Зуҳд (ар. زهد‎ ‒ порсоӣ, парҳезгорӣ, тарки дунё) — яке аз воситаҳои расидан ба мақсадҳои махсуси динӣ ё ахлоқӣ; маҳдудкунӣ, идоракунӣ ва фурӯнишонии майлу рағбат ва шаҳвату хоҳиш; ченаки ахлоқ, нақизи рағбат.

Таърих

вироиш

Нишонаҳои зуҳд аз ҷамъияти ибтидоӣ маншаъ мегиранд. Зуҳд дар динҳои Ҳинди Қадим (бараҳмания, ҷайния, буддоия, ҳиндуия), Эрони бостон (зурвония, зардуштия, монавия), ҷараёнҳои динию фалсафии Юнони Қадим (орфикҳо, пифагориҳо), махсусан дар динҳои тавҳидӣ (яҳудия, масеҳия ва ислом) мушоҳида мешавад. Мақсаду мароми зуҳд дар таълимоти динию фалсафӣ гуногун аст. Мас., агар зуҳди калбиюн дар тарғиби андешаи фориғ будан аз талабот ва робитаҳои ҷамъиятӣ ифода ёфта бошад, дар таълимоти дугонагии динӣ, махсусан дар монавия, ки ҷисму моддиётро «зиндони нафс» медонистанд, зуҳд воситаи бартарафкунии шаҳват ва озодӣ аз он мебошад. Зуҳд дар динҳои тавҳидӣ, дар маҷмӯъ, рӯйгардонӣ аз дунё ва хушиҳои он ва гироиш ба ибодати Худост. Рӯзадорӣ, гӯшанишинӣ, муҷаррадӣ, машаққати нафс (риёзат) ва ғ. шаклҳои маъмули зуҳданд.

Зуҳд аз манбаъҳои ташаккули тасаввуф ба ҳисоб меравад. Дар баъзе тариқатҳои тасаввуф зуҳд мақоми дуюм (баъд аз тавба) ва дар баъзеи дигар мақоми сеюми сулук (баъд аз тавба ва тақво) маҳсуб аст. Дар асрҳои 8-9 зуҳд бештар маънои аз либос, макон, хӯроки хуб ва зану фарзанд даст кашиданро дошт. Сипас, дар натиҷаи рушди ҷанбаи назариявии тасаввуф зуҳд ба маънии даст кашидан аз тамоми чизҳо, ба ҷуз ҳақиқати илоҳӣ, ба кор мерафт, ки яке аз сабабҳои пайдоиши равияҳои ишқия, иттисолия, иттиҳодия, маломатия, ибоҳатия ва ғ. гардид. Зуҳд аз ҷумлаи мақомоте шумурда мешуд, ки бояд ниҳонӣ тай мешуд. Агар касоне, фаразан, ҳамчун зоҳид машҳур мегаштанд, боиси маломати «аҳли ҳақ» ва муттаҳам ба зоҳирпарастӣ мегардиданд. Чунонки Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чи гӯяд, ҷои ҳеч икроҳ нест...
Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст,
В-арна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.

Бештар суханони машоих дар таърифи зуҳд барои фарқ гузоштан байни муддаиён ва содиқон аст, ки зарурати тарки молу мулк ва хоҳиши ҳаққи нафс бар онро таъкид мекунанд. Ба қавли Ҷунайди Бағдодӣ, зуҳд дастони холӣ аз мол ва қалби озод аз тамаъ аст. Сарии Сақатӣ мегӯяд: «Зуҳд тарки хоҳишоти нафс аст аз тамоми он чӣ дар дунёст». Ин зуҳди оммаи мардум ва дараҷаи аввали он аст. Дараҷаи дуввум зуҳди хоссон аст, ки зуҳди дар зуҳд мебошад. Ҳосили он рағбат, ихтиёр ва иттилои нафси инсон аст бар ҳаққи ухравии нафс. Ин ҳолатро фанои иродат ва ихтиёри инсон дар иродат ва ихтиёри Ҳақ гуфтаанд. Дар дараҷаи севум зуҳди хосса-л-хоссон қарор дорад, ки зуҳди ба Худо унвон дорад. Он зуҳд дар дунё ба ихтиёри Ҳақ баъд аз фанои ихтиёри худ буда, махсус аст ба анбиё ва хоссони авлиё. Зуҳдро натиҷаи ҳикмат низ гуфтаанд, зеро ҳаким касеро гӯянд, ки бинои корҳо бар асоси муҳкам ниҳад. Зоҳид ба ҷиҳати тарки дунёи фонӣ ва рағбат дар охирати боқӣ бинои кори худ бар қоидаи муҳкам ниҳодааст. Дар назарияи ваҳдати вуҷуд тобиши манфӣ ва мусбати зуҳд дар самти ягонаи тавсиявӣ муттаҳид мешавад. Чунонки гуфтаанд:

Он гоҳ, ки ғараз зи зуҳд беҳбуди худ аст,
Ё тоати Ҳақ зи баҳри мақсуди худ аст.
Гӯ: Рӯй ба худ кун, на ба меҳроб, аз он-к
Ҳам Ӯст ба таҳқиқ, ки маъбуди Худ аст!

Дар замони муосир низ аломатҳои зуҳд дар бисёр равияҳои динӣ-ахлоқӣ мушоҳида мегарданд.

Адабиёт

вироиш