Исмоил Зулфиқоров

(Тағйири масир аз Зулфиқор Исмоилов)

Исмоил Зулфиқоров — (1930, деҳаи Муллотемур, ноҳияи Ғарм2014, деҳаи Шаҳристон, ноҳияи Тоҷикобод) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966).

Исмоил Зулфиқоров
Исмоил Зулфиқоров
Таърихи таваллуд 1930(1930)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт
Пеша(ҳо) мусиқидон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966)

Зиндагинома

вироиш

Исмоил Зулфиқоров соли 1930 дар деҳаи Муллотемури ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Исмоил Зулфиқоров аз соли 1958 дар мактаби миёнаи рақами 19 ноҳияи Ғарм муаллими суруд ва роҳбари дастаи ҳаваскорони санъат буд. Исмоил Зулфиқоров асосан сарояндаи сурудҳои халқии мардуми кӯҳистон буда, ишқу вафо, диёри маҳбуб ва айраро дар эҷодиёташ тараннум кардааст. Сурудҳои «Роғ», «Ҷонона», «Ошиқам» (шеърҳои халқӣ), «Бархез», «Медонӣ магар» (шеърҳои Лоҳутӣ) ва ғайра аз беҳтарин асарҳои иҷрокардаи ӯ мебошанд. Чанд суруди дилнишини Исмоил Зулфиқоров дар Фонди мусиқии радиои Тоҷикистон маҳфузанд. Исмоил Зулфиқоров услуби хоси иҷрокунандагӣ дошт, ки зимни эҳсосоти баланд ва табъи нозук ҳувайдо мешавад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш