Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш — институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдии таърих, таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сикашиносӣ.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

(ИТБМ ба номи А. Дониш)
Таъсис 1951
Директор Убайдулло Насрулло Каримзода
Кормандон 67
Аспирантура 27
Макон  Тоҷикистон, Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ 734025, ш. Душанбе,хиёбони Рудакӣ 33
(+992 37) 221-37-42
Вебгоҳ institute-history.tj

Таъсис вироиш

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бисёрсоҳавии илмӣ – тадқиқотӣ, ки ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдии таърих, таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сикашиносӣ, таърихи назарияи санъат ва илмро ба зимма дорад, 16 апрели соли 1951 дар заминаи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (ташкилёбиаш соли 1941) таъсис ёфт. Ин институт соли 1960 ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.

 
Осорхонаи Кӯлоб
 
Буддо - экспонати Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Сохтор вироиш

Айни ҳол дар назди Институт шаш шуъба фаъолият дорад:

  1. Шуъбаи таърихи қадим
  2. Асрҳои миёна ва нав
  3. Таърихи навтарин
  4. Бостоншиносӣ
  5. Мардумшиносӣ
  6. Таърихи илм ва техника
  7. Таърих ва назарияи санъат

Дар назди институт Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст, ки дар толорҳои худ бозёфтҳои дар ним асри охир ёфтшударо гирдоварӣ кардааст. Ҳоло дар осорхона ашёҳои нодири аз объектҳои дар ҷаҳон машҳури Саразм, Тахти Сангин, Аҷина-Теппа, димнаи Панҷакент, Шаҳристон, Куркат, Кофирқалъа ва ғайраҳо кашф шуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Осорхонаи дигаре, ки дар назди Институт фаъолият карда истодааст, Осорхонаи мардумшиносӣ мебошад. Ин осорхона соли 1981 таъсис ёфтааст. Дар он арзишҳои таърихии фарҳанги мероси тоҷикон аз замони қадим то замони нав маҳфузанд.

Дар таркиби институт 3 пойгоҳ- пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенту Саразм, Тегузак ва Қубодиён амал кард истодаанд. Дар институт китобхонаи илмии ёдгории А.А. Семенов низ фаъолият мекунад, ки он соли 1959 ташкил ёфтааст. Дар соли 2003 аз ҷониби Бойгонии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он фонди шахсии А.А. Семенов ва М.С. Андреев интиқол дода шудаанд. Фонди китобхона аз ҳисоби нашриёти навбатии Институт мунтазам пурра мешавад.

Дар Институт 2 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 20 нафар доктори илм, 23 нафар номзади илм ва 20 нафар корманди илмии беунвон фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар Институт 27 аспирант ва 19 магистр таҳсил мекунанд.

Директорон вироиш

Аз оғози фаъолияти Институт роҳбарии онро академик Семенов А.А. (1951-1958),

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш