Зиёуддини Хуҷандӣ
Зиёуддин Маҳмуд ибни Ҷалолуддин Масъуди Хуҷандӣ (форсӣ: ضیاءالدین محمود بن جلالالدین مسعود خجندی, машҳур ба Зиёуддини Форсӣ; 1175, Хуҷанд — 1225, Ҳирот) — шоир, мутафаккир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1175 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1225 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Зиндагинома
вироишЗиёуддини Хуҷандӣ соли 570 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Чанде аз шеърҳои Зиёуддини Хуҷандӣ бо тахаллуси Порсӣ ё Порсизода гуфта шудаанд, ки ин тазкиранависонро ба иштибоҳ андохтааст:
Ҷаҳонам «Порсӣ» хондасту ҳаргиз
Бад-он ҷониб маро кас менахонад.
Муаллифи тазкираи «Оташкада» Лутфалибеки Озар гузаштагони Зиёуддини Хуҷандӣ-ро аз Форс гуфтааст. Аммо, бино ба маълумоти «Маҷмаъу-л-фусаҳо», зодгоҳи ӯ Шероз буда, дар ҷавонӣ ба Хуҷанд омадааст. Саид Нафисӣ, ки девони шоирро дар даст доштааст, ӯро аслан аз Хуҷанд гуфтааст. Воқеан Зиёуддини Хуҷандӣ дар Хуҷанд ба дунё омада, дар тамоми Мовароуннаҳр шуҳрат ёфтааст. Аз як шеъри ба ҳокими Хуҷанд — Беғумаликшоҳ (асри 13) навиштаи Сайфи Исфарангӣ маълум мешавад, ки Зиёуддини Хуҷандӣ дар дарбори ӯ ҳам шоир ва ҳам муншӣ будааст. Зиёуддини Хуҷандӣ бо адибон ва мутафаккирони Самарқанду Бухоро мукотиба ва робитаи илмию адабӣ дошта, баъдтар ба ин марказҳои сиёсию мадании Мовароуннаҳр рафта, мақоми баланд пайдо кардааст. Зиёуддини Хуҷандӣ бо файласуфи бузург Фахруддини Розӣ, ки чанд муддат дар Самарқанду Бухоро мезист, шинос шуда, аз ӯ фалсафа ва фиқҳро омӯхтааст. Аз ин ҷост, ки ҳамзамононаш шоирро шогирди ӯ донистаанд. Зиёуддини Хуҷандӣ ба асари «ал-Маҳсул»-и устодаш шарҳе навиштааст. Муаллифи «Оташкада» дар ин хусус гуфтааст: «Шарҳе, ки дар камоли тавзеҳ ва тафтеҳ ва ташбеҳ дар „Маҳсул“-и Имом Фахр навишта, бар фазли ӯ гувоҳест». Ин асари илмии ӯ то замони мо нарасидааст. Зиёуддини Хуҷандӣ чанд сол дар Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод карда, соли 1218 ба ватанаш баргаштааст. Ӯ бо шоирони муосираш Сайфи Исфарангӣ ва Шамсӣ Холаи Самарқандӣ муносибати дӯстона доштааст. Онҳо дар ашъорашон ҳунари шоирии ӯро васф кардаанд. Мас., Сайфи Исфарангӣ дар як рубоӣ гуфтааст:
Дар шеъри ту, к-он ба лутф аз ҷон беш аст,
Аз ҳар чӣ касе васф кунад, з-он беш аст.
Дар ибтидои ҳуҷуми Чингиз Зиёуддини Хуҷандӣ аз Мовароуннаҳр ба Хуросон фирор карда, рӯзҳои охири ҳаёташро дар Ҳирот гузаронидааст. Чанде аз ашъори парокандаи ӯ дар тазкираву баёз ва сафинаҳои қадима ба назар мерасанд. Ашъори Зиёуддини Хуҷандӣ аз ҷиҳати мазмун ва шакл ҷолибанд. Ӯ ҳарчанд дар қасидаҳояш бо тақозои айём ба васфу мадҳи амирон, махсусан Беғумаликшоҳ эътибори зиёд дода бошад ҳам, мавзӯи асосии шеъри ӯ фазлу адаб буда, барои исботи қадру манзалати арбоби илму адаби ба худаш монанд талош кардааст. Зиёуддини Хуҷандӣ дар шеър пайрави сабки ироқӣ буда, бештар ташбеҳу истиораҳои дақиқ овардааст.
Намунаҳо аз ашъори ӯ:
Тӯӣ, ки акси рухат тоби офтоб гирифт,
Насими турраи ту бӯи мушки ноб гирифт.
Синони чашми ту Миррихро ба захм афканд.
Каманди зулфи ту хуршедро ба тоб гирифт.
Зи ахтарон ба адад омаданд афзунтар,
Чу ошиқони туро осмон ҳисоб гирифт.
Замони бе гули рухсори ту зи дидаи ман
Ҳамон гирифт, ки аз дидаи саҳоб гирифт...
Заррин шуд, эй аҷаб, ҳама атрофи бӯстон,
Навъе зи кимиёст магар боди Меҳргон.
Барги турунҷ шуд ивази барги шанбалид.
Шохи дарахт шуд бадали шохи заъфарон.
Гӯӣ ҳар он қасида, ки булбул баҳор гуфт,
Бодаш ба зар навишта бар авроқи бӯстон.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зиёуддини Хуҷандӣ / С. Саъдиев, А. Асадуллоев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зиёуддини Хуҷандӣ / С. Саъдиев // Гавҳарак — Ирланд. — Д. : СИЭСТ, 1980. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 2).