Империяи бадӣ
«Империяи бадӣ» (англ. evil empire), истилоҳе буд, ки аввалин бор аз ҷониби Роналд Рейган, раисҷумҳури Амрико дар июни соли 1986 барои номбурдани Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шуд. Ин сухан даври ҷадиде аз рақобатҳоро миёни ду блок оғоз кард ва ба Ҷанги Сард шиддат бахшид. Ин истилоҳ дар охирҳои Ҷанги Сард нақши муҳиме дошт. Бо поёни Ҷанги Сард ва фурӯпоши Шӯравӣ ин истилоҳ ба маъноҳои дигар низ истифода мешавад.
Истифодаҳои баъдӣ
вироиш- Дар байни гурӯҳҳои хакерӣ ин истилоҳ маъмулан дар мавриди ширкати Майкрософт ва равишҳои тиҷории он истифода мешавад.
- Гурӯҳҳи мухолифи ширкат дар Иттиҳоди Аврупо, ба мисли ҳизби истиқболи Бритониё, аз ин истилоҳ дар мавриди Иттиҳоди Аврупо истифода мекунанд.
- Пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри 2001, Ҷорҷ Буш, президенти ИМА аз истилоҳи "меҳвари бадӣ" дар мавриди Эрон, Ироқ, Кореяи Шимолӣ, (ва/ё Сурия) истифода мекард. Ин ба навъи таркибӣ "Империяи бадӣ"-и Р. Рейган ва "Кишварҳои меҳварӣ" дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аст.