Ибодулло Нарзиқулов
Ибодулло Қосимович Нарзиқулов (12 ноябри 1909, Самарқанд — 2 апрели 1974, Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (1950), профессор (1968), Академик (1953), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).
Таърихи таваллуд | 12 ноябр 1909 |
---|---|
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 3 апрел 1973 (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе , |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Раиси Госплани Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, и.в. президенти АИ ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти индустириалии ш.Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург), ИҶШС |
Ҷоизаҳо | Ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени»Нишони Фахрӣ», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964), медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишИбодулло Нарзиқулов соли 1935 Институти индустриалии Ленинградро хатм кардааст, ихтисос — «иқтисоди саноат» Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисоди саноат.
- 1941—1943 — Ёвари раиси Шӯрои комиссариати халқ ҶШС Тоҷикистон,
- 1943—1946 — раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон,
- 1951—1953 — Муовини сардори Раёсати Бахши тоҷикистонии АИ ИҶШС Тоҷикистон,
- 1954—1956 — Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
- 1956—1957 — Муовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон,
- 1957—1967 — Ноиби аввали президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1966—1968 — иҷрокунандаи вазифаи президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1966—1973 — раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).[1]
Адабиёт
вироиш- Ибадулла Касимович Нарзикулов. Материалы к библиографии ученных Таджикистана. — Д., 1969.
- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 92 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
Сарчашма
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
Пайвандҳо
вироиш- Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |