Интихоботи порлумонӣ дар ҶШС Тоҷикистон (1990)
← 1985 1995 → | |||
Интихоботи порлумонӣ дар ҶШС Тоҷикистон, даъвати XII | |||
---|---|---|---|
25 феврал соли 1990 | |||
Явка | 81,1% | ||
Партия | Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон | Номзадҳои мустаъқил | |
Мест получено | |||
Интихоботи даъвати XII (охирин) Шӯрои Олии ҶШС Точикистон 25 феврали соли 1990 барпо гардид. Ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ҷамъ 230 нафар вакил интихоб шуд. Интихобот дар пасманзари ошӯбҳо дар Душанбе ва атрофи он баргузор шуд, ки то рӯзи интихобот нисбатан коҳиш ёфт. Маҳз ҳамин нооромиҳо яке аз шарораҳои аввалини ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки то соли 1997 идома кард .
Аз рӯи натиҷаҳои интихобот аксарияти мутлақи ҷойҳо (96 %) Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (роҳбараш — Қаҳхор Маҳкамов ) — 221. Ба сафҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон якчанд номзадҳои амалан мухолифин дохил шуданд, ки дар натиҷаи рақобати шадид бо дигар коммунистон ва аризаю гирдиҳамойиҳои сершумори интихобкунандагон ба порлумони ҷумҳурӣ дохил шуданд ва рафти овоздиҳиро таҳти назорат гирифта буданд. Дар натиҷа 9 курсӣ дар Шӯрои Олӣ насиби номзадҳои мустақил гардид, ки ҳамагӣ 4 % овозҳоро гирифтанд. Азбаски он замон дар ҶШС Тоҷикистон танҳо Ҳизби коммунист ҳизби қонунӣ ва расман сабти номшуда буд, дигар ҳизбҳо (масалан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҷунбиши мардумии «Растохез» ), ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд доштанд, ҳуқуқ надоштанд, ки дар интихобот иштирок намоянд, аъзои чунин нерӯҳои сиёсӣ ҳамчун номзади мустаъқил дар интихобот ширкат доштанд [1] [2] .
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт ва то баргузории нахустин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол (соли 1995) фаъолияти худро идома дод.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Nohlen et al., p465
- ↑ Dieter Nohlen, Florian Grotz & Christof Hartmann (2001) Elections in Asia: A data handbook, Volume I, p462 ISBN 0-19-924958-X