Зӯҳро Мирзоева
Зӯҳро Амонуллоевна Мирзоева (1947, деҳаи Рарзи н. Айнӣ - 27 январи соли 2023, ш. Душанбе) — доктори илмҳои тиб (2002), профессор (2004).
Зӯҳро Амонуллоевна Мирзоева | |
Таърихи таваллуд | 1947 |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 27 январ 2023 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдак, Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони тибби Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (аз соли 2004) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Ҷоизаҳо | «Аълочии тандурустии ҶТ» |
Зиндагинома
вироишЗӯҳро Амонуллоевна Мирзоева хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббӣ (1967) ва факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1973). Акушер-гинекологи таваллудхонаи №1-и Душанбе (1973-1974), аспирант (1974-1977), ходими калони илмии кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1978-1981), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдак (1981-1986), раиси кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони тибби Тоҷикистон (1986-1992), узви ҳайати мушовараи Вазорати ҳифзи тандурустӣ (1993-1995) ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи «Сомонӣ» доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ (1995-2003), корманд (2003-2004) ва мудири кафедраи тибби оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (аз соли 2004), ҳамзамон Президенти Ассотсиатсияи табибони оилавии Тоҷикистон ва декани факултаи тансиҳатии оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 80 таълифоти илмӣ, методӣ, чандин пешниҳоди навоварона аст. Доир ба асосҳои иҷтимоӣ-гигиении рушди системаи ҳифзи нигаҳдории аҳолии ҷумҳурӣ таҳқиқот анҷом додааст. Зӯҳро Амонуллоевна Мирзоева 27 январи соли 2023 дар ш. Душанбе даргузаштааст.[1].
Осор
вироиш- Температурочувствительные мутации как возможная причина эмбриоле-гальности ӯ человека. – М., 1978;
- Социально-гигиеническое обоснование приоритетных направлений совершенствования системы охраны здоровья населения Таджикистана: Дисс…доктора мед. наук. – М., 2002.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ В Душанбе ушла из жизни профессор Зухра Мирзоева. asiaplustj.info. ASIA-Plus (28 Январ 2023). 10 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 346.