Баҳодур Искандаров

(Тағйири масир аз Искандаров Б.И.)

Баҳодур Искандарович Искандаров (1912-2004) – олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1973), доктори илмҳои таърих (1959), профессор (1966), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).

Баҳодур Искандаров
Баҳодур Искандарович Искандаров
Таърихи таваллуд 1912
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2004 (92 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор, академики АИ ҶШС Тоҷикистон
Алма-матер Институти таърих, фалсафа, адабиёт ва забоншиносии Ленинград
Ҷоизаҳо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 1, Парчами Сурхи Меҳнат, медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён», Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В,И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).

Зиндагинома

вироиш

Баҳодур Искандаров Институти таърих, фалсафа, адабиёт ва забоншиносии Ленинградро хатм кардааст (1936), ихтисос – «таърихи ИҶШС». соли 1940 ӯ ба аспирантураи Институти таърихи Академияи илмҳои ИҶШС дохил шудааст, вале бо сабаби саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳсилашро ба охир нарасонидааст. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд ва ҳамчун комиссари сиёсии қисмҳои низомии дивизияҳои 20 кавказӣ, 113 тирандозӣ дар мудофиаи Ватан ҳисса гузошта то рутбаи капитан расидааст. Баҳодур Искандаров барои қаҳрамониаш бо ордени "Ҷанги Ватанӣ" дараҷаи 1 (1944) ва дигарҳо мукофотонида шудааст. Хидмати низомии ӯ то соли 1947 давом кардааст.

Ӯ баъди хидмат таҳсилашро дар аспирантураи Институти таърихи АИ СССР давом дода баъд аз хатми он ба Тоҷикистон баргаштааст.[1] Дар давоми солҳои минбаъда дар ҷодаи илми таърих фаъолият намуда, дорои унвонҳои доктори илмҳои таърих (1959), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1966) ва академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1973) гардидааст. Директори Институти таърихи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1962-1988). Директори ифтихории Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1994-2004).

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, шарқшиносӣ, таърихи Бухорои Шарқӣ ва Помир ва кишварҳои ҳамҷавор дар асрҳои ХIХ - ибтидои қарни ХХ.

Мукофот ва Ҷоизаҳо

вироиш
  • орденҳои Ситораи Сурх,
  • Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1,
  • Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Барои меҳнати шоён»,
  • Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В,И.Ленин»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1967).
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).[2]

Нигаред

вироиш
  1. На путях-дорогах фронтовых(пайванди дастнорас)
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.