Иброҳим Аббуд (1900 — 1983 ) — ходими давлатӣ ва ҳарбии Судон. Президенти Судон (1958-1964)

Иброҳим Аббуд
ар. إبراهيم عبود
18 ноябр 1958 — 30 октябр 1964
Пешгузашта Abdallah Khalil[d]
17 ноябр 1958 — 16 ноябр 1964
Таваллуд 26 октябр 1900(1900-10-26)[1]
Даргузашт 8 сентябр 1983(1983-09-08)[1] (82 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Egyptian Army[d]
Рутба маршал[d][3]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Иброҳим Аббуд 26 октябри соли 1900 дар деҳаи Муҳаммадгул дар наздикии Суакин таваллуд шудааст. Ӯ коллеҷи низомии Хартумро хатм кардааст. Аз соли 1925 дар хидмати харбӣ. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар ҳайати нерӯҳои Бритониё дар амалиёти ҷангӣ дар Либия ва Эфиопия ширкат кардааст. Дар соли 1956 ӯ дар рутбаи генерал-майор фармондеҳи артиши Судон таъйин шуд, аз соли 1957 - генерал- лейтенант.

Дар соли 1958 Аббуд ба табаддулоти низомӣ сарварӣ кард ва ҳукуматро сарнагун кард. Шӯрои олии қувваҳои мусаллаҳ, ки мақомоти олии ҳокимияти давлатии кишвар эълон шуда буд, вазифаҳои президенти Судон, раиси Шӯрои Олӣ, сарвазир, вазири мудофиа ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳро ба Аббуд супурд. ва ба ӯ рутбаи маршал дод. Дар моҳи октябри соли 1964 ҳаракати васеи халкӣ ба амал омад, ки он дар моҳи ноябри соли 1964 ба сарнагун кардани диктатураи Аббуд оварда расонд.

Иброҳим Аббуд 8 сентябри соли 1983 дар ш. Хартум вафот кардааст.

Адабиёт вироиш

  • Африқо: Китоби маълумотномаи энсиклопедӣ. Ҷ.1. Москва, «Энциклопедияи советӣ». 1986. 672с. саҳ. 210.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #1029621179 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. 3.0 3.1 Аббуд Ибрахим // Африка: энциклопедический справочник (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 1986. — Т. 1. — С. 210.