Зиёуддин Юсуф Амирии Бадахшӣ
Зиёуддин Юсуф Амирии Бадахшӣ (форсӣ: ضیاءالدین یوسف امیری بدخشانی[1]; ? — тақр. 1490, Бадахшон) — шоир ва нависандаи зуллисонайни форс-тоҷик (ба забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ менавиштааст).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Дар доираи адабии Ҳирот, дарбори Шоҳрух (1377—1445) ва Бойсунқур (1397—1434) фаъолият намудааст. Аз Амирӣ то замони мо девони ашъор, маснавии «Даҳнома», манзума-мунозираи «Бангу Бода» расидаанд. Ба қавли Алишери Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») шеърҳои туркии Амирӣ шуҳрат надоштанд. Дар ашъораш ба мавзӯъҳои фалсафӣ, ишқи ирфонӣ аҳамият додааст. Забон, тарзи баёнаш содаву равон аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ضیاءالدین یوسف امیری بدخشانی. rasekhoon.net. 9 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Амирӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.