Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  — институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи хокшиносӣ.

Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

(ИХАИКТ)
[[File:‎|frameless|220x80px]]
Таъсис 1951
Директор Хоҷаев Шариф Идиевич
Макон  Тоҷикистон, Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ 734025, шаҳри Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 21-а
Вебгоҳ khokshinos.tj

Таъсис

вироиш

Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951, дар заминаи Стансияи хокшиносию-мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст ва солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамчун Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ва баъдан ҳамчун институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ фаъолият намудааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 215 аз 2 майи соли 2008 аз нав ҳамчун «Институти хокшиносӣ» номгузорӣ шуда, тобеъи бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Институт дар асоси Оиннома, ки аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз 25- майи соли 2008 тасдиқ гардидааст ва Шаҳодатномаи шахси ҳуқуқии аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-августи соли 2008, таҳти №001-5342 аз қайди давлатигузашта фаъолият менамояд. Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158- нафарро ташкил дода, аз онҳо 55 нафарашон ходимони илмӣ, 17 – номзади илм, 3 – доктори илм, 1 академик ва 2 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.

Сохтор

вироиш

Дар сохтори Институт шуъбаҳо ва озмоишгоҳи зерин ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд:

  1. Шуъбаи генезис, тасниф ва харитасозии хок;
  2. Шуъбаи биологияи хок;
  3. Шуъбаи агрокимиё;
  4. Шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок;
  5. Шуъбаи ҳифзи хок аз эрозия;
  6. Шуъбаи мелиоратсия;
  7. Шуъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим;
  8. Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку рустанӣ.

Инчунин дар сохтори Институти хокшиноси корхонаҳои зертобеъ аз қабили 2 Стансияи таҷрибавии хокшиносию-мелиоративии Вахши (ноҳияи Бохтар) дар вилояти Хатлон буда ва дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъгардида, 3 пойгоҳҳои таҷрибавии Файзобод, Ваҳдат ва Хуросон ва 1 такягоҳи илмии Хоҷа Оби Гарм амал мекунанд.

  • Стансияи таҷрибави хокшиносӣ-мелиоративии вилояти Суғд. Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1969 таъсис ёфта, барои омӯзиши масъалаҳои шӯрии хокҳо ва баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои кӯҳнаобёришудаи қисмати шимолии Тоҷикистон машғул мебошад. Стансия дар мувозинаи худ барои корҳои илми-таҷрибавӣ 4 га замин дорад, ки аз он 2,7 га замини корам мебошад
  • Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон воқеъ гардидааст, соли 1936 таъсис ётааст ва барои омӯзиши масоили беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон машғул мебошад. Майдони умумии 63 га замин мавҷуд буда, аз ҷумла 14 га роҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва ҷуйҳо, 1 га боғи куҳна ва инчунин 47 га замини корами обиро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи «Карсанги»-и ноҳияи Файзобод соли 1965 таъсис ёфтааст. Дар ин пойгоҳ дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои нигоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, бо роҳҳои рӯйпушкунонӣ (мулчирование) ва кишти маҳсулоти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд. Майдони умумии пойгоҳ 35 га замини лалмии талу тепаҳоро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи таҷрибавии «Оби - Киик» воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон соли 1978 таъсис ёфтааст ва дар ин ҷо дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои ниғоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, аз руи масъалаҳои азхудкунии нишебизаминҳо ва шинонидани дарахтони мева ва ангурзор бо усули борони сунъӣ ва обёрии қатрагӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд.
  • Пойгоҳи таҷрибави «Тангаӣ» воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, соли 1964 таъсис ёфта, доир ба мубориза бар зиди эрозияи хок дар шароити хокҳои ҷигарранги карбонатии нишебизаминҳо тадқиқотҳо гузаронида мешаванд.

Такягоҳи илмии «Хоҷа Оби Гарм» воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ки дар соли 1976 таъсис дода шудааст ва дар ин такягоҳ масъалаҳои шусташавии хок, бунёди чарогоҳҳо дар заминҳои наздикуҳӣ ва баландкӯҳҳо омӯхта мешаванд.

Мақсад ва вазифаҳои Институт

вироиш
  • гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физики – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳои хок;
  • тезонидани суръати раванди илми-техникӣ дар соҳаи хокшиносӣ, агрокимиё, мелиоратсия, агроиқлимӣ, коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, дар маҷмӯъ истифода бурдани захираҳои обу хок, дар амал ҷорӣ намудани низоми сарфакоронаи истифода бурдани захираҳои табии дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунони дар соҳаи зироаткорӣ;
  • коркарди масоили муҳим, ки барои амали сохтани сиёсати аграрии ҳукумат нигаронида шудаанд;
  • коркарди асосҳои оқилона ва аз ҷиҳати иқлимӣ коркарда баромадашудаи истифодаи хок ва дигар омилҳои табиӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • коркарди бунёдии муносибати байниҳамдигарии Институт бо сохторҳои дар тобеияти он буда;
  • омӯзиш ва ҷамъбаст намудани комёбиҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ баҳри беҳтар истифода бурдан дар пешрафту тараққиёти истеҳсолот;
  • таъмин намудани шароити мувофиқи меҳнату маишии олимони Институт бо мақсади фаъолияти бо самари илмӣ.

