Иван Антипов-Каратаев

Ива́н Никола́евич Анти́пов-Карата́ев (1 (13) сентябр 1888, деҳ. Теняево, уезди Стерлитамак, губернияи Уфа — 3 июли 1965, Боку) — хокшинос, агрохимик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).

Иван Антипов-Каратаев
Таърихи таваллуд 1 (13) сентябр 1888[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 июл 1965(1965-07-03)[2][1] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ хокшиносӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои мудофиаи Москва» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"

Зиндагинома

вироиш

Донишкадаи муаллимии шаҳри Уфа (1914) ва Донишгоҳи давлатии Москва (1927)-ро хатм кардааст. Аз соли 1926 то охири умр ходими илмии Институти хокшиносии ба номи В. В. Докучаев, ҳамзамон асосгузор ва роҳбари илмии Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш (1936 — 51) ва аз соли 1951 роҳбари илмии Институти хокшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 асари илмист, ки асосан ба масъалаҳои хокшиносӣ, агрономия, мелиоратсияи комплексии заминҳои шӯр, аз ҷумла роҳҳои беҳтар намудани ҳосилхезии заминҳои вилояти Хатлон, Помири Шарқӣ ва мавзеи Мирзочӯл оиданд.

Ҷоизаву унвонҳо

вироиш

Антипов-Каратаев аъзои фахрии Ҷамъияти умумииттифоқии хокшиносон (аз 1951) буд. Дорандаи Мукофоти ба номи В. В. Докучаев (1964) ва ба номи Г. Димитров (1960).

Бо 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Барои хидматҳои гражданӣ» (Булғория), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Почвы Вахшской долины и их мелиорация, Д., 1947;
  • Почвенные и почвенно-мелиоративные исследования в Таджикистане, Д., 1950;
  • Влияние длительного орошения на процессы почвообразования и плодородие почв степной полосы Европейской части СССР, М., 1955.

Адабиёт

вироиш