Зикрихудо Самадзода
Зикрихудо Муҳаммадаюбхон Самадзода – иқтисодчӣ, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон | |
Таърихи таваллуд: | 11 феврал 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишЗикрихудо Самадзода 11 феврали соли 1970 дар ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1991 техникуми молиявӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст. Ихтисос: бюҷет, иқтисодчӣ. Раиси ноҳияи Ишкошим.
- Соли 1990 (06.08) - тафтишотчӣ–назоратчии Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
- Солҳои 1990-1991 - донишҷӯи техникуми молия ва иқтисоди шаҳри Душанбе;
- Соли 1991 (07.11) - тафтишотчӣ–назоратчии Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
- Солҳои 1991-1993 - назоратчии дараҷаи 1-и Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
- Солҳои 1993-1996 - тафтишотчӣ – назоратчии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 1996-2001 - тафтишотчӣ – назоратчии калони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи молияи ВМКБ;
- Солҳои 2001-2007 - сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
- Солҳои 2007-2010 - мутахассиси пешбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
- Солҳои 2010-2011 - иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати молияи ВМКБ;
- Солҳои 2011-2012 - сардори Сарраёсати молияи ВМКБ;
- Солҳои 2012-2013 - сараудитори палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли 2014 - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим;
- Аз моҳи феврали соли 2014 - то инҷониб Раиси ноҳияи Ишкошим мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.