Самтҳои асосии фаъолияти Институт

вироиш
  • генезис ва таснифоти хок, омӯзиши ҷуғрофии хок бо мақсади самарбахш истифода бурдани захираҳои хок;
  • коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои мелиоратсияшуда ва регзаминҳо;
  • мелиоратсияи шӯрзаминҳо, заминҳои камқуввату ботлоқзор ва шусташуда;
  • коркарди сохти нави ҳифзи табии хоку замин;
  • баҳои сифатии хок (бонитировка) ва кадастри хоку замин;
  • коркард ва пешгӯи намудани инкишофи равандҳои шусташавӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии хокҳои ба шусташавӣ гирифторшудаи заминҳои лалмӣ;
  • коркарди технологияи низоми обёрии гуногун дар истифодаи заминҳои пуштакӯҳ барои зироатҳои гуногун;
  • омӯзиш ва тартиб додани харитаҳои гуногуни хок;
  • коркард ва такмил додани усулҳои баланд бардоштани самарабахшии истифодаи нуриҳои органикӣ ва маъданӣ, кам кардани таъсири манфии онҳо ба сифати маҳсулот;
  • ташхиси хок ва рустанӣ - коркарди ба муҳит мувофиқ сохтани сохтори кишоварзӣ;
  • коркарди камералии ташхисҳои физикӣ, кимиёи, биологӣ ва мелиоративӣ.

Роҳбарон

вироиш

Дар муддати фаъолияти Институти хокшиносӣ аз соли 1951 то ба имрӯз институтро олимони зерин роҳбарӣ намудаанд:

  • Липкинд Иля Маркович -аз соли 1951 то соли 1953, олими агрохимик хокшинос поягузори илми агрохимия дар Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, Корманди Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон;
  • Бончковский Флавий Николаевич - аз 1954 то соли 1965 дотцент, номзади илмхоӣ кишоварзӣ;
  • Садриддинов Анвар Аминович - аз соли 1965 то соли 1985, доктори илмҳои кишоварзӣ;
  • Шамсиддинов Бадриддин Шамсиддинович -аз соли 1985 то соли 1990, доктори илмҳои кишоварзӣ;
  • Аминҷонов Мурод Атаевич -аз соли 1990 то соли 1991, номзади илмҳои кишоварзӣ;
  • Алиев Иршат Саидович - аз соли 1991 то соли 1992, доктори илмҳои биологӣ;
  • Садриддинов Анвар Аминович -аз соли 1992 то соли 1994, доктори илмхоӣ кишоварзӣ;
  • Ҷумонкулов Ҳайдар Ҷуманкулович -аз соли 1994 то соли 1995, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики АИКТ;
  • Сангинов Сангинбой Раҷабович -аз соли 1995 то соли 2008, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор,узви вобастаи АИКТ;
  • Холов Бобишо Назруллоевич -аз соли 2008 то соли 2017, номзади илмҳои варзӣ;
  • Хоҷаев Шариф Идиевич – аз моҳи августи соли 2017 то ҳоло, номзади илмҳои кишоварзӣ.

Маълумоти оморӣ

вироиш
  • Шумораи умумии кормандони Институт дар якҷоягӣ бо зерсохторҳо 158- нафарро ташкил дода, аз онҳо 55 нафарашон ходимони илмӣ, 17 – номзади илм, 3 – доктори илм, 1 академик ва 2 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.
  • Аз тарафи олимони Институти хокшиносӣ таи панҷ соли охир (2013-2017) 3 китоб, 10 тавсиянома, зиёда аз 111 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нашр гардидааст.
  • Дар давоми панҷ соли охир (2013-2017) дар Институт 1 нафар рисолаи докторӣ, 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ҳоло 6 рисолаи номзадӣ ба ҳимоя омода мебошад.

Ҳар сол мувофиқи дурнамои тайёр кардани кадрҳо довталабон ба аспирантура ва магистратура (аз соли 2015) қабул карда мешаванд. Дар Институт аз соли 2013 то 2017 ҳамагӣ 13 нафар аспирантон, аз он ҷумла 12 нафар дар бахши рӯзона, 1 нафар дар бахши ғоибона ва 2 нафар докторант қабул карда шудааст. Дар давоми солҳои 2015-2018, дар Институти хокшиносӣ аз рўи ихтисоси 740205 – агрокимиё ва хокшиносӣ ҳамагӣ 8 нафар магистрон таҳсил намудаанд, аз он ҷумла 3 нафарашон соли 2017 магистратураро бомуваффақият хатм намуданд, Дар Шўрои илмӣ ҳамасола мавзўҳои илмӣ, барномаи корӣ ва нақшаи кории онҳо баррасӣ ва тасдиқ карда шуда, дар охири сол ҳисоботҳои илмии аспирантону магистрон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз аттестатсия гузаронида мешаванд.

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  • khokshinos.tj — вебгоҳи расмии Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон