Захира кардани мол — 1. Маҷмӯи ашё ва сарватҳои моддӣ, ки дар моликияти ин ё он шахс (Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ) муассисаи давлатӣ ё мутааллиқ ба ин ё он ташкилот бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ё пешбурди хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешавад. Ба захираи мол пул ва қоғазҳои қиматнок низ ворид мешаванд.

2. Маҷмӯи ашё ва ҳуқуқҳои амволӣ барои гирифтани ашё ё қаноатмандии амволӣ аз дигар ашхос (актив).

3. Маҷмӯи ашё, ҳуқуқу уҳдадориҳои амволӣ, ки вазъу ҳолати амволии (дороиӣ) дорандаи онро (соҳиби онро) нишон медиҳанд (актив ва пассив).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 170