

Соли 1955 зимни барҳам хӯрдани ноҳия деҳа ва ҷамоати деҳоти Дектур низ барҳам хӯрд ва аҳолиаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯчонда шуданд. Соли 1996 ноҳия аз нав таъсис ёфт ва як қисми мардум ба деҳа баргашта, онро обод карданд[1].

  1. Заринсор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.

Сарчашма

вироиш