Иброҳим Абдуллозода (Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ; 25 феврали 1957, ноҳияи Ӯротеппа) — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]. Узви Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (аз 1986).

Иброҳим Абдуллозода
Таърихи таваллуд 25 феврал 1957(1957-02-25) (67 сол)
Зодгоҳ

Зиндагинома

вироиш

Иброҳим Абдуллозода 25 феврали соли 1957 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи хидматчӣ таваллуд шудааст.

Номбурда пас аз хатми мактаби миёнаи № 14-и ба номи Обидхӯҷа Лутфӣ ба факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси «агроном-олим» хатм кардааст[2].

Оиладор, соҳиби чор нафар фарзанд мебошад.

Корнома

вироиш

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ҳисобчии отряди механиконидашудаи Иттиҳодияи агросаноатии шаҳри Истаравшан оғоз намудааст. Соли 1978 дар сафи Артиши Шӯравӣ, аввал дар Ҷумҳурии Қазоқистон, баъд дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хидмат кардааст. Иброҳим Абдуллозода соли 1980 дар хоҷагии давлатии «Коммунист» ба ҳайси агрономи калон ифои вазифа намуда, солҳои 1990—1993 дар вазифаи сарагрономи хоҷагии ниҳолпарварӣ кор кардааст. Солҳои 1993 −2000-ум, яъне то ба кор омадан ба вазифаи масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сардори муассисаи қабули чорвои шаҳр буд.

Солҳои 2000—2007 муовини раиси шаҳри Истаравшан, солҳои 2007—2011 раиси Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан ва аз моҳи июли ҳамон сол раиси шаҳри Истаравшан таъин гардида, то 3 феврали соли 2015 дар ин вазифа кор кард.

25 феврали соли 2012 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентиро ба уҳда дошт.

28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии № 34 ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардид.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои хидматҳои шоён Иброҳим Абдуллозода бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчун намояндаи парлумони Тоҷикистон бо медали «Барои пойдории ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардидааст.

Пайвандҳо

вироиш