Зариф Раҷабов

(Тағйири масир аз Раҷабов З.Ш.)

Зариф Шарифович Раҷабов (17 [30] июл 1906, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон27 август 1990, Маскав) — муаррих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон(1962), доктори илми таърих (1959), профессор (1960), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967)[1], узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951). Бародари академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Солеҳ Раҷабов.

Зариф Раҷабов
Раҷабов Зариф Шарифович
Таърихи таваллуд 17 июл 1906(1906-07-17)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 27 август 1990(1990-08-27) (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Ҷойҳои кор Институти омӯзгории тоҷик (Тошкент), Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Шевченко
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Соли 1932 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро бо ихтисоси «таърихи ИҶШС» ба поён расондааст.

Корнома

вироиш

Мудири қисми илмии Академияи омӯзгории Душанбе (1932), мудири кафедраи таърихи ИҶШС дар Институти омӯзгории тоҷик (Тошканд), мудири шуъба, котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Пойгоҳи Ӯзбекистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1937—1943), директори Институти таърих ва бостоншиносии АИ ҶШС Ӯзбекистон (1943—1945), ректори аввалини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1948—1954), мудири кафедраи таърихи ИҶШС Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1954—1959), директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1959—1962), академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1962—1971).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таҳти роҳбариаш зиёда аз 50 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар байни онҳо академик Ҳ.Н. Саидмуродов, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ. Назаров, профессорон М. Б. Бобохонов, С. Мухторов, дотсентон Ҷ. Усмонов, С. Пулотов ва дигарон буданд. Дар пешрафти илми Тоҷикистон саҳми арзанда гузошатааст. Асарҳояш ба масъалаҳои гуногуни баҳсталаб бахшида шудаанд, вале дар таҷлил ва тадқиқи ҳаракати маорифпарварӣ, ҷадидия, масъалаи афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик яке аз аввалин муҳаққиқон ба шумор меравад. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумиитифоқӣ ва чандин симпозиумҳои байналхалқии Осиёи Марказӣ, Конгресси XIII байналхалқии таърихшиносон (Москва,1976), дар Франсия, Италия, Белгия, Канада, Дания, ИМА ва дигар давлатҳо ширкат варзида, суханронӣ кардааст.

  • Из истории общественно-политической мысли таджикского народа во второй половине XIX и в начале XX в., Сталинабад, 1957;
  • Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ- сиёсии халқи тоҷик, Д., 1959;
  • Таджикский государственный Университет-фарзандонще Великого Октября, Д., 1967;
  • К вопросу об исторических корнях дружбы народов Средней Азии с великим русским народом, Д., 1954;
  • О политическом трактате Ахмада Дониша, Д., 1976.

Ҷоизаҳо

вироиш
  1. Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ, аз соли 1951. 6 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
  2. Пирумшоев Ҳ., Убайдуллоев Н., Муродов А. Поягузори илму таълими таърихи миллат. — Душанбе: «Ирфон», 2012, — с. 3-4, — 352 с.