Заробиддин Файзуллозода
Заробиддин Файзуллозода (Файзуллозода Заробиддин Қудрат; зод. 13 феврали 1965, ноҳияи Фархор) — ходими давлатӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019—2020).
28 январи 2019 — 3 ноябри 2020 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Шавкат Бобозода |
Ҷонишин | Шералӣ Кабир |
Таваллуд | 13 феврал 1965 (59 сол) |
Зиндагинома
вироишЗаробиддин Файзуллозода 13 феврали 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишкадаи политехникии Тошкакдро бо ихтисоси нафту газ хатм кардааст.
Конрома
вироишФаъолияти кориашро соли 1987 ҳамчун ёрдамчии пармагари дараҷаи III сохтмони асосии Идораи коркарди нафти «Ҷаркурганнефт» оғоз намуда, минбаъд то соли 1997 дар вазифаҳои ёрдамчии пармагари дараҷаи IV, Ёрдамчии пармагари дараҷаи V, устои бригада дар иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт», устои қитъаи сохтмонии Раёсати Сохтмонии «Монолит-3», Сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СН» дар назди заводи конструксияҳои оҳану бетонии № 3, Нозири техникии кӯҳии дараҷаи I дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту газ, сардори нозироти техникии кӯҳии байнивилоятӣ доир ба назорат дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Аз соли 2017 то соли 2019 дар вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2019—2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[1][2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Файзуллозода З.Қ.. president.tj. 22 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Файзуллозода З.Қ.. president.tj. 22 ноябри 2021 санҷида шуд.