Иброҳими Теҳронӣ (форсӣ: ابراهیم تهرانى‎), машҳур ба Мирзо Аму (қарни XVIII — қарни XIX) — хушнавис, настаълиқнавис ва катибанависи форс-тоҷик, шогирди Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ.

Иброҳими Теҳронӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 июл 1903(1903-07-07)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Дар катибанависӣ машҳур буд ва осори барҷастае аз худ боқӣ гузоштааст. Осори таърихдори ӯ дар солҳои 1874-96 навишта шудаанд. Катибаҳои бозмонда аз ӯ дар биноҳои мазҳабӣ: катибаи атрофи айвони оинаи Имомзода Ҳамза дар ш. Рай (1291 қ./1874 м.), ки аз беҳтарин осори ӯ ба шумор меравад; катибаи ҳафтбайтӣ аз Абдулмаҷиди Қумӣ мутахаллис ба «Сайид» дар камарбанди айвони шимолии саҳни куҳнаи остонаи ҳазрати Маъсума бар кошии хиштии лоҷувардӣ (1301 қ. /1883 м.); катибаи дубайтии кандашуда бар санги мармари остонаи даре, ки миёни равоқ ва айвони оинаи ҳазрати Маъсума қарор дорад (1301қ./1883 м.); катибаи пояи гулдастаи шарқии пеши айвони мақсураи Масҷиди Сипаҳсолори Эрон (1302 қ./1884 м.); катибаи дари даромадгоҳи ҳарами Имомзода Тоҳир дар остонаи ҳазрати Абдулазим (1308 қ./1890 м.); катибаи ҳаждаҳбайтӣ дар дари нуқраии самти шарқии ҳарами ҳазрати Маъсума (1319 қ./1892 м.); катибаи чордаҳбайтӣ аз Шӯрида дар дари дигари нуқраӣ дар ҳамон ҷо миёни равоқ ва айвони оина (1314 қ./1896 м.) ва ғ. Аз Иброҳими Теҳронӣ осоре низ ба сурати мураққаъ ё қитъаҳо боқӣ мондаанд, ки дар маҷмааҳои шахсӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Иброҳими Теҳронӣ дар поини осораш «Мирзо Иброҳими Теҳронӣ машҳур ба Мирзо Аму», «Муҳаммад Иброҳими Теҳронӣ машҳур ба Мирзо Аму» ва гоҳе танҳо «Мирзо Аму» навиштааст.

Адабиёт

вироиш