Иззуддавла
Иззуддавла Абумансур Бахтиёр ибни Муиззуддавла Аҳмад ибни Абушуҷои Бӯя (ар. عزالدوله; 943—978) — амир, намояндаи хонадони Бувайҳиён.
967 — 978 | |
Таваллуд |
943 |
Даргузашт |
978 |
Дудмон | Давлати Бувайҳиён[d] |
Падар | Муиззуддавла |
Фарзандон | Marzuban ibn Bakhtiyar[d] |
Эътиқод | шиъа |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПас аз фавти падараш ба тахт нишаст (976). Ӯ бархилофи васияти падараш аз итоати амакаш Рукнуддавла ва писари ӯ Азудуддавла сарпечӣ ва нисбат ба Сабуктегини ҳоҷиб беэҳтиромӣ кард. Ҳамзамон дар натиҷаи сиёсати андозситонии нодурусти Иззуддавла ва мусодира шудани амволи амирони дайламӣ эътимоди мардум аз Бувайҳиён коста шуд. Дар ибтидо Иззуддавла нисбат ба ошӯбҳои дохилии Бағдод бепарвоӣ зоҳир намуда, пас аз шиддат ёфтани низои дайламиён ва туркҳо (973) баъзе саркардагони туркро дастгир кард. Иззуддавла соли 974 дар муборизаи зидди туркҳо аз Азудуддавла ёрӣ хост, Азудуддавла дар чунин вазъияти мусоид ба Ироқ рафта, бо пуштибонии дарбориён ҳукумати Бувайҳиёнро соҳиб шуд, аммо ахиран бо исрори падараш Рукнуддавла тахту тоҷро ба Иззуддавла баргардонд. Азудуддавла пас аз фавти падараш (976) Иззуддавларо дар ҳамкорӣ ба душманон муттаҳам карда, бар зидди ӯ лашкар кашид. Иззуддавла дар Аҳвоз шикаст хӯрда, баъди аз даст рафтани Басра ва Бағдод ба Шом рафт. Ӯ кӯшиш кард, ки бо ёрии Абутағлиби Ҳамдонӣ ҳукуматро дар Бағдод дубора соҳиб шавад, аммо дар назди Тикрит шикаст хӯрда (978), бо фармони Азудуддавла ба қатл расонида шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иззуддавла / Н. Ғиёсов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.