Илёси Нойӣ (? — 1543, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик.

Илёси Нойӣ
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1543(1543)
Маҳалли даргузашт Ҳирот
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Зиндагинома

вироиш

Зодаи Ҳирот. Мусиқӣ (сознавозӣ, овозхонӣ), шеър ва дигар илмҳои замонаашро аз падараш (Муҳаммадхоҷаи Мусанниф), ки аз фозилони Ҳирот буд, омӯхтааст. Сипас такмили мусиқиро назди мусиқидонон Мавлоно Дарвеши Шайхии Қаландарӣ, Устод Ғулом Шодӣ, Устод Мӯмаи Дуторӣ, Исҳоқи Шиҳобӣ фаро гирифта, аз Атоуллоҳи Ҳусайнӣ асосҳои илми арӯзро (илми бадеъ) андӯхт. Дар найнавозӣ, таснифоти мусиқӣ барои ин соз аз аҳли ҳунар ҳампояаш набудааст. Барои сози най ва овоз дар шаклу анвои мусиқии «пешрав», «кор», «амал», «савт», «қавл», «сунбулӣ», «рехта» ва ғ. асарҳои рангомези созию овозӣ сохтааст. Масалан, дар шаклу навъи «Куллиёт», «Миаттайн», «Усул ба кор», «Савту-л-амал» дар мақомҳои «Наво», «Бусалик», «Рост», «Кучак», «Зангула» ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Ҳирот, Самарқанду Бухоро шуҳрати зиёд кардаанд. Илёси Ноӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Бухоро бо номҳои ифтихории Устоди Нойӣ, Хоҷаи Нойӣ ва ғ. маълуму машҳур буд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 85. — ISBN 978-99947-49-13-3.