Зулмобод (деҳа, н. Ёвон)
Зулмобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон. Аз Зулмобод то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 5 км, то маркази вилоят 106 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1992 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ёвон |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳасан Ҳусейнов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1992 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3141 |
Нишонаи почта | 735310 |
Иқтисод
вироишДеҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 осиёби барқӣ, сартарошхона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва як нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 45 ҳоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зулмобод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2