Фурӯпошии ИҶШС

(Тағйири масир аз Фурӯпоши Шӯравӣ)

Фурӯпошии ИҶШС (русӣ: распад СССР) — равандҳои парокандагии системавӣ дар сохтори иҷтимоӣ, иқтисоди миллӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки боиси қатъ гардидани мавҷудияти он дар 26 декабри соли 1991 гардид.

Раванди пошхӯри дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо қабули бозсозӣ оғоз ёфт; алалхусус, дар хоҳиши ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба истиқлоли бештари давлатӣ ва иқтисодӣ аз маркази иттифоқӣ («Паради соҳибихтиёрӣ») зоҳир шуд ва бо имзои созишномаҳои Беловежская дар рӯзи 8 декабр ва Эъломияи Алма-Ато дар рӯзи 21 декабр, таъсиси иттиҳоди конфедералии ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо илова намудани салоҳиятҳои Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв дар 25 декабр ва қабули эъломия дар бораи қатъи мавҷудияти СССР аз ҷониби Шӯрои Ҷумҳурияҳои Шӯрои Олии ИҶШС 26 декабри 1991 ба поён расид.

Бо пошхӯрии Шӯравӣ 15 давлати собиқи иттифоқӣ ва якчанд кишварҳои эътирофнашуда соҳиби мустақилият гардиданд.

Сохтори давлатӣ ва сиёсии ИШ

вироиш
 
Харитаи маъмурии ИҶШС дар соли 1989

Дар соли 1922, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар замони таъсисаш як сохтори бисёрмиллатӣ, муҳити бисёрҳурфа буд ва қисми зиёди қаламрави Империяи Русияро мерос гирифт (дар солҳои 1917—1921 Финландия ва Лаҳистон истиқлол ба даст оварданд ва соҳибихтиёрии Литва, Латвия, Эстония ва Тува эълон шуданд, баъзе қаламравҳои собиқ Империяи Русия дар солҳои ҷанг ва пас аз ҷангӣ (1939—1946) ҳамроҳ шуданд: Украинаи Ғарбӣ ва Беларуси Ғарбӣ, Балтика, Бессарабия ва Буковинаи Шимолӣ, Ҷумҳурии Тува, Украинаи Закарпатия, инчунин як қатор дигар қаламравҳо).

Дар доираи таъсири СССР кишварҳои бо ном лагери сотсиалистӣ буданд. Соли 1949 Шӯрои кумаки мутақобилаи иқтисодӣ таъсис дода шуд ва баъдан асъори коллективӣ — рубли интиқолшаванда ба муомилот ворид карда шуд, ки он дар кишварҳои сотсиалистӣ гардиш мекард.

Ба туфайли назорати қатъӣ аз болои гурӯҳҳои этникӣ, ба шуури омма ворид кардани шиори дӯстӣ ва бародарии вайроннашавандаи халқҳои СССР имконпазир шуд, ки шумораи муноқишаҳои байни этникӣ (қавмӣ)-и ҷудоихоҳон ё зиддишӯравӣ кам шаванд. Дар баробари ин, дар солҳои 1960-ум, чунин мешумориданд, ки масъалаи миллӣ дар СССР «ниҳоят ҳал шудааст».

Эътирозҳои инфиродии коргарон, ки солҳои 1960 ва 1970-ум ба вуқӯъ пайвастанд, аксаран хусусияти эътирозҳо аз таъмини ғайриқаноатбахши молҳо, хидматрасониҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, паст будани маош ва норозигӣ аз кори мақомоти маҳаллӣ буданд.

Конститутсияи соли 1977-и Шӯравӣ як ҷомеаи ягонаи таърихии одамон — халқи шӯравиро эълон кард.

Сабабҳои фурӯпошӣ

вироиш

Дар айни замон ягон баҳодиҳб ва таҳлили мукаммали сабабҳое, ки боиси пошхӯрии СССР гардиданд, вуҷуд надорад. Дар байни омилҳои зиёде, ки ба ин раванд таъсир расониданд, инҳоянд:

