Ибора (дастури забон)
Ибора — ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъное мебошанд, ки ба ҳам тобеъ буда, як мафҳуми мураккабро ифода мекунанд: субҳи босафо, асари нависанда, шахси софдил, аз китоб хондан, ин суханҳо, чор тараф ва ғайра.
Дар ташкили ибора ҳамаи ҳиссаҳои мустақили нутқ иштирок мекунанд. Ба хелҳо ҷудо шудани ибора ба ҷузъи асосӣ вобаста аст, чунки ҷузъи асосӣ тобеъкунанда буда,ҷузъи тобеъшаванда онро эзоҳ медиҳад. Аз ин хотир, агар ҷузъи асосӣ исм бошад, ибораи исмист, агар сифат бошад, ибораи сифатӣ мешавад.
Ибораҳо ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш,1989. — 224 с.