Зумуррад
Зумуррад, зумурруд, зумруд (юн. σμάραγδος) — минерал, навъи берилли шаффоф, санги қиматбаҳои дараҷаи якум.
Кристаллы изумруда | |
---|---|
Формула | Be3Al2Si6O18 |
Примесь | Fe2O3, V2O3, Cr2O3 |
Физические свойства | |
Цвет | зелёный, желтовато-зелёный |
Цвет черты | белый |
Блеск | стеклянный |
Прозрачность | прозрачный, полупрозрачный |
Твёрдость | 7,5—8,0 по шкале Мооса |
Спайность | несовершенная |
Излом | раковистый, неровный |
Плотность | 2,69—2,78 г/см³ |
Сингония | гексагональная |
Показатель преломления | nω = 1,564—1,595, nε = 1,568—1,602 |
Он аз омехтаҳои оксиди хром (Cr2 O3) ранги сабзи баланд гирифтааст. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 7,5–8 (баъди алмос ва ёқут). Формулаи кимиёияш Be2 A2 (SiO3)6 (силикати бериллий ва алюминий). Дар сохтори гексагоналӣ шӯша баста, аксаран булӯрҳои сутунчашакл ҳосил мекунад. Булӯрҳои калон (беш аз 5 қирот) ва бенақсу баландранги он аз алмос қиматтар аст.
Конҳо
вироишКонҳои зумуррад дар натиҷаи тағйирёбии тамоси амфиболитҳо, варақсангҳои магнезитӣ ва серпетинитҳо аз таъсири пегматитҳои гранитӣ ҳосил мешаванд. зумуррад инчунин дар рагҳои кварс ва шпати даштидор ба назар мерасад. Конҳояш нисбатан кам буда, дар Руссия (Урал), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (Трансваал), Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Колумбия (Мусо) воқеанд. Дар Тоҷикистон ҷинсҳои тафтавӣ, пегматит ва рагҳои кварсии минерали берил, зумурради ношаффофдошта дучор меоянд. Мавҷудияти зумуррад дар Тоҷикистон то Инқилоби Октябр маълум буд. Соли 1906 топографи ҳарбӣ Л. Б. Боршевский аз минтақаи Дарвоз 3 кристалли санги қиматбаҳоро пайдо карда, ба унвони генерал-губернатори Туркистон (дар ш. Тошканд) фиристод. Мутахассисон яке аз он сангҳоро эҳтимолан зумуррад муайян карданд. Соли 1986 мудири лаборатория (озмоишгоҳ)-и сарватҳои табиии Ин-ти геологияи АИ Тоҷикистон Л. Н. Россовский ва акад. Р. Баротов дар мақолаи худ қайд карда буданд, ки минтақаи азими паҳншавии пегматитҳои сангҳои гаронбаҳо (сапфир, рубин, скаполит, берилли асил – зумуррад, булӯри кӯҳӣ) аз тарафи ғарб ба шимолу ғарб аз қ-кӯҳи Ҳиндукуш (Афғонистон ва Покистон) оғоз гардида, ба Помири Ҷанубӣ (қисми ҷанубии Бадахшон) мегузарад ва минбаъд ба Қароқурум ва Ҳимолой (Хитой, Ҳиндустон, Непал, Бутон) ба масофаи зиёда аз 3000 км (бараш 200–400 км ) тӯл мекашад.
Зумуррадро бо роҳи сунъӣ низ ҳосил мекунанд. Онро дар Мисри Қадим ва Бобил медонистанд. Дар асри 2 то мелод дар Африқои Шимолӣ (дар соҳили б. Сурх) зумуррадро аз конҳо истихроҷ мекарданд. Ҳоло аксари зумурради ҷавоҳириро (заргариро) аз конҳои Бразилия ва Колумбия истихроҷ мекунанд. Тибқи ривоятҳои қадимӣ мардум онро ҳамчун санги сеҳрнок ва тилисми боқудрат нигоҳ медоштанд ва бо зумуррад тоҷи шоҳон ва салиби насрониёнро оро медоданд. Онро санги шифобахш шуморида, барои табобати дилу рагҳои хунгард ва чашм истифода мебурданд. Ба пиндори онҳо ҳар кас, ки ангуштарии нигинаш аз зумуррадро бо худ бигирад, хоби бад намебинад ва он одамро аз ғаму ғусса, бемориҳои дил, беҳушшавӣ, бехобӣ, саръ ва вабо ҳифз мекунад. зумуррад барои тайёр кардани ҳар гуна маснуоти заргарӣ (нигини ангуштарин, дастпона, гӯшвора ва ғ.) ба кор меравад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зумуррад // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Баротов Р. Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон. Ривоят ва ҳақиқат. Д., 1996;
- Баротов Р. Сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Тоҷикистон. Д., 2005;
- Файзиев А. Р. Минералогияи тавсифӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯён). Д., 2013.