  • бесамарӣ ва рукуди иқтисодиёти нақшавии (плановая экономика) шуравӣ, ки аз ҳама бештар бо норасогии доимии мол ифода меёбад; паст шудани нархи нефт, ки дар он вақт манбаи асосии даромади валютаи хориҷӣ барои додани воридот, аз ҷумла озуқаворӣ зарур буд;
  • гуногунии этникӣ, маданб ва тамаддуни қисмҳои таркибии СССР, пахш кардани боқимондаҳои «мухторият»-и миллии маҳаллӣ;
  • модели «номенклатура»-и низоми сиёсии шӯравӣ, рукуди кадрӣ ва таназзули элитаи сиёсӣ; зуд аз даст додани обрую эътибори Комитети Марказии КПСС дар ҷомеа;
  • хусусияти тоталитарии системаи сиёсии шӯравӣ, Набудани ҳуқуқу озодиҳои ибтидоии шаҳрвандӣ дар байни аҳолӣ, таъкиб кардани озодии баён, коллективизми маҷбурӣ, ҳукмронии як идеология, изолятсионизм, сензура;
  • рушди нобаробари саноатию иқтисодӣ дар дохили кишвар, қафомонии афзояндаи иқтисодӣ, технологб ва илмӣ аз мамолики пасиндустриалии Ғарб ва вобастагӣ аз воридот (ҳам молҳои технологии баланд ва ҳам молҳои оддии ба мисли гандум). Қафомонии музмин дар сатҳи зиндагӣ аз кишварҳои ғарбӣ;
  • ҳиссаи номутаносиби калони ММД аз рӯи соҳаҳои ғайрғайриистеҳсолӣ (дастгоҳи давлатӣ, артиш, КГБ) давраи нави ҷанги сард ва яроқпартоӣ;
  • манъ ва набудани ташаббуси хусусӣ, сохибкорӣ; аз тарафи қонун ва органҳои давлатӣ таъкиб намудани одамони фаъоли иқтисодӣ;
  • ғанӣ гардондани номенклатураи советӣ, мавҷуд будани системаҳои пушидаи тақсимот; порахӯрии синфи ҳукмрон дар заминаи рукуди иқтисодиёти модели «сотсиалистӣ» ва нисбатан камбағал шудани аҳолӣ дар солҳои 80-ум;
  • «дар тамоми ҷаҳон сохтмони сотсиализм ва коммунизм», яъне, маблағгузорӣ ва ёрии ҳарбӣ ба режимҳои диктаторӣ ва лухтакмонанди советӣ ва зиддиамерикоӣ,
  • бӯҳрони идеологияи коммунизм, дар муборизаи идеологӣ бохтани Иттифоқи Советӣ;
  • офатҳои техногенӣ, пеш аз ҳама фалокати Чернобил, инчунин дигар офатҳо, сарфи назар аз сензура ва пинҳон доштани маълумот дар бораи онҳо аз ҷониби ҳукумат маълум гардид;
  • бозсозӣ на сабаб, балки имконияти ба таври нисбатан осоишта пора-пора шудани лагери сотсиалистӣ гардид; суст шудани сиёсати тоталитарӣ боиси муқобилати оммавӣ ва имконияти чунин кирдорҳо гардид: либерализатсия дар Полша, сурат додани девори Берлин, паради соҳибихтиёрӣ ва ғайра; имконнопазирии назорат аз ҷониби ҳукумати марказӣ дар охири СССР;
  • сохтмон дар СССР дар зери уновони «пардаи сотсиализм» капитализми мутарақии давлатӣ;[1][2][3][4][5];
  • Ҷанги Афғонистон, ки боиси маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тарсу ҳарос дар дохили СССР гардид[6];
  • моносентризм дар механизми қабули қарор. Ҳамаи қарорҳои муҳим дар «маркази иттифоқӣ» қабул карда мешуданд, ки ин боиси бесамарӣ, бюрократизм, талафи вақт ва норозигӣ аз ҳукуматдорони вилоят гардид;
  • норозигии рӯзафзуни аҳолӣ бо қатъи доимии таъминоти озуқаворӣ ва дигар молҳои зарурӣ, системаи кортӣ (талонӣ), ки то охири солхои 80-ум дар ҳама ҷо ҷорӣ карда шуда буд;

Эҳтимолияти пошхӯрии СССР-ро диссиденти шӯравӣ Андрей Амалрик («Оё Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1984 боқӣ мемонад?», 1969), нависанда, муаррих ва советшинос Хелен д’Энкаусе (Зурабишвили) («Тақсимшавии Империя», 1978) баррасӣ ва пешгӯӣ карда буд.

  1. Островский А. В. Была ли наша революция социалистической?. 18 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Январ 2022.
  2. Соловьёв А. В. Незаконченный спор о социализме.. 18 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2019.
  3. Соловьёв А. В. Советский директор: собственник или наёмный работник?. 18 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2021.
  4. Соловьёв А. В. Общественный строй России — вчера, сегодня, завтра. (Короткие ответы на острые вопросы)
  5. Безин М. А., Димони Т. М. Государственный капитализм в российской деревне 1930—1980-х гг.
  6. Н. Леонов. Распад СССР: 25 лет спустя(рус.). Интернет-газета «Столетие» (издание Фонда исторической перспективы) (11 феврали 2016). — «...С введением в Афганистан 40-й армии в конце 1979 года началось скольжение СССР и КПСС в пропасть... народ и Вооружённые силы страны так и не поняли смысла этой самоубийственной затеи...»