Ибни Ҷомеъ
Ибни Ҷомеъ (ар. ابن جامع, Абулқосим Исмоил ибни Абдуллоҳ ибни Мутталиб; 762, Рай, — 812, Андалус) — мусиқидон, хонанда, навозанда ва мусаннифи эронитабори араб.
ар. ابن جامع |
Зиндагинома
вироишСознавозӣ, овозхониро аз падараш дар зодгоҳаш омӯхт. Баъди камолот рӯ ба марокизи аҳли Арабу Аҷам оварда, муддате дар Макка, Мадина, Димишқ, Маввасил, Бағдод иқомат карда, бо хонадони ромишгарони эронитабор Мансури Залзал, Иброҳиму Исҳоқи Мавсилӣ, Нашити Форсӣ ва дигарон ошноӣ пайдо карда, дониши мусиқӣ,адабию назариашро такмил медиҳад. Дар сознавозӣ, овозхонӣ ба Иброҳими Мосулӣ ихлосу иродати ҳунарӣ дошт ва сабки иҷроии ӯро бо таҷдид идома медод. Ба сулолаи ромишгарони эронитабори Бағдод рақобати ҳунарӣ ҳам дошт ва охируламр рӯ ба Андалузия овард ва ба дарбори Абдурраҳмони Доҳилӣ ворид шуд, то охири умр он ҷо монд. Дар мактаби Андалузия (Кордова) сабки иҷроии Ҳуросониро ба сабки маҳаллӣ омезиш дода, дар ин замина корҳои зиёди ҳунарӣ аннҷом медиҳад. Равияи иҷроӣ, корҳои ҳунариашро гунҷоиш додааст. Мӯътакидону пайравони зиёде дар сознавозӣ ва овозхонӣ доштааст.
Дар тазмини 7-дастони «Срот-и Хусравоник» — Борбад маҷмӯъа ва китобе бо номи «Сабъ-ал-оғонӣ» («Ҳафт суруд»)-ро сохта, ба навиштаи ӯ роҷеъ ба пояҳои ҳирфаии иҷроӣ истинод менамудаанд. Дар ин асараш оид ба 7-дастони Борбад («Хусравонӣ») нуктаҳои ҷолиб карда ва дигаронро ба омӯзиши ин сабки устодона ташвиқ мекунад[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 82 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
вироиш- Абӯлфараҷ Исфаҳонӣ, Китоб-ал-оғонӣ, Миср, 1900—1905;
- Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376;
- Ибни Надим, Ал-феҳрист, Теҳрон, 1346;
- Шуштарӣ М. Эрон гаҳвораи донишу ҳунар, Теҳрон, 1346;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ. 1988;
- Farmer H.A. hictory of Arabian Music, London, 1945.