Ибни Боҷа
Абӯбакр Муҳаммад ибни Яҳё, маъруф ба Ибни Баҷа (ар. ابن باجة; тақрибан 1070, Сарагоса — 1138, Фос, Марокаш) — файласуф, пизишк, шоир ва сиёсатмадори араб, аввалин намояндаи бузурги арастугарии шарқ дар Испониёи исломӣ. Дар фалсафии лотинзабон Ибни Боҷа бо номи Avenpace ё Avempace маъруф аст.
Таърихи таваллуд | тақрибан 1080[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1139[2][3] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа[4], Arab philosophy[d][4], ахтаршиносӣ[4], физик[4], пизишкӣ[4], гиёҳшиносӣ[4], шеър[4], мусиқӣ[4] ва сиёсат[4] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАбӯбакр Муҳаммад ибни Яҳё ибни Соиғи Туҷибии Сарқустӣ дар охири садаи XI дар Сарақуста ба дунё омадааст. Гоҳи таваллуди ӯро ҳарчанд дақиқ намедонанд, вале онро солҳои 478-и ҳиҷрии қамарӣ/1085-и мелодӣ гумон мезананд. Ин санаро аз он ҷо мебароранд, ки Ибни Боҷа соли 502-и ҳиҷрӣ вазир гардида, ки бисёр ҷавон буда, низ дар соли 533-и ҳиҷрӣ/1138-и мелодӣ аз олам рафта, ки ба синни пирӣ нарасидааст.
Аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Ибни Боҷа маълумоте дар даст нест. Аммо метавон ҳадс зад, ки ӯ дар ин ҳангом машғули омӯзиши донишҳои роиҷи даврони худ будааст. Дар ин давра, ки силсилаи Мулукуттавоиф ҳукумат менамуд, ба илму дониш таваҷҷуҳи хос доштанд, ки дар натиҷа сабаби ривоҷу равнақи донишҳои таҷрибӣ ва гуманитарӣ, хосса риёзиёт ва нуҷум гардида буд. Анвоъи донишҳое, ки Ибни Боҷа дар 163 бузургсолӣ ба кор бурдаву дар ҳалли масъалаҳои он чирадаст гардида, мисли илмҳои риёзӣ, ҳандаса, нуҷум, тиб, шариат, усули фиқҳ, адабиёт ва фалсафаву мантиқ маълум мегардад, ки дар тифлӣ онҳоро омӯхтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118859803 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ NUKAT — 2002.
- ↑ Gran Enciclopedia Aragonesa (исп.) — 1977.
- ↑ 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Stanford Encyclopedia of Philosophy (ингл.) — Stanford University, Center for the Study of Language & Information, 1995. — ISSN 1095-5054