Зирк
Зирк, зилол, зиришк, анбарборис (лот. Bérberis) — ҷинси буттаест аз оилаи зиркиҳо.
Зирк | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Berberis L. | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
Odostemon Raf. |
||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишБуттаи зирк сершохи хордор, баландиаш аз 50 см то 2,5 м мешавад. Пустлохи шохаҳояш зардча ё чигарии сурхтоб. Барги дурушти бемуяк, гули зард ё норанчи, гучуммеваи сурх, зард ё сиёхи дарозруя дорад. зирк дар чойҳои санглоху буттазори сохили дарё, нишебиҳои серсангу шахи кух, фарқу арчазор (дар баландии 1000 – 4300 м аз с.б.) мерӯяд.
Хосиятҳои шифоӣ
вироишЗирк давои қадимист. Бо максади табобат асосан пустлох, реша ва барги онро истифода мебаранд. Решаи зиркро бахорон ё тирамох ҷамъ меоранд. Пустлохи зирк дар давраи об давондани шохчахо (апр. – май) гундошта мешавад. Барги онро дар давраи гулшукуфт дасти мечинанд. Бояд гуфт, ки факат зирки мазруъ кимати баланди табобати дорад.
зиркро Абуали ибни Сино чун доруи зардарон ва хунбанд ба калам додааст. Мувофики маълумоти «Эхёу-т-тибби Субхони» гизое, ки ба он зирк андохтаанд, хангоми зардпарвин муфид аст. Мухаммад Хусайн дар «Махзану-л-адвия» оварда, ки зирк зардаро бартараф сохта, ба кори меъдаю чигар ва дил таквият мебахшад, галаёни хунро суст мекунад, барои муоличаи бавосир муфид аст.
Дар тибби мардуми аз реша, пустлоху шохчаи зирк киём тайёр мекунанд ва онро хангоми иллати узвҳои дарун, дарди по ё миён ва шикасти устухон, амрози чашм ва гуш ба кор мебаранд (онро шаб истеъмол мекунанд). Бо киёми зирк ҳамчунин табларза, радикулит, тарбод, хала, бемориҳои меъдаю руда дармон бахшида мешаванд. Чушоби хунуккардаи зиркро бинушанд, тасфи меъда ва чигарро таскин медихад, фишори баланди хунро ба эътидол меорад, хуншории узвҳои дарунро манъ мекунад, барои бавосир ва рафтани рутубат аз бачадон нофеъ аст. Самари зиркро куфта гузошта банданд, чойҳои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад, оби меваашро бинушанд, кай ва беҳузур шудани дилро манъ месозад, тухмашро махин куфта бихуранд, захми рудахоро шифо мебахшад, исхолеро, ки аз сустии аъзои шикам ходис шуда бошад, бозмедорад.
Аз реша ва чуби зирк киём тайёр мекунанд. Бо ин максад решаи зиркро бо теша тароша карда, дар дег мегиранд ва аз болояш об рехта, муддате мечушонанд. Сипас онро ба зарфи тоза гирифта хунук мекунанд. Баъди ин чушобро дубора ба дег андохта, дар оташи паст то киём шуданаш мечушонанд. Киёми зиркро ба андозаи нахуд ё гандум рузе 2 – 3 маротиба барои муоличаи устухони шикаста, дарди банду мушакхо истеъмол мекунанд. Киёми зирк давои хеле маъмул аст. Агар андак киёми зиркро дар гулоб хал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубати онро хушк менамояд. Киёми хушки зиркро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, биноиро таквият мебахшад. Агар онро дар об хал карда он обро дар дахон гардонанд, бадтарин дарди дахон ва чушиши милки дандонҳоро шифо мебахшад.
Дар тибби муосир давоҳои зиркро чун воситаи талхарон хангоми гепатитхо, гепатохолесистит, бемории санги талхадон кор мефармоянд. Бо накеъи зирк хунравиҳои баъди таваллуд ва вобаста ба илтихобро муолича менамоянд (онро 30 чакраги рузе 3 маротиба 2 – 3 хафта истеъмол мекунанд). Пустлохи зирк ба таркиби доруи «Холелитин» дохил мешавад, ки давои бемориҳои чигар ва талхадон аст. Решаи зирк ба таркиби адвиёти Здренко илова карда мешавад (онро барои табобати баъзе омосҳои саратони кор мефармоянд).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
- Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.