Ибози́я (абозия, ар. الاباضية‎), ибодия — фирқае аз хавориҷ, ки муассисаш Абдуллоҳ ибни Абози Тамимӣ мебошад. Он яке аз куҳантарин фирқаҳо дар байни мусулмонон аст. Ба абозия гурӯҳи нисбатан хурде шомил буд, вале аз лиҳози таърихӣ ва таълимоташ аҳамияти бузургеро молик мебошад. Абозия пайравони худро аҳли ҳақ ё худ асҳоби даъват ва мазҳаби худро «мазҳаб-ул-муҳаққиқа» медонист ва иддао дошт, ки аз тамоми фирқаҳои исломӣ ягона фирқаи наҷотёфта мебошад. Аз ин рӯ, абозиён баъзан мазҳаби худро «ноҷия» низ номидаанд.

Абозия ва хавориҷ

вироиш

Пайравони абозия худро наздиктарин мазҳаб ба рӯҳи ислом ҳисобида, гумон мекарданд, ки чун онҳо аз аҳли ҳақанд, ҳатман пирӯзӣ насибашон хоҳад шуд. Аз ибтидои ҷудо шуданаш аз хавориҷ, пайравони абозия хусусияти тундравонаи онро напазируфтанд ва тамоюли мӯътадилонаро касб карданд. Бо мурури замон пайравони абозия ба аҳли суннат ва ҷамоат наздик шуданд ва абозиёни Либиёву Тунис тафовути андаке бо тасаннун доштанд, вале абозиёни Алҷазоир ва Уммон роҳуравиши қаблии худро идома доданд. Муаррихони маъруфи абозия ба мисли Барродӣ дар «Ҷавоҳир-ул-мунтақот» ва Шамоқӣ дар «Китоб-ус-садр» таърихи пайдоиши абозия ро ба замони хилофати Усмон расонидаанд ва абозияро қадимтарин фирқае эълон намудаанд, ки гӯё қабл аз хавориҷ пайдо шуда бошад. Дар асл бошад, ин фирқа зимни ҳаракати хориҷия арзи вуҷуд намудааст.

Хуруҷ

вироиш

Аввалин хурӯҷи абозия барои ба даст овардани хилофат дар аҳди халифа Марвони II бо роҳбарии Абдуллоҳ ибни Абоз ба вуқӯъ пайваста буд. Онҳо Мадинаро ба тасарруфи худ дароварданд ва хатари ҷиддӣ барои Умавиён эҷод намуданд, вале Маккаро ишғол карда натавонистанд. Баъди шикаст хӯрданашон дар муҳорибаи Алқуро, абозиён ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳе аз он дар Басра дар атрофи Нофеъ ибни Азрақии Ҳанзалӣ ва Абдуллоҳ ибни Саффори Саъдӣ ва гурӯҳи дуюм ба Уммон дар гирди Наҷда ибни Ҳомун ва Абуфудайк муттаҳид шуданд.

Ақида

вироиш

Ба фикри пайравони абозия сифоти худо айни зоти ӯст. Имоми аввалини абозия Ҷобир ибни Зайд мебошад. Интихоби имом пинҳонӣ сурат мегирифт. Пайравони абозия усули фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоатро ба ҷуз иҷмоъ мепазируфтанд. Фарқи асосии хориҷия ва дигар фирқаҳои аз он пайдошуда аз абозия дар он зоҳир мегардид, ки абозиён фарди гуноҳи кабира содиркардаро кофир мехонданд, зеро мувофиқи таълимоти онҳо итоат ҳам имон аст ва ҳам дин. Абозиён мавқеи мӯътадилонаро интихоб карда, касеро мушрик мешумориданд, ки худоро қабул надошта бошад, ё ваҷҳе аз вуҷӯҳи тавҳидро инкор ва ё ҳарфе аз ҳуруфи каломи Аллоҳро мункир шавад, ҳалоли мансухро ҳаром ва ҳароми мансухро ҳалол эълон кунад. Худо гуноҳи кӯдаконро мебахшад, вале болиғон дар сурати содир кардани гуноҳ бояд тавба кунанд. Абозия қувваи илму имонро иктисобӣ намедонад, онҳо ба фикри абозиён нуре мебошанд, ки ба қалби муъмин метобанд, ӯро аз дунё дур сохта, барои марг ва зиндагии абадии бозпасин омода месозад.

Шохаҳои ибозия

вироиш

Абозиён ба чаҳор шоха тақсим шуда буданд: ҳафсия, ҳорисия, язидия ва аҳли тоат.

Ҳоло пайравони абозия дар шимоли Африка, Уммон, Алҷазоир ва Либиё фаъолият доранд. Дар Тунис дар ҷазираи Ҷурба ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҷамоаҳои абозия бо ҳам робита доранд ва ба гурӯҳҳои динию сиёсӣ ҷудо шудаанд. Абозиёни Алҷазоир бо аҳли суннат камтар омезиш пайдо кардаанд ва таълимоти худро то дараҷае ҳифз намудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Абдулқоҳири Бағдодӣ. Таърихи мазоҳиби ислом ё тарҷумаи фарқ байн-ал-фирақ. Табрез, 1333;
  • Маделунг. Фирқаҳои исломӣ, Т., 1377;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 3, Т., 1368, ҳ. ш.

Пайвандҳои берунӣ

вироиш

Сарчашма

вироиш