Азудуддавла
Азудуддавла Фанохусрав ибни Рукнуддавла Ҳасан ибни Абушуҷои Буя (тав. 936 – 982) — аз машҳуртарин амирони Оли Бӯя. Писари Рукнуддавла Абуалӣ Ҳасан.
ар. عضد الدولة | |
949 — 983 | |
Пешгузашта | Имодуддавла |
Ҷонишин | Шарафуддавла |
Таваллуд |
24 сентябр 936[1] |
Даргузашт |
26 март 983[2][1] (46 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Давлати Бувайҳиён[d] |
Падар | Рукнуддавла[d] |
Фарзандон | Баҳоуддавла, Самсомуддавла, Шарафуддавла, Diya' al-Dawla[d] ва Taj al-Dawla[d] |
Эътиқод | шиъа |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз 13-солагӣ дар Шероз ба тахти Оли Бӯянишаст ва бо кумаки падар ва амакаш Муиззуддавла алайҳи мухолифони худ мубориза бурд. Соли 963 аз тарафи халифаи Бағдод Ал-Мутеъ лақаби «Азудуддавла» гирифт. Соли 971 амири Систон хутба ба номи Азудуддавла хонд ва ҳамон сол шӯриши балучҳоро дар Кирмон пахш кард. Азудуддавла соли 972 бо Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ сулҳ баст.
Забткориҳо
вироишСоли 974 ба Ироқ рафта туркҳоро саркӯб намуд ва ба ҷои амакаш Бахтиёр бар ҳукумати Бағдод нишаст, вале бар асари фишори падараш дубора канор гирифт ва ба Шероз баргашт. Аммо пас аз марги падараш амаки худ Бахтиёрро кушт, соли 977 Мавсилро забт кард ва сипас мулуки атроф (Диёрбакр, Билоди Ҷабал, Ҳамадон ва ғайра)-ро ба тасарруфи худ даровард. Андаке нагузашта Гургонро ҳам забт кард (980). Пас аз ин воқеа дар бораи Азудуддавла иттилооти кофӣ дар даст нест. Дар замони ҳукумати ӯҳудуди давлати Бувайҳиён аз канораи дарё Хазар то соҳили Уммон расид. Азудуддавла нахустин амире буд, ки баъд аз ислом лақаби «шоҳаншоҳ»-ро ба худ гирифт. Дар замони ӯ корҳои давлатӣ ва девонсолории Оли Бӯя муназзам гардиданд ва ҳаёти иқтисодию тиҷорат равнақ гирифтанд, амнияти роҳҳои тиҷоратӣ таъмин гардид. Азудуддавла дар ободонии шаҳрҳои Бағдод, Ҳамадон, Аҳвоз, Шероз ва навоҳии дигар таваҷҷуҳи хос медод, ба шеъру адаб, илму ҳунар алоқаи хос дошта, донишмандонро эҳтиром мекард. Бо вуҷуди ин муаррихин шахсияти ӯро ба унвони амири бераҳм ва худком тавсиф кардаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie Médiévale — Paris: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 306. — 886 с. — ISSN 0249-7921
- ↑ https://pantheon.world/profile/person/'Adud_al-Dawla
Сарчашма
вироиш- Азудуддавла // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.