Зоҳид Афгор
Зоҳид Афгор (форсӣ: زاهد افگار; ?, Самарқанд — 1676) — шоири форс-тоҷик.
Зоҳид | |
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 1676 |
Маҳалли даргузашт: | Самарқанд |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | рубоӣ, қасида, байт, ғазал |
Забони осор: | забони тоҷикӣ забони форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар Самарқанд ба дунё омада, илмҳои роиҷи давр ва инчунин илмҳои дигари аз барномаҳои мадраса берунро омӯхта буд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ («Музаккир-ул-асҳоб») Афгор аз илмҳои бисёри замона — кимиё, симиё (тилисм), лимиё (ҷузъе аз риёзиёт), сеҳру ҷоду, найранҷот ва ғайра огоҳӣ доштааст. Шахси порсо, тақводор, салоҳандеш, вирди Худованд дар замир, хушхулқ, суҳбаторо будааст. «Имтиёз», «Раъно», «Офарин» тахаллус доштааст ва ба ҳар яке аз ин тахаллусҳо девон тадвин кардааст. Ашъори боқимондааш дар навъҳои адабии қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра мазмуни фалсафӣ, ишқӣ-ирфонӣ доранд. Достоне иншо кардааст бо номи «Шамъу Парвона», инчунин ба «Туҳфату-л-ироқайн»-и Хоқонӣ ҷавоб гуфтааст.
Намунаҳо аз ашъори Афгор:
Чандон гиристам, ки нигоҳи ту об хӯрд,
Оҳе задам, ки зулфи ту сад печу тоб хӯрд.
Бар орази ту дидаи чашмам ба хок рехт,
Девори намкашида магар офтоб хӯрд?!
Ошиқонро дар бадан ҷуз устухону пӯст нест,
Сурати фонус бар маънӣ далели равшан аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Афгор // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.