Илҳомия
Илҳомия (ар. الهامیه) — равияи диние, ки пайравонаш зоҳири динро ҳиҷоб ва ботини онро асл шумурда, ба ҷои омӯхтани қуръону шариат мунтазири ҷазбаву илҳом аз олами ғайбанд. Азбаски тибқи таълимоти илҳомия омӯхтани қуръону илмҳои динӣ ва амал кардан аз рӯи қонунҳои шаръӣ нолозим аст, уламои дин онро аз ислом надонистаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироишИлҳомия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — С. 59. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.