Зарф ҳам монанди дигар ҳиссаҳои мустақили нутқ дар ҷумла калимаҳоро ба худ тобеъ карда,ибора месозад.Зарфҳои замон,макон.миқдор ва дараҷа ба вазифаи ҷузъи асосии ибора омада,исм,ҷонишин,шумора ва зарфро ба худ тобеъ мекунанд:пештар аз ман,аз ҳама аввал,аз ҳавлии мо болотар.як соат пештар,каме дуртар: Ҳатто ин пагоҳӣ андаке барвақттар хеста,токҳои рӯи ҳавлиашонро буридам (Ортиқов).Суханҳояшон ҳамеша духӯра-думаънодор ва дашномҳошон қариб ҳамеша бо киноя ва истиора буд (Садриддин Айнӣ).

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1989. - 224с.