Зиё Икромов
Зиё Хонович Икромов (11 июни 1911, Бухоро — 18 октябри 1997, Душанбе) — доктори илми тиб (1950), профессор (1952)
Зиё Хонович Икромов | |
Таърихи таваллуд | 11 июн 1911 |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 18 октябр 1997 (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | беморхонаи н. Ургути вилояти Самарқанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павлов |
Зиндагинома
вироишЗиё Хонович Икромов соли 1930 Техникуми омӯзгории тоҷикӣ ва соли 1936 Донишкадаи давлатии тиббии ш. Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм намудааст. Аспирант (1936—1939) ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии факултавии Донишкадаи тиббии Тошканд (1939—1942), сардухтури беморхонаи н. Ургути вилояти Самарқанд (1942—1945), дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ҳамзамон сардори шуъбаи тандурустии ш. Сталинобод (1945—1948), дотсент ва сипас мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Донишкадаи тиббии Самарқанд (1948—1953), мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, (1953—1955), профессори кафедраҳои анатомияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1956—1976) -ро ба зимма дошт.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи беш аз 50 кори илмист, ки ба омӯзиши манбаъҳои маҳаллии пайдоиши санги пешоб дар сокинони водии Вахш бахшида шудаанд.
Осор
вироиш- Мочекаменная болезнь на юге Средней Азии: Дисс…доктора мед. наук. — М., 1950.[1]