Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (1995)
← 1990 Тоҷикистон 2000 → | |||
Интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати I | |||
---|---|---|---|
26 феврал ва 12 март (даври дуюм ) соли 1995 | |||
Явка | 84,0 % (дар даври якум) 64,2 % (дар даври дуюм) | ||
Глава партии | Шодӣ Шабдолов | Абдулмаҷид Достиев | |
Партия | Номзадҳои мустаъқил ва ва ғайриҳизб | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон | Ҳизби халқии Тоҷикистон |
Мест получено | 113 | 60 | 5 |
Голосов | 62,4 % | 33,1 % | 2,7 % |
Глава партии | Абдумалик Абдуллоҷонов | Мухтор Бобоев | Бобохон Маҳмадов |
Партия | Ҳизби Ваҳдати миллӣ ва ризоияти Тоҷикистон | Ҳизби таҷдиди иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон | |
Мест получено | 2 | 1 | 0 |
Голосов | 1,1 % | 0,5 % | 0,2 % |
| |||
Результат выборов | Номзадҳои мустаъқил ва ғайриҳизб аксарият и курсиҳоро соҳиб шуданд. Ба порлумон намояндагони чор ҳизб дар натиҷаи интихобот ворид гардиданд. |
Аввалин интихоботи порлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 26 феврали соли 1995 ва даври дуюми интихобот дар 20 ҳавза аз 181 ҳавза 12 марти ҳамон сол баргузор шуд [1] . Интихобот дар шароити идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар баргузор шуд, ки моҳи майи соли 1992 оғоз шуда, танҳо дар моҳи июни соли 1997 ба поён расид.
Интихоботи Маҷлиси Олии навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон аввалин интихобот буд. Қабл аз он интихоботи ахири Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон моҳи феврали соли 1990 баргузор шуда буд ва ин даъват ҳатто пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон мисли дигар шӯроҳои олии ҷумҳуриявӣ дар дигар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Дарҳол пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ва курсиҳои собиқ вакилони ШО ҶШС Тоҷикистон барои вакилони соли 1990 интихобшуда ҷудо карда шуданд.
Дар интихобот номзадҳо ба 181 курсии порлумони нави ҷумҳурӣ интихоб шуданд. Иштироки интихобкунандагон 84,0 % ташкил дод . Дар натиҷаи интихобот 113 курсиро номзадҳои мустақил соҳиб шуданд. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тавонист 60 курсиро ба даст орад, дар ҳоле ки маркази чапи ба мақомот вафодор Ҳизби Халқии Тоҷикистон, (ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) 5 курсиро ба даст оварда, бори аввал дар таърихи хеш вориди порлумон шуд. . Ҳизби мухолифи мӯътадил Ваҳдати миллӣ ва ризоияти Тоҷикистон ва Ҳизби таҷдиди иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон дар порлумони нав мутаносибан ду ва як курсӣ дарёфт карданд ва низ нахустин бор дар таърихи хеш вориди порлумон шуданд [2] . Ба намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҷунбиши мардумии " Растохез" ва Ҷунбиши Лаъли Бадахшон иҷозаи ширкат дар интихоботро надоданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Nohlen D., Grotz F., Hartmann C. Elections in Asia and the Pacific: A Data Handbook: Volume 1: Middle East, Central Asia, and South Asia (Elections in Asia and the Pacific Vol. 1). — Oxford: Oxford University Press, 2001. — С. 462—465. — 776 с. — ISBN 0-19-924958-X.
- ↑ Dieter Nohlen, Florian Grotz & Christof Hartmann (2001) Elections in Asia: A data handbook, Volume I, p462 ISBN 0-19-924958-X