Зиёуддин ибни Абдуллох ибни Муҳаммад ал-Малакӣ маъруф ба Ибни Байтор (ар. ابن البيطار‎; тақрибан 1197[1][2][3], Молого, Андалусия1248[1][4][5][…], Димишқ) — гиёҳшинос ва дорушиноси мусулмон аз Андалус.

Ибни Байтор
ар. ابن البيطار
Таърихи таваллуд тақрибан 1197[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1248[1][4][5][…]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ гиёҳшиносӣ
Шогирдон Ibn Abi Usaibia[d] ва Ас-Сувайдӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ӯ бузургтарин донишманди садаҳои миёна дар риштаи тахсисии хеш аст. Ибни Байтор аз хонадони Байтор Молқа аст. Ӯ дар Ишбилия, ки дар рӯзгори Ибни Байтор маркази бузурги илму адаб буд, гиёҳшиносӣ омӯхт. Бо осори пизишкон ва гиёҳдорушиносон ошно шуд ва ба қасди пажӯҳиш дар бораи гиёҳшиносӣ ба мутолиъаи китобҳои пешин ва низ сафар ба кишварҳои ғарби ҷаҳони ислом пардохт, Ибни Байтор дар Шом бо Ибни Абиусайбиа ошно шуд, ки баъдҳо дар гиёҳдорушиносӣ шуҳрати бисёр ёфт.

Дар Миср малик Комили Айюби ӯро раиси дорушиносон таъйин намуд. Пас аз даргузашти малик ба хидмати писару ӯ малик Одили Айюбӣ даромад. Ибни Байтор ахиран дар Димишқ иқомат варзида дар онҷо вафот кардааст.

Таълифот

вироиш

Ибни Байтор доир ба рустаниҳои доруӣ назири «Ал-Муғни фи-л-адвияти-л-муфрада» («Китоби кифоякунанда дар бораи доруҳои сода»), «Ал-Ҷомеъ ли муфрадоти-л-адвия ва-л-ағзия» («Китоби ҷомеъ дар бораи доруҳои сода ва ғизоҳо») чандин асарҳо навиштааст. Ибни Байтор аз асарҳои Дискуридус, Ҷолинус, Ибни Сино ва дигарон васеъ истифода бурдааст.

Асари бисёр маъруфи ӯ «Муфрадоти Ибни Байтор» ё «ал-Ҷомеъ» аст. Ин китоб, ки иттилооти 1400 доруи муфрад, яъне доруи содда ва ғайритаркибиро дар худ дорад, ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Асари дигари Ибни Байтор «ал-Мағнӣ» аст, ки дар он доруи ҳар беморӣ шарҳ дода шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 MAK (лаҳ.)
  3. 3.0 3.1 https://www.biusante.parisdescartes.fr/histoire/biographies/index.php?cle=19368 (фр.)BIU Santé.
  4. 4.0 4.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  5. 5.0 5.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/22348 (ингл.)

Адабиёт

вироиш