Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ат-Танҷӣ, маъруф ба Ибни Баттута (барбарӣ: ⵎⵉⵙ ⵏ ⵡⵓⴱⵟⵟⵓⵟ; ар. ابن بطوطة‎; 24 феврал 1304[1][2], Танҷа[d], Мариниён[d][3]тақрибан 1368, Фос[d], Мариниён[d][3]) — гардишгар, бозаргон ва ҷуғрофиёдони араб, ки тамоми кишварҳои ҷаҳони ислом ва ғайриисломӣ — аз Булғор то Момбаса, аз Тимбукту то Чинро тай кардааст. Дар тӯли нуҳ моҳи будубош дар Молдив, ӯ бо духтари султони пир издивоҷ кард.

Ибни Баттута
ар. مُحمَّد بن عبد الله بن مُحمَّد اللواتي الطنجي
Сурат
Таърихи таваллуд 24 феврал 1304[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1368
Маҳалли даргузашт
Пеша гардишгар, ҷуғрофиёдон, нависанда, нақшанигор, қозӣ, бозаргон, мусофир, фақеҳ
Ҳамсар first wife of Ibn Battuta[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Кӯдакӣ ва ҷавонӣ

вироиш

Номи пурраи ӯ: Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Юсуф ал-Лавотӣ ат-Танҷӣ ибни Баттута ибни Ҳамид ал-Ғозӣ ал-Қурайш ал-Алӣ أَبُو عَبْدُ ٱللّٰهِ مُحَمَّدٌ اِبْنُ عَبْدِ ٱللّٰهِ بْنُ مُحَمَّدٍ اِبْنُ إِبْرَاهِيمَ بْنُ يُوسُفَ ٱللَّوَاتِي ٱلطَّنْجِي بْنُ بَطُّوطَةُ بْنُ حَمِيدٍ اَلْغَازِي بْنُ ٱلقُرَيْشٍ اَلْعَلِي‎‎ محمد ابن إبراهيم بن يوسف ٱللواتي аст. Ибни Баттута 25 феврали соли 1304 дар Танҷа (Марокаш) дар хонаводаи шайхи муҳтарам Абдаллоҳ ал-Лавотӣ ба дунё омадааст. Соли 1324 ба сӯи Макка раҳсипор шуду Миср, Шом, Фаластин, Ҳиҷоз, Ироқ, Эрон, Яман, Баҳрайн, Туркистон, Байнаннаҳрайн ва бахше аз Ҳиндучин, Ҷова, ховари аврупо ва ховари Африқоро паймуду саранҷом ба Мағриб (Марокаш) назди шоҳ Абӣ Ъаннон аз шоҳони Банӣ Марин баргашт. Сафари ӯ 27 сол ба дарозо кашид (1325—1352) ва дар Марокаш соли 1377 даргузашт. Ибни Баттута камобеш ҳамаср бо Морку Пулу буд, аммо беш аз се баробари Морку Пулу роҳ паймуд. Ибни Баттутаро метавон яке аз бузургтарин ҷаҳонгардони торихи башарӣ ба шумор овард[4]

Сафарнома

вироиш

Ин сафарнома, ки «Туҳфату-н-назор фӣ ғароибу-л-амсор ва ъаҷоибу-л-асфор[5]» ном дорад, дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ ва ба дастури яке аз умарои Мағриб нигошта шудааст. Дарунмояҳои он баромада аз дидаҳо ва озмӯдаҳҳои худи Ибни Баттута аст. Беш аз 20%-и ин китоб ба шарҳу васфи сафари Ибни Баттута ба Ҳиндустону ҷазоири Молдов ихтисос ёфтааст. Ӯ дар бораи хулқу хӯи мардуми он диёру роҳҳои бозаргонии он бо Чин иттилооти муҳимме ироа мекунад. Ибни Баттута танҳо нависандае дар садаҳои миёна аст, ки иттилооти муҳимме дар бораи ҷазоири Молдов, ҷануби Русия ва Африқо медиҳад. беҳтарини пажӯҳиш дар мавриди Ибни Баттутаро профессур Абдулҳодӣ Алтозӣ анҷом додаву китоби дуҷилдии ӯ ба забони арабиро ҳанӯз ба форсии барнагардондаанд. Сафарномаи Ибни Баттутаро дуктур Муҳаммадалии Муваҳҳид ба форсӣ тарҷума кардааст.

Маконҳое, ки Ибни Баттута аз онҳо боздид кардааст

вироиш

Ибни Баттута дар гузари зиндагонии хеш беш аз 117 500 килуметр роҳи паймуду тибқи марзбандии имрӯз метавон гуфт ӯ ба 44 кишвар сафар кардааст. Ибни Ҷузай нақл мекунад, ки ӯ дар поёни сафари худ гуфтааст: «Ман дар воқеъ биҳамдуллаҳ ба орзуи худ дар ин гетӣ, ки ҳамон сафар бар рӯйи замин аст даст ёфтам, ифтихоре, ки афроди одии дигар ба он даст наёзиданд.»

  1. 1.0 1.1 Hrbek I. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.)Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 autori vari Dizionario di Storia (итол.) / Istituto dell'Enciclopedia Italiana — 2010.
  4. Nehru, Jawaharlal (1989). Glimpses of World History. Oxford University Press. p. 752. ISBN 0-19-561323-6.  After outlining the extensive route of Ibn Battuta’s Journey, Nehru notes: «This is a record of travel which is rare enough today with our many conveniences…. In any event, Ibn Battuta must be amongst the great travellers of all time.»
  5. تحفة النظار في غرائب الأمصار وعجائب الأسفار, Tuḥfat'n-Nuẓẓār fī Gharāʾib al-Amṣār wa ʿAjāʾib al-Asfā