«Интеллект-Шоу» (аз англ. Intellect-Show) — бозии зеҳнии телевизионӣ, дар шабакаи ТВ Сафина.

Интеллект-Шоу
Intellect-Show
Кулоҳи барнома аз соли 2014
Жанр бозии зеҳнии телевизионӣ
Муаллиф(он) Ҳабиба Даминзода
Коргардон(ҳо) Нури Наср
Алишер Муҳиддинов
Баранда(гон) Субҳон Ҷалилов (2008—2013, 2017 - то ҳоло)
Садриддин Шамсиддинов (2014)
Ҷамшед Олимов (2014-2016)
Кишвар  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Шумораи фаслҳо 9
Пахши телевизионӣ
Телешабака(ҳо) ТВ Сафина
Давраи пахш аз 2008

Барномаи «Интеллект-шоу» соли 2008 дар телевизиони «Сафина» бо ибтикори продюссер Ҳабиба Даминзода ба роҳ монда шуд ва аввалин ровии барнома Субҳон Ҷалилов буд[1].

Қоидаҳои бозӣ

вироиш

Дар бозӣ ду тим «ҳозирҷавобон» ва «бинандагон» ширкат мекунанд. Тими ҳозирҷавобон иборат аз 6 бозигари омӯзишдида (аз ҷумла капитан) аст ва дар толори бозӣ, дар гирди мизи мудаввар ҳузур доранд. Тими бинандагон иборат аз шахсоне мебошад, ки мехоҳанд дар ин бозӣ ширкат кунанд ва номаҳои худро бо саволҳо ба ҳозирҷавобон ирсол кунанд. Аз номи бинандагон барандаи бозӣ, ки дар ғурфаи ровиён ҳузур дорад ва бозиро пушти саҳна анҷом медиҳад, саволро матраҳ мекунад. Дурустии ҷавобҳои ҳозирҷавобонро ровӣ муайян мекунад, ӯ довари асосӣ мебошад.

Ғолибони бозӣ

вироиш

Мавсими 2008/09

вироиш

Дар соли нахуст бозӣ бо иштироки якчанд даста аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ғолибони мавсим ба тарзи зайл ҷойгир шуданд:

Мақом Номи дастаҳо
1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
2 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
3 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
4 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
5 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
6 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
7 Донишкадаи молияи Тоҷикистон
8 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Мавсими 2011/12

вироиш

Дар маҷмӯъ 9 даста дар ин мавсим ширкат намуд. Дастаҳои ғолиб: ҷойи якум - тими «ҶАМШИД+», ҷойи дуввум - тими «Нур» ва ҷойи севвумро тими «Зуҳал» соҳиб шуданд.

Мавсими 2014/15

вироиш

Дар фасли 2014/15 шумораи дастаҳо 6-то буд. Тартиби ҷойгиршавии тимҳо дар анҷоми мавсим:

Мақом Номи дастаҳо
1 «Империя»
2 «Авитсенна»
3 «Умед»
4 «ҶАМШИД+»
5 «Ориёнбонк»
6 «Суғдиён» аз в. Суғд

Мавсими 2015/16

вироиш

Ғолиби ин мавсим дастаҳои «Нур», «Синапс» ва «Равшанфикрон[2]» шуданд.

Мавсими 2017/18

вироиш

Дар мавсими 2017/18 дар барнома 16 гурӯҳ ширкат намуданд ва тимҳои «Авитсенна», «Шарқшиносон» ва «Онлайн» ғолиби ин мавсими «Интеллект-шоу» гардиданд.

Мавсими 2018/19

вироиш

Дар ин фасли лоиҳа 14 даста дар ду гурӯҳ рақобат намуда, дастаҳои «Минӯ», «Озодагон» ва «Онлайн» ғолибони мавсим шуданд. Тартиби ҷойгиршавии дастаҳо пас аз хатми мавсим:

Мақом Номи дастаҳо
1 «Минӯ»
2 «Озодагон» аз ш. Кӯлоб
3 «Онлайн»
4 «Шарқшиносон»
5 «Сомониён»
6 «Заковат»
7 «Идрок»
8 «Аҳорун»
9 «Ирфон»
10 «Сипар»
11 «Ориён»
12 «Авангард»
13 «Эверест»
14 «Иқбол»

Мавсими 2019/20

вироиш

Дар ин фасл тими «Онлайн» сазовори ҷойи аввал шуд. Дастаҳои «Эҳё» ва «Шарқшиносон» мақоми дуюм ва сеюмро касб намуданд.

Мавсими 2020/21

вироиш

Ҷои якум насиби дастаи «Ҳамадон» шуд. Тимҳои «Эҳё» ва «Онлайн» ҷойҳои дуввум ва саввумро дар ин мавсим ишғол намуданд.

Мавсими 2021/22

вироиш

Дар ин мавсим 18 тим ба рӯйхат гирифта шудааст:

Номи дастаҳо Даври аввал Даври дуюм
1 «Изотроп» 2:6
2 «Импулс» 3:6
3 «Матин» 1:6
4 «Меҳвар» 2:6 2:6
5 «Минӯ» 6:4 6:1
6 «Онлайн» 2:6 4:6
7 «Фотон» 3:6
8 «Хирад» 1:6
9 «Шарқшиносон»
10 «Эҳё»
11
12
13
14
15
16
17
18
  1. СУБҲОНИ «СУБҲИ ВАТАН». gazeta.tj. Медиа-холдинг "Чархи Гардун". 17 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2014.
  2. СТУДЕНТЫ РТСУ ТВОРЯТ ИСТОРИЮ. rtsu.tj (22.12.2015). 15 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 феврали 2022.

Видео

вироиш

Пайвандҳо

вироиш