Ибодат Норова (тав. 5 майи 1922, Хуҷанд) — забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1966), дотсент (1971).

Ибодат Норова
Ибодат Норова
Таърихи таваллуд 5 май 1922(1922-05-05) (101 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

То соли 1964 дар вазифаҳои масъулиятноки ҳизбӣ кор карда буд. Солҳои 1964—1994 дар вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Дар давоми 30 соли фаъолияташ дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисони маълумоти олидор барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Муаллифи зиёда аз 15 корҳои илмӣ, аз ҷумла рисолаи «Мухотаб ва калимаҳою ибораҳои туфайлӣ дар забони адабии тоҷик» аст. Барои хидматҳояш бо 2 медал, